Салом! Ман нзигул, як зани бадбахт, ки 10 соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ намудааст, мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса карда, каме ҳам бошад, ғубори диламр барорам.
Келини хола
Дар оилаамон чор духтар ва як писар будем, падару модарам бо нони ҳалоли боғдорӣ моро ба воя расониданд. Мо шабу рӯз ҳамроҳи волидайнам заҳмат мекашидем ва зиндагии хуб доштем, се моҳи тобистон ба боғ мекӯчидем ва меҳнати сангине ба дӯш доштем. Сарпастиву меҳнатдӯстиямон буд, ки апаҳоямро ҳақу ҳамсоя талош карда, келин гирифтанд, ману додарам ҳамроҳи волидон мондем. Ман духтари хурдии хонавода будаму модарам мехост келини холаам шавам. Холаам маъюби модарзод буду як тарафи баданаш суст кор мекард. Дар вақташ бобою бибии модариям ӯро ба як сағираи бесоҳибе дода, ӯро хонадомод мекунанд. Ин ҷавон ҳангоми ҳезум овардан аз кӯҳ ҷар шуда, ҳалок мешавад ва холаам дигар шавҳар накарда, писарашро калон мекунад. Холаам бемор бошад ҳам, хеле зиккаю тозакор буд, бо ҳамон дасту пойи маъюб бисёр ҳунарманду қобил буд, онҳо ду нафар буданд, холааму модари ман. Баъди фавти волидонаш, ду нафар ба ҳам зиёдтар меҳрубон мешаванд. Холаам дар аввали қишлоқ зиндагӣ мекард, писараш Бекмурод ҷавонмарди қоматбаланди зебо ва эрка буд, баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, онро хатм карду дар коммисарияти ҳарбии ноҳия ба кор даромад. Духтарони зиёде мехостанд зани Бекмурод бошанд, аммо холаам маро келин кард….
Ёри нохоста
Зиндагиям дар хонаи холаам ширин оғоз наёфт, зеро Бекмурод аз рӯзи аввал гуфт:
-Нозигул, ман туро ба хотири канда нашудани хешутабории холааму модарам гирифтам, вагарна духтари дигарро дӯст медоштам. Ту қадаматро дониста мон, хизмати холаатро карда гард ва ба ман корат набошад!
Ман дар ҳусну малоҳат ва ҳунармандӣ аз писархолаи мағрурам камӣ надоштам ва ба ӯ гуфтам, ки агар каси дигарро дӯст медошт, чаро маро ба занӣ гирифт?! Ва аввалин шаппотиро рӯзи сеюми тӯям дар бари рӯям хӯрдам. Ба касе чизе нагуфтам ва шавҳарам аз ин шерак шуда, маро мудом зери мушту лагат мегирифт. Холаам ӯро насиҳат мекард, вале ӯ ба сари модараш ҳам девонавор дод зада, хонаро ба сараш мебардошт. Дар батнам кӯдак пайдо шуду ранҷуру бемор шудам, як шаб Бекмурод маст омаду бе саволу ҷавоб маро зери шатта кашид. Холаам омада, моро халос карду аз писараш чанд мушт ҳам хӯрд. Бекмурод бо овози баланд фарёд мезад, “ту аҷузкампир намондӣ, ки ман дӯстдоштаи худамро гирам, акнун ӯ шавҳар кард. Азизи ман зани ким кадом чӯпони бадбӯй шуда, ба кӯҳистон рафт…” Пас аз як моҳи ин воқеа Бекмурод ба Русия рафт, аммо ба ману модараш ҳатто як тини пучак намефиристод…
Модаркуш
Тифли батнам бемор ба дунё омад, як пояш аз пойи дигараш кӯтоҳ буд. Рӯзи ман дар ба дари духтур мегузашт, писаракам рӯз аз рӯз калонакак мешуд, вале табобату маҳсҳо фоидае набахшиданд, ӯ мелангид. Хушдоманам кору бори хонаро мекарду Назарҷонро нигоҳубин менамуд, ман бошам, боғро сару бар мекардам ва аз ҳисоби фурӯши меваҳо рӯз мегузарондем. Дар ин миён падарам аз дунё гузашт, додару апаҳоям зиндагии хуб доштанд ва ба ман ёрияшон мерасид. Писаркам шашсола шуд, ки падараш аз Русия омад, Назарҷон камтар мелангид, аммо бачаяки доно, хушгап ва ёрирасони ману бибияш буд. Аммо падараш ӯро дидан замон гуфт: «Зоидагият, ҳамин ланг мӣ?!” Бекмурод бо писарам умуман гап намезад, кораш нӯшидан буд. Як ду суми аз Русия овардааш ба охир расиданду акнун маро маҷбур мекард, ки барои майнӯшияш маблағ пайдо кунам. Як шаб сари ҳамин пули сабилмонда ҷанҷол шуду ӯ мисли ҳарвақта маро зери по карда, задан гирифт, Назарҷон, ки бо бибияш мехобид, давида омад, хушдомани бечораам низ пойи дармандашро кашида омад. Бекмурод Назарро мисли тӯбе ба як гӯшаи хона ҳаво дод, аз бинии писарам хун фаввора зад. Хушдоманам инро дида, “ай беимон, бачаамро куштӣ” гуфту мисли латакӯҳна афтид…
Фируза редактор тсел, [27.01.2022 15:49]
Холаам ба худ наомада, баъди се рӯз дунёро падруд гуфт ва мо сари кафида зери тоқӣ гӯён, пеши касе лаб во накардем, ки чӣ шуд. Маъракаҳои хушдоманамро додему Бекмурод боз роҳ пеш гирифт сӯйи Русия ва ману писаракам нафаси осуда кашидем. Гоҳ-гоҳе пул мефиристонд шавҳарам, вале боз мисли пешин бас кард. Ман аз ӯ ҳеҷ чиз намехостам, як мурод доштам, ки дар ҳамон Русия ягон касро ёфта гирад, дигар безор будам аз худашаму аз пулҳояш ҳам, мехостам дигар рӯйи ҳамин майхораи модаркушро набинам, аммо…
Қотил
Ҳамроҳи писарам меҳнат мекардам, на хӯрдему на пӯшидем, пул ғундоштаю хонаву дари кӯҳнаро афтонда, чор дар хонаи нав сохтем. Кам кам ҷиҳози замонавӣ харидем, писаракам дар синфи панҷум мехонд, ки Бекмурод багашт. Ва боз сар шуд ҳоли зори мо, акнун ӯро масту аласт бо либосҳои ифлосу чиркинаш рафта, аз кӯчаю тангкӯча меовардем. Писарам аз ҳамсинфонаш шарм медошт, боре инро ба падараш гуфту ин беимон ӯро чап гирифт. Акнун арақ нӯшида, фақат ба писарам мечаспид, як шоми боронии баҳорон очаю бача хастаю лакот аз сари замин ба хона омада, зери дегдонча оташ афрӯхтему картошка бирён карданӣ будем, ки балои Худо маст омад. Ӯ омадан замон давида, ба сари бачаҳакама рафта, ӯро бӯғи карду бо овози баланд:
-Ҳолӣ ту чулоқ аз ман шарм медорӣ а, ҳа очата, ҳа бибита,- гӯён ҳақорат кадан гирифт, ҳар қадар хостам ӯро ҷудо кунам, натавонистам, намедонистам чӣ кор кунам, ҳамин дам чашмам ба каланд афтод, ки дар байни дуқушагии дарахти зардолу овезон буд, онро бардоштаму дигар ёд надорам….
Чун ба худ омадам, ҷасади пурхуни шавҳарам болои писари беҳушу беёдам парӯ аст. Ҳарчанд, ки шоҳидони ҳол, ҳаққу ҳамсоя маро пуштибонӣ карданд, вале суд маро айбдор дониста, ба муҳлати шонздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо ман нӯҳ сол зиндонӣ будам, зеро тари Фируза редактор тсел, [27.01.2022 15:49]
Чаро Нозигул шавҳарашро кушт?
Салом! Ман нзигул, як зани бадбахт, ки 10 соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ намудааст, мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса карда, каме ҳам бшад, ғубори диламр барорам.
Келини хола
Дар оилаамон чор духтар ва як писар будем, падару модарам бо нони ҳалоли боғдорӣ моро ба воя расониданд. Мо шабу рӯз ҳамроҳи волидайнам заҳмат мекашидем ва зиндагии хуб доштем, се моҳи тобистон ба боғ мекӯчидем ва меҳнати сангине ба дӯш доштем. Сарпастиву меҳнатдӯстиямон буд, ки апаҳоямро ҳақу ҳамсоя талош карда, келин гирифтанд, ману додарам ҳамроҳи волидон мондем. Ман духтари хурдии хонавода будаму модарам мехост келини холаам шавам. Холаам маъюби модарзод буду як тарафи баданаш суст кор мекард. Дар вақташ бобою бибии модариям ӯро ба як сағираи бесоҳибе дода, ӯро хонадомод мекунанд. Ин ҷавон ҳангоми ҳезум овардан аз кӯҳ ҷар шуда, ҳалок мешавад ва холаам дигар шавҳар накарда, писарашро калон мекунад. Холаам бемор бошад ҳам, хеле зиккаю тозакор буд, бо ҳамон дасту пойи маъюб бисёр ҳунарманду қобил буд, онҳо ду нафар буданд, холааму модари ман. Баъди фавти волидонаш, ду нафар ба ҳам зиёдтар меҳрубон мешаванд. Холаам дар аввали қишлоқ зиндагӣ мекард, писараш Бекмурод ҷавонмарди қоматбаланди зебо ва эрка буд, баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, онро хатм карду дар коммисарияти ҳарбии ноҳия ба кор даромад. Духтарони зиёде мехостанд зани Бекмурод бошанд, аммо холаам маро келин кард….
Ёри нохоста
Зиндагиям дар хонаи холаам ширин оғоз наёфт, зеро Бекмурод аз рӯзи аввал гуфт:
-Нозигул, ман туро ба хотири канда нашудани хешутабории холааму модарам гирифтам, вагарна духтари дигарро дӯст медоштам. Ту қадаматро дониста мон, хизмати холаатро карда гард ва ба ман корат набошад!
Ман дар ҳусну малоҳат ва ҳунармандӣ аз писархолаи мағрурам камӣ надоштам ва ба ӯ гуфтам, ки агар каси дигарро дӯст медошт, чаро маро ба занӣ гирифт?! Ва аввалин шаппотиро рӯзи сеюми тӯям дар бари рӯям хӯрдам. Ба касе чизе нагуфтам ва шавҳарам аз ин шерак шуда, маро мудом зери мушту лагат мегирифт. Холаам ӯро насиҳат мекард, вале ӯ ба сари модараш ҳам девонавор дод зада, хонаро ба сараш мебардошт. Дар батнам кӯдак пайдо шуду ранҷуру бемор шудам, як шаб Бекмурод маст омаду бе саволу ҷавоб маро зери шатта кашид. Холаам омада, моро халос карду аз писараш чанд мушт ҳам хӯрд. Бекмурод бо овози баланд фарёд мезад, “ту аҷузкампир намондӣ, ки ман дӯстдоштаи худамро гирам, акнун ӯ шавҳар кард. Азизи ман зани ким кадом чӯпони бадбӯй шуда, ба кӯҳистон рафт…” Пас аз як моҳи ин воқеа Бекмурод ба Русия рафт, аммо ба ману модараш ҳатто як тини пучак намефиристод…
Модаркуш
Тифли батнам бемор ба дунё омад, як пояш аз пойи дигараш кӯтоҳ буд. Рӯзи ман дар ба дари духтур мегузашт, писаракам рӯз аз рӯз калонакак мешуд, вале табобату маҳсҳо фоидае набахшиданд, ӯ мелангид. Хушдоманам кору бори хонаро мекарду Назарҷонро нигоҳубин менамуд, ман бошам, боғро сару бар мекардам ва аз ҳисоби фурӯши меваҳо рӯз мегузарондем. Дар ин миён падарам аз дунё гузашт, додару апаҳоям зиндагии хуб доштанд ва ба ман ёрияшон мерасид. Писаркам шашсола шуд, ки падараш аз Русия омад, Назарҷон камтар мелангид, аммо бачаяки доно, хушгап ва ёрирасони ману бибияш буд. Аммо падараш ӯро дидан замон гуфт: «Зоидагият, ҳамин ланг мӣ?!” Бекмурод бо писарам умуман гап намезад, кораш нӯшидан буд. Як ду суми аз Русия овардааш ба охир расиданду акнун маро маҷбур мекард, ки барои майнӯшияш маблағ пайдо кунам. Як шаб сари ҳамин пули сабилмонда ҷанҷол шуду ӯ мисли ҳарвақта маро зери по карда, задан гирифт, Назарҷон, ки бо бибияш мехобид, давида омад, хушдомани бечораам низ пойи дармандашро кашида омад. Бекмурод Назарро мисли тӯбе ба як гӯшаи хона ҳаво дод, аз бинии писарам хун фаввора зад. Хушдоманам инро дида, “ай беимон, бачаамро куштӣ” гуфту мисли латакӯҳна афтид…
Холаам ба худ наомада, баъди се рӯз дунёро падруд гуфт ва мо сари кафида зери тоқӣ гӯён, пеши касе лаб во накардем, ки чӣ шуд. Маъракаҳои хушдоманамро додему Бекмурод боз роҳ пеш гирифт сӯйи Русия ва ману писаракам нафаси осуда кашидем. Гоҳ-гоҳе пул мефиристонд шавҳарам, вале боз мисли пешин бас кард. Ман аз ӯ ҳеҷ чиз намехостам, як мурод доштам, ки дар ҳамон Русия ягон касро ёфта гирад, дигар безор будам аз худашаму аз пулҳояш ҳам, мехостам дигар рӯйи ҳамин майхораи модаркушро набинам, аммо…
Қотил
Ҳамроҳи писарам меҳнат мекардам, на хӯрдему на пӯшидем, пул ғундоштаю хонаву дари кӯҳнаро афтонда, чор дар хонаи нав сохтем. Кам кам ҷиҳози замонавӣ харидем, писаракам дар синфи панҷум мехонд, ки Бекмурод багашт. Ва боз сар шуд ҳоли зори мо, акнун ӯро масту аласт бо либосҳои ифлосу чиркинаш рафта, аз кӯчаю тангкӯча меовардем. Писарам аз ҳамсинфонаш шарм медошт, боре инро ба падараш гуфту ин беимон ӯро чап гирифт. Акнун арақ нӯшида, фақат ба писарам мечаспид, як шоми боронии баҳорон очаю бача хастаю лакот аз сари замин ба хона омада, зери дегдонча оташ афрӯхтему картошка бирён карданӣ будем, ки балои Худо маст омад. Ӯ омадан замон давида, ба сари бачаҳакама рафта, ӯро бӯғи карду бо овози баланд:
-Ҳолӣ ту чулоқ аз ман шарм медорӣ а, ҳа очата, ҳа бибита,- гӯён ҳақорат кадан гирифт, ҳар қадар хостам ӯро ҷудо кунам, натавонистам, намедонистам чӣ кор кунам, ҳамин дам чашмам ба каланд афтод, ки дар байни дуқушагии дарахти зардолу овезон буд, онро бардоштаму дигар ёд надорам….
Чун ба худ омадам, ҷасади пурхуни шавҳарам болои писари беҳушу беёдам парӯ аст. Ҳарчанд, ки шоҳидони ҳол, ҳаққу ҳамсоя маро пуштибонӣ карданд, вале суд маро айбдор дониста, ба муҳлати шонздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо ман нӯҳ сол зиндонӣ будам, зеро тариқи қонуни авф ба озодӣ баромадам. Ҳоло дар хонаву дарам қарор дорам, писарамро додарам ба духтари худаш хонадор кардаасту хонаву дарам обод аст. Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, вале дилам барои тақдири пастам месӯзад. Мақсадам аз навиштани ин нома сафед кардани худам нест, ман мехоҳам дигарон барои хотири хешовандӣ шуда, ҳаёти фарзандони худро насӯзанд. Агар модару холаи ман манфиати худро аз манфиати фарзандон боло намегузоштанд, шояд ману Бекмурод дар алоҳидагӣ хушбахт мешудем.
Нозигул
Таснифи Дилошӯб