sebiston july new
ЧАРО ҲОҶАРА БО ШАВҲАРИ МАЪЮБАШ ГУРЕЗА ШУД?
3149

Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар,

Ғарибонро накӯ дору маёзор.

Камоли Хуҷандӣ

Дар чашмони маҳзуни ин зани гандумгун дарди ҷонсӯзе ниҳон аст. Дарди ҳиҷрони падару модар, фироқи хоҳару бародар, алами сӯзони дурӣ аз Ватан, аммо Ҳоҷара бинти Исмоил кӯшиш мекунад оташи фурӯзони қалбашро зери табассуми малеҳ пинҳон созад. Тақдир бо ин зани афғон бозиҳои зиёде намуда, Ҳоҷараро дар кӯрраи пуроташи зиндагӣ он қадар гудохту гудохт, ки агар оҳан мебуд, шояд кайҳо об мешуд, аммо ин ҳама шикастҳо натавонистанд иродаи қавии ин занро зери по кунанд ...

Ҷанг моро хонабардӯш кард

Мо бо Ҳоҷара бинти Исмоил дар шаҳри Ваҳдат, дар идораи бахши минтақавии Ташкилоти “Кӯдакон, гурезагон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” - и Созмони Миллали Муттаҳид ошно шудем. Вақте чӣ тавр ба Тоҷикистон афтоданашро пурсон гаштем, ин зани афғон оҳи сард аз дили пурдард кашиду ба қиссаи рӯзгори талхаш шуруӯъ кард:

- Ҷанг! Ҷанги хонумонсӯзе, ки беш аз 40 сол боз дар сарзамини афғон аланга мезанад ва касе натавонист оташи сӯзони онро хомӯш созад, мисли ҳазорон - ҳазор оилаҳои дигари афғон хонаводаи моро низ хонабардӯш кард. Қаблан бо фомилам (аҳли оила) дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон умр ба сар мебурдам. Шавҳарам одами низомӣ набуд ва бо ҷангиён сари кор надошт. Як вазифаи оддии мулкӣ дошт, аммо “Толибон” қасди ҷонашро намуданд ва ӯро парронданд. Ҳамин тавр, шавҳарам аз пойи равон маҳрум шуда, маъюб гашт ва рӯзу рӯзгори мо мисли шоми ғарибон сиёҳ шуд ...

Пас аз ин фоҷиаи талх ду соли дароз Ҳоҷара дар ба дари беморхонаҳо гашта, ба дарди шавҳараш дармон меҷӯст, аммо аз ин такудавҳо ягон мурод ҳосил нашуд. Аз миён поёни ҳамсараш аз кор монда буд ва ҳеҷ табибе натавонист ӯро дубора ба по хезонад. “Болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, “Толибон” дасташонро аз сари ин оила бар намедоштанд.

Таҳдидҳои пай дар пайи афроди номаълум, ки қасди куштани шавҳари маъюбашро доштанд, ин зани афғонро маҷбур намуданд, ки тарки хонаву сарзамини аҷдодӣ намуда, гуреза шавад.

Бекорӣ - мушкилоти №1 - и гурезаҳо

Шавҳари Ҳоҷара муҳандис буда, яке аз донишгоҳҳои бонуфузи шаҳри Волгогради Русияро хатм намудааст. Ин ҷавонмарди афғон аз ҳамон даврони ҷавонӣ ба одамони Шӯравӣ, махсусан ба тоҷикон меҳру муҳаббати зиёд дошт. Аз ҳамин сабаб, онҳо ба Тоҷикистон паноҳ оварданд.

- Мо аз соли 2013 дар ин ҷо зиндагӣ мекунем. Тоҷикистон бисёр кишвари зебо ва амну осуда аст. Мардумаш низ меҳрубонанд. Ягона мушкиле, ки мо дар ин ҷо дорем, пайдо карда натавонистани ҷойи кор аст. Ҳамагӣ як фарзанд дорам. Духтарам мактабро дар шаҳри Ваҳдат хатм намуд ва бо кӯмаки Созмони Миллали Муттаҳид ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шуд. Муддати ду сол мешавад, ки духтарам соҳибтахассус ва ҳуқуқшиноси касбӣ аст, аммо бо вуҷуди оне, ки дари чандин идораҳоро кӯфта бошад ҳам, аз рӯйи ихтисосаш кор наёфт. Маҷбур шуд, ки бо дипломи ҳуқуқшиносӣ бо корҳои сиёҳ машғул шавад. Аз ночорӣ ба фурӯшандагӣ рӯ овард. Шавҳарам - маъюб, духтарам даромади кироӣ надорад, маҷбурам, ки аробаи зиндагиро ба танҳоӣ кашам, - мегӯяд Ҳоҷара.

Ҳунар аз мулку мероси падар беҳ

Ҳоҷара бо духтару шавҳари маъюбаш иҷоранишин аст. Солҳои аввал ӯ дар як нуқтаи пирожкифурӯшӣ кор карда, бо ҳамин роҳ зиндагии худ ва аҳли оилаашро пеш мебурд. Пирожкиҳои авғонии Ҳоҷара хеле хушмазза буда, муштариёни зиёд доштанд. Корфармо аз ӯ розӣ буд ва барояш ҳаққи заҳмати хуб медод, аммо баъдан афроде пайдо шуданд, ки “ту гурезаро ба кор гирифтӣ” - гӯён, ба сари соҳибкор фишор оварданд ва ӯ маҷбур шуд, ки аз баҳри ин коргари хуб барояд.

Баъди ин Ҳоҷара аз ягона манбаи даромадаш маҳрум гашт, аммо чун азму иродаи қавӣ дошт, дилшикаста нагашта, аз пайи ҷустуҷӯи роҳи дигари пеш бурдани зиндагӣ шуда, ба муҳрабофӣ сар кард. Соли 2015 Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид ва Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” аризаи Ҳоҷара бинти Муҳаммад Исмоилро барои ҷудо кардани “гранти хурд” барои оғози фаъолияти корӣ дастгирӣ намуд.

Минбаъд аз ҷониби ин Ташкилот дарахтчаҳои аз мӯҳраҳои рангоранг бофтаи Ҳоҷара таблиғ карда мешуданд. Маҳсули дастони ин зани гуреза ҳатто дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба намоиш гузошта шуд. Бо шарофати ҳамин дастгириҳо ҳунари Ҳоҷара на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Аврупо низ харидорони худро пайдо кард ва зиндагии ин оила ранги дигар гирифт. Акнун шавҳари маъюбаш низ дар кори муҳрабофӣ ва сохтани сабадчаҳо барои дарахтакони ороишии аз муҳра бофташуда ба Ҳоҷара ёрӣ мерасонд.

Бо мақсади дастгирии ин оилаи гурезаи афғон аз ҷониби Раёсати Созмони Миллали Мутаҳҳид ва Ташкилоти ҷамъиятии “Кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” духтари Ҳоҷара баъди хатми донишгоҳ ба меҳмонхонаи “Хатлон” ба курси 4 - моҳаи “Омӯзиши меҳмондорӣ” (Гостиничное дело) равон карда шуд, аммо ӯ таҳсилро то охир нарасонида, дар бозори “Корвон” дар як мағозаи фурӯши маҳсулоти дасти дуюм (Секонд - Ҳенд) ба сифати ёрдамчии фурӯшанда ба кор даромад.

Ҳоҷара, ки табиатан бо нангу номус ва меҳнатқарин аст, бар замми муҳрабофӣ, ҳамчунин дар хона ҳар гуна шириниҳои лазиз пухта, бо ҳамин роҳ ризқу рӯзии аҳли хонадонашро таъмин менамояд ва барои шавҳари маризаш доруву дармон мехарад.

Миннатдории Ҳоҷара аз табибони тоҷик

- Шавҳарам бар замми маъюб буданаш боз касалии қанд ҳам дорад. Чанде қабл қандаш якбора ниҳоят баланд шуд ва ба кома афтид. Нигарон будам, ки ҳолаш чӣ мешуда бошад. Хушбахтона, табибони тоҷик ба савганди Буқрот устувор буданашонро собит намуданд ва ба таври ройгон шавҳарамро табобат карданд, - мегӯяд Ҳоҷара.

Ҳамсари Ҳоҷара муддати ду ҳафта дар ҳолати кома буд ва зан аслан ба зинда мондани ӯ умед надошт, вале табибони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дар набарди маргу зиндагӣ ғолиб омада, маризро аз ин ҳолат бароварданд.

Як рӯз қабл аз сӯҳбати мо бо Ҳоҷара шавҳараш аз бемористон мураххас гашт. Ин зани гурезаи афғон баъди шифои шавҳар аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид.

Ҳоҷара аз табибони ҳозиқ ва меҳрубони Бемористони марказии шаҳри Ваҳдат миннатдор аст ва мегӯяд “духтурҳои тоҷик дар донишу малакаи касбӣ аз ҳамтоёни хориҷиашон камӣ надоранд”.

Пандемия ва гурезаҳо

Вақте сухан аз вабои нав - каронавирус рафт, ин зани гурезаи афғон сар ҷунбонда, гуфт:

- Дар ҳақиқат барои мо пандемия як санҷиши бузург ва ҷиддӣ гашт. Мисли дигар кишварҳо дар Тоҷикистон низ иддаи зиёди корхонаҳо аз кор монданд ва муддати се моҳ мо натавонистем аз хона бароем. Ин маризӣ, махсусан барои афроде, ки гирифтори бемории қанд ҳастанд, хеле хатарнок аст. Аз ҳамин хотир, ман бисёр эҳтиёт мекардам, ки шавҳари маъюбам аз каронавирус сироят наёбад. Бидуни зарурат аз хона хориҷ намешудам ва ба духтарам ҳам иҷозат намедодам, ки ба кӯча барояд.

Кунҷковона пурсидам:

- Ҳоҷара, қаблан гуфтед, ки ягона ноновари хонадон ҳастед. Вақте шумо ҳам хонашин шудед, зиндагиатон аз кадом ҳисоб пеш мерафт? Аз лиҳози хурду хӯрок танқисӣ намекашидед?

- Дар давраи пандемия ташкилотҳои хориҷӣ мо-гурезагонро дастгирӣ намуданд. Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид ва Ташкилоти “Кӯдакон, гурезаҳо ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд” ба мо дасти ёрӣ дароз намуда, ҳар моҳ орд, равған, шакар, макарон ва дигар анвои хӯрока медоданд.

- Маводҳои антисептикиро чӣ гуна дастрас мекардед?

- Дафтари Созмони Миллали Муттаҳид моро бо маводҳои шустушӯӣ ва ниқобу антисептик низ таъмин менамуд. Ҳамчунин, бароямон як миқдор маблағ низ доданд. Чандон пули калон набошад ҳам, дар давраи хеле ҳассоси пандемия барои мо - гурезаҳо ин кӯмаки сареъ буд, - бо миннатдорӣ мегӯяд ин зани афғон.

Миллат не, муҳаббат муҳим аст

Ҳоҷара бинти Исмоил мегӯяд, хеле шод аст, ки дар Тоҷикистон барин кишвари амну осуда умр ба сар мебарад. Ин зани ғариб бо ҳамсояҳои тоҷикаш муносибати гарму самимӣ дорад.

- Тоҷикон мардуми миллатчӣ нестанд. Муддати 13 сол мешавад, ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда истодаем, вале то ҳол ягон бор ҳамсояҳо “шумо афғон ҳастед” гуфта, диламро озор надодаанд. Муносибатамон дӯстона аст, мисли хешу табори наздик ба ҳамдигар қарин гаштаем. Занҳои ҳамсоя ба ягон ҷо меҳмонӣ рафтанӣ шаванд ё тӯю маърака дошта бошанд, орду равған ва дигар масолеҳи заруриро меоранду ман барояшон ҳар хел кейку (торт) шириниҳо пухта медиҳам. Зиндагии худ ва духтару шавҳари маъюбамро аз ҳисоби ҳамон 20 - 30 сомоние, ки ҳамчун дастмузд бар ивази пухтупазам медиҳанд, пеш мебарам, - мегӯяд Ҳоҷара.

Орзуи Ҳоҷара

Ҳоҷара дар хонаи одамони сарватманд хизматгорӣ мекунад ва бар ивази меҳнаташ ба ӯ маблағи ночизе медиҳанд, вале ин зани сарфакор ҳаққи заҳматашро тин ба тин ҷамъ карда, аз ҳамин ҳисоб пули иҷорахонаро пардохт менамояду барои ҳамсари бемораш доруву дармон мехарад ва хӯрокворӣ харида, кӯшиш мекунад, ки бо қувваи худаш зиндагиашро пеш барад. Гоҳҳо чунин мешавад, ки ҳафтаҳо касе барои иҷрои кору бори хонааш ӯро киро намекунад. Дар чунин рӯзҳо аҳли оила азият мекашанд, зеро дар ин ҷо онҳо ягон хешу табори наздик надоранд. Ҳоҷара бисёр зани бо ору номус асту шарм медорад, ки дасти тамаъ ба сӯйи дигарон дароз намояд ё аз ҳамсояҳо чизе қарз бигирад.

- Ман дар дил фақат як орзу дорам. Мехоҳам ягон ҷойи кори доимӣ пайдо кунам. Дӯст дорам, ки мисли дигарон субҳ ба кор рафта, шом ба хона баргардам ва дилпур бошам, ки охири моҳ ҳатман музди меҳнатамро гирифта, барои аҳли хонадонам хӯроку пӯшок мехарам. Намехоҳам муҳтоҷу мунтазири дигарон бошам. Мехоҳам бо меҳнати ҳалол зиндагиамро пеш барам, - мегӯяд ин зани гурезаи афғон ва меафзояд, ки дар сурати пайдо накардани кор маҷбур мешавад ҳамроҳи шавҳари мариз ва духтараш ба кишвари сеюм сафар намояд.

Умедворем, ки ниҳодҳои марбута ба Ҳоҷара бинти Исмоил ва дигар афроди гуреза, ки аз тарси ҷон ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд, дасти ёрӣ дароз намуда, мушкилоти гурезагонро ҳал хоҳанд кард ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД