Занҳоро ҳамеша як суол азият медиҳад: Чаро мардҳо ба ҳамсарашон хиёнат карда, духтарбозӣ мекунанд ва аз паси занҳои бегона медаванд? Ба ин савол ҷавоби аниқ додан бисёр душвор аст, вале мо кӯшиш кардем дар ин мавод баъзе сирру асрори мардонро барои бонувон кушоем.
Марди 20-сола шикорчӣ аст, вале...
Дар ин синну сол мард худаш чӣ хостанашро намедонад. Дилаш навигарӣ мехоҳад, аз ҳамин сабаб кораш рӯзи дароз арӯскобӣ аст. Ҳормонҳо бозӣ мекунанд, фикру хаёл танҳо банди мубошират, барои ҳамин дар айёми ҷавонӣ мардҳо ба духтарони зебо таваҷҷуҳи бештар доранд. Ҷавонмарди бистсола танҳо бо мақсади дилхушӣ бо духтарон шинос мешавад, зеро духтарон дар ин сину сол содаву зудбовар буда, ба ҳарфҳои ширини мардон хеле зуд дода мешаванд. Одатан духтари дилдода орзуи куртаи арӯси пӯшида, дар тахт дар паҳлӯи домоди зебо нишастанро мекунанд, вале ҷавонмард ба ҷуз дилхушӣ дар сар дигар ягон хаёл надорад. Ҷавонони 20- сола ба духтарҳо аз рӯйи зебоияшон баҳо дода, кӯшиш мекунад, ки зеботарини зеборухонро ба чанг орад ва дар назди дӯстонашон фахр кунад. Мабодо ба дасти духтаре афтад, ки дар баробари зебоӣ аз ганҷи ақл ҳам бархӯрдор аст, шояд таноби чунин булҳавасро ба даст гирифта тавонад.
Ду типи мардони 30-сола
Вақте синну соли мард аз 30 мегузарад, занро ҳамчун ҳамсуҳбати хуб ва модари фарзандони ояндааш қабул мекунад. Мубошират дигар дар ҷойи аввал намеистад. Мард натанҳо дар бораи хушҳолии худ, балки дар бораи бонуяш низ андеша меронад.
Мардони 30-сола ду хел мешаванд:
Навъи 1: Дар андешаи ояндаи худ аст. Аз ҷавони беандеша ба марди ҳақиқӣ табдил меёбад. Хоҳиши беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ ва ба даст овардани маблағи хубро дорад.
Навъи 2: Ин тоифаи мардон хоҳиши баркамол шудану барпо намудани оиларо надоранд. Худашон чӣ хостанашонро намедонанд. Аз озодӣ ҳаловат мебаранд.
Чаро баъди 40-солагӣ баъзе мардҳои зандор духтарбоз мешаванд?
Дар ин синну сол мардҳо ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешаванд. Дилашон худ аз худ зиқӣ оварда, муҳити оилавӣ ба ҷонашон мезанад, аз ҳамин сабаб ба ҷустуҷӯи зани дигар меафтанд. Мард дар ин айём занеро ҷӯё мешавад, ки ӯро ба ҳаяҷон орад ва дилаш баробари дидори ӯ бо суръати дучанд ба тапидан дарояд. Аз ҳамин сабаб маҳз дар 40 солагӣ аксари мардон маъшуқа меёбанд.
Марди 50-сола аз зан дӯстӣ мехоҳад
Мардони ба ин синну сол расида танҳо як хоҳиш доранд, зиндагии ороми бе ягон навигарӣ дошта бошанд. Давраи кризис фаро мерасаду якҷоя бо он яъсу ноумедӣ ва эҳсоси ба касе нодаркору нолозим будан мардро руҳафтода месозад.
Хоҳиши мубошират ҳаст, вале саломатӣ имкон намедиҳад, зеро дар ин синну сол аксари мардон ба мушкилоти ҷинсӣ мувоҷеҳ мегарданд. Мард дар симои зани дӯстдоштааш дӯстеро дидан мехоҳад, ки ҳамеша дастгиру мададгораш аст. Дар ин сину сол мард бештар кунҷи танҳоӣ меҷӯяд ва мехоҳад зан сабаби ин рафторашро бе сухан дарк намояд. Аз ин мард сабаби хира будани табъашро пурсон нашавед, вагарна сахт меранҷад.
Марди 55-60-сола чӣ мехоҳад?
Мард омадани пириро баръало эҳсос мекунад, барои ҳамин бо тамоми роҳу восита исбот кардан мехоҳад, ки ҳанӯз имкони чизеро тағйир додан вуҷуд дорад. Баъзеашон барои он ки аз нав худро ҷавону дилкаш эҳсос намоянд, ба ҷустуҷӯйи бонувони ҷавони 30-35-сола мебароянд. Тоифаи дигар ба зани худ сахттар ошиқ мешаванд, хотирашро шод месозанд, ба қадраш бештар мерасидагӣ мешаванд.