Formula novemver 2024
Чаро Парвина Шукруллоева аз саҳнаи ғайб зад?
10.07.2022
НОДИРА
1444

 

 Ман яке аз мухлисони сарояндаи паричеҳраву хушсадо Парвина Шукруллоева ҳастам. Парвина охири солҳои 90-ум, ҳангоми 13-14 сола буданаш бо як суруду клипи зебову ҷаззобаш ба дили хурду калон роҳ ёфта буд. Аз ҳамон солҳо фаъолияти эҷодии Парвинаро пайгирӣ намуда, хеле дӯсташ медорам. Маро як чиз бисёр мутаассир месозад, ки чанд сол аст, Парвинаи зебои мо дигар дар саҳна нест. Ӯ дар қатори дигар сарояндагони ҷавону боистеъдодамон яку якбора аз дунёи ҳунар дур шуд. Донистан мехоҳам, ки Парвинаи маҳбуби дилҳо куҷо шуд?

Мавзуна, ш. Хӯҷанд

Посух

Дар ҳақиқат Парвина Шукруллоева дар давоми фаъолияти якчандсолаи худ дар риштаи овозхонии эстрадии поп бисёр сурудҳои дилчаспу ба ҳама писандро пешкаши мухлисону ҳаводорони эстрадаи тоҷик намуд. Аз ҷумла таронаҳои "Доим садо мекунӣ", "Бачаи деҳотӣ", "Арӯсӣ", "Ишқи беҳамто" ва "Ё раб" маъруфтарин мебошанд. Парвина қариб ду даҳсола бо садои форамаш дар консерту чорабиниҳои сатҳи баланд ҳунарнамоӣ мекард. Мутаассифона, чанд сол аст, ки фаъолияташ дар ҷодаи ҳунар суст шудааст. Имрӯз мухлисони сершумори эстрадаи тоҷик аз Парвинабону таронаҳои тару тозаро интизоранд. Умедворем, ки рӯзҳои наздик ин бонуи ҳунар бо садои фораму сурудҳои наву ҷаззобаш хотири мухлисони худро шод мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД