Мутаассифона, бо рафтани синну сол мӯйҳои мо низ дучори тағйирот мегарданд. Ҳар як ҳуҷайраи ҷисми мо пир мешавад ва ин раванд ба ҳолати мӯйҳо низ таъсир мерасонад. Бо рафтани синну сол қабати болоии мӯй тунук шуда, ҷилояш гум мешавад. Афзоиши мӯй суст гашта, он беҷону зудшикан мегардад.
Шампун сабабгори пайдоиши сабӯсаки сар мегардад?
Шампуни бесифат сабабгори пайдоиши сабусак ва пӯстпарто гаштани пӯсти сар мегардад. Аз ин рӯ, барои нигоҳубини мӯй шампунҳои босифатро истифода бурдан лозим аст.
Мӯйро чӣ хел дароз кардан мумкин аст?
Барои афзоиш ёфтани мӯй ирсият низ нақш мебозад. Агар мӯйи шумо ҳеҷ гоҳ аз китфонатон дарозтар нашуда бошанд, ягон малҳаму шампун ё доруворӣ ин омилро тағйир дода наметавонад. Ҳамзамон норасоии сафеда дар таркиби хӯрок низ метавонад боиси беҷоншавӣ ва заиф гаштани мӯйҳо гардад. Витамину моддаҳои заруриро тавассути хӯрок аз худ кардан лозим аст. Вале агар модару бибии шумо кокули дароз надошта бошанд, мӯйи шумо низ ҳеҷ гоҳ дароз нахоҳад шуд.