Arzon march 2024
Чаро мукофотпулии Чоршанберо надоданд?
3273


Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик ва ғолиби озмуни истеъдодҳо «Central Asia's Got Talent-2019» дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, маблағи ба сифати мукофот дар озмун соҳибшудаашро то ҳол нагирифтааст. Аловатов ин нуқтаро дар барномаи интернетии «Iron King» қайд карда, афзуд, ки то ҳол интизор аст. «Дар шартнома мӯҳлати пардохти маблағро 90 рӯз, яъне се моҳ муқаррар кардаанд. То имрӯз ин маблағ ба дасти ман нарасидааст. Мо муроҷиат кардем, вале онҳо гуфтанд, ки рӯйи ин масъала кор карда истодаанд. Ба ҷиддияти кор боварӣ дорам. Агар онҳо ҷиддӣ набошанд, баъд намедонам чӣ кор мекунам. Ҳоло бошад, интизорам»,-қайд кардааст, овозхон. Ба гуфтаи Аловатов, баъди ғолиб омадан дар озмуни «Central Asia's Got Talent» нархи хизматрасонии ӯ дар тӯю маъракаҳо 50 дарсад боло рафтааст. Ҳамчунин, овозхон дар мавриди ғолиб омаданаш қайд кард, ки интихоби суруд ба ӯ имкон дод, ки пирӯз шавад. «Суруде лозим буд, ки касбӣ ва дорои нотаҳои баланд бошад. Суруди «Турки Шерозӣ»-и Далер Назаров ин сифатҳоро дар худ дошт. Мехоҳам, ки бо Далер Назаров аз наздик вохӯрда, ба он кас изҳори миннатдорӣ кунам». Чоршанбе бо интихоби шеъру оҳанги ба дил наздик тавонист, ки миёни 12 иштирокчии даври ниҳоии озмун ғолибият ба даст орад. Суруди дар даври ниҳоӣ иҷро кардаашро оҳангсоз ва бастакор Фарҳод Зикиров танзиму банду баст карда, барояш тарроҳ Умед Нигматов аз матои адрас костюм омода карда буд. Дар зимн, овозхон дар мавриди номаш гуфт, ки ӯро ба хотири бобои модарияш Чоршанбе ном кардаанд. Чоршанбе Аловатов моҳи декабри соли гузашта ғолиби асосӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Central Asia's Got Talent» гардида, қарор аст, 10 миллион тангаи қазоқӣ баробар ба 26 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотпулӣ бигирад. Ӯ азм дорад, ки қисме аз ин маблағро хайр карда, боқимондаашро барои пешравии касбаш сарф кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД