Arzon march 2024
Чаро марди солим аз лаззати падарӣ бебаҳра мемонад?
882


Салом! Маърифат ҳастам, сокини 28-солаи маҳаллаи Гулпарвар. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, 7 сол қабл бо ишқу муҳаббат оила барпо намуда будем.

Зиндагиамон хуб аст, вале то ҳол соҳиби фарзанд нагаштаем. Ман бо ҳидояту маслиҳати модар ва хушдоманам борҳо ба табибон муроҷиат намуда, аз ташхис гузаштам ва табобат гирифтам, аммо ягон суд нашуд. Духтурҳо мегӯянд, ки шавҳарат анализҳояшро супорад, шояд азооспермия дошта бошад. Ростӣ, чӣ маънӣ доштани “азооспермия”-ро намедонам, вале чанд боре, ки аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки як бор ба духтур равад, дар ҷавоб танҳо дағалӣ дидам.

Мехоҳам донам, ки ин калима чӣ маънӣ дорад ва чаро бо шунидани ин калима шавҳарам ин қадар асабонӣ мешавад?
Маърифат, хонандаи “Оила”.

Чаро марди солим падар шуда наметавонад?

Азооспермия –вожаи тиббӣ буда, норасоии сперматозоидҳоро дар тухмаи мардона табибон бо чунин истилоҳ ном мебаранд. Аксари мардоне, ки бо ин мушкил рӯ ба рӯ мегарданд, зоҳиран солим ва бардам менамояд, аз нигоҳи ҷинсӣ онҳо ягон иллат надоранд ва ҳаёти маҳрамонаи муқаррарӣ ба сар мебаранд, вале аз чашидани лаззати падарӣ бе баҳра ҳастанд, яъне ҳамсарашон ҳеҷ ҳомиладор намешавад.

“Диагнозе”-, ки мардҳоро метарсонад

Барои фаҳмидани он ки мард чунин иллат дорад ё не, духтурони уролог ва андролог ба мардоне, ки чандин сол боз дар ҳасрати фарзанддор шудан ҳастанд, аз ташхис гузаштанро тавсия медиҳанд, вале аксари мардон аз тарси он ки дар бефарзандии оила гунаҳкор буданашон рӯйи об мебарояд, аз ташхис сарпечӣ мекунанд ё аслан назди духтур намераванд. Дар асл тарси мардон беҳуда аст, чунки ин мушкилро бо кӯмаки дорую дармонҳои зарурӣ ва амалиётҳои махсуси тиббӣ ҳал кардан имконпазир мебошад.

Намудҳои азооспермия

Барои фаҳмидани он ки дар ҳақиқат шавҳари шумо чунин мушкилӣ дорад ё не, бояд ҳатман ба табибони уролог, андролог муроҷиат намояд ва аз ташхис гузарад. Бояд тазаккур дод, ки азооспермия ду навъ мешавад ва намуди аввали он азооспермия бо сабаби норасоии муввақатии сперматозоидҳо мебошад. Сабабҳои асосии норасоии муввақатии сперматозоидҳо дар нутфаи мардона инҳоянд:

1. Асабоният ва стресси сахтро аз сар гузаронидани мард.
2. Мавҷудияти бемориҳои сироятии ҷинсӣ.
3. Давраи барқароршавӣ баъди зуком ва дигар бемориҳои вирусӣ.
4. Таъсири баъзе дорувориҳое, ки мард қабул кардааст.
5. Таъсири бади нӯшокиҳои спиртӣ ва тамокукашӣ.
6. Таъсири героин, бангдона ва дигар маводҳои мухаддир.
7. Зиёд алоқаи ҷинсӣ намудани мард пеш аз ташхис.

Барои ташхиси аниқ чӣ бояд кард?

Аксари мардон баробари дидани натиҷаи ташхис, ки норасоии сперматозоидҳоро нишон додааст, дарҳол ба таҳлука афтида, аз зиндагӣ ноумед мешаванд, ки ин кори нодуруст аст. Барои аниқ кардани қудрат ва имкониятҳои мардонаи худ чанд маротиба аз ташхис гузаштан лозим аст. Қабл аз ташхис 34 рӯз зану шавҳар бояд аз муносибатҳои маҳрамона худдорӣ намоянд. Мард бояд бо риояи тамоми гуфтаҳои табибон барои ташхис маводи биологӣ супорад. Натиҷаи ташхис хушоянд набошад, дарҳол ба таҳлука наафтед. Кӯшиш кунед, ки худро ба даст гирифта, ором шавед ва пас аз ду ҳафта такроран ташхис гузаронед. Боз ҳамон натиҷа ҳосил шавад, минбаъд дар давоми 2-3 моҳ боз чанд маротибаи дигар аз ташхис гузаштанатон лозим меояд. Ташхисҳои такрорӣ ба хотири аниқ муайян кардани имкониятҳои мард гузаронида мешаванд, агар, ин иллат бар асари беморӣ ё зери таъсири ягон дору пайдо шуда бошад, дар бадали 2-3 моҳ ҷисматон аз нав барқарор шуда, шумо шанси падар шуданро боз ба даст меоред.

           Пеш аз ташхис чӣ бояд кард?
Шарти дигари аниқ муайян кардани вазъияти ҳуҷайраҳои мардона ва имконияти падаршавии мард ин дуруст супурдани маводи биологӣ барои ташхис аст. Барои ин шумо бояд:
1. Дар муддати 3-4 шабонарӯз пеш аз ташхис аз муносибати маҳрамона бо ҷуфти хеш худдорӣ намоед, вале на бештар аз 7 рӯз.
2. Пеш аз ташхис муддати 5 шабонарӯз аслан ба даҳон набурдани нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку.
3. Муддати як ҳафта аз рафтан ба ҳаммом ва сауна худдорӣ намудан.
4. Қабул накардни ваннаи гарм ва дар оби гарм нагирифтани пойҳо.
5. Ду-се ҳафта пеш аз ташхис худдорӣ намудан аз қабули антибиотикҳо.

6. 2-3 рӯз пеш аз ташхис худдорӣ кардан аз корҳои вазнини ҷисмонӣ.
7. Худдорӣ каран аз ренген дар қисмати миён қабл аз ташхис.
8. Худдорӣ намудан аз физиотерапия бо нурҳои электромагнитӣ.

Муҳим аст:

Маводи биологиатонро дар ҷое супоред, ки лабораторияи худро дошта бошад, зеро дар сурати дар хона гирифтан ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намудан ва онро дар бадали ним соат бо нигоҳ доштани ҳарорати бадан ба ташхисгоҳ расонидан душвор аст. Ин метавонад ба сифат таъсир расонида, шумораи ҳуҷайраҳои зиндаро камтар нишон диҳад.

Мушкиле нест, ки осон нашавад...

Сарфи назар аз натиҷаи ташхис мард бояд худро ба даст гирифта, навмед нашавад. Азооспермия бо сабаби норасоии муввақатии сперматозоидҳо сар зада бошад, табиб дорую дармони махсус мефармояд ва баъди гирифтани табобат шумо метавонед ба осонӣ соҳиби фарзанд гардед.

Дар сурати мавҷуд будани ягон мушкил дар узвҳои мардона одатан ҷарроҳӣ гузаронида мешавад. Табибон зимни амалиёти ҷарроҳӣ мушкилиро бартараф месозанд ва баъди 6 моҳ ё як сол оила ниҳоят ба орзуи деринаи худ мерасад, яъне зан ҳомила мешавад.

Мардҳое ҳам, ки ба қавле “аслан шанси падар шудан наоранд” набояд рӯҳафтода шаванд, зеро имрӯз илми тиб хеле пеш рафтааст ва шумо метавонед бо ёрии бордорсозии сунъӣ-ЭКО орзуи худро ҷомаи амал пӯшонида, соҳиби фарзанд гардед. Аксари мардон аз он ҳарос доранд, ки зимни ин амалиёт аз тухмаи дигарон истифода мебаранд, вале дар асл чунин нест. Тавре ки табибон мегӯянд, зимни амалиёти ЭКО бо роҳу усулҳои махсус ҳуҷайраҳои зиндаи худи мард гирифта шуда, баъдан дар шароити лабораторӣ бо ҳуҷайраҳои зан-ҳамсараш пайваст карда мешаванд ва ҳамин тавр, оилае, ки солиёни дароз дар орзуи фарзанд буд, ба муроди дил расида, соҳиби насли солим мегардад. Хушбахт бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД