Фарҳоди Дарё ва Ориёно Саид дар “Кохи Суруш”-и Душанбе консерт медиҳанд
256

Ду сарояндаи шинохтаи Афғонистон - Фарҳоди Дарё ва Ориёно Саид ба Тоҷикистон омаданд. Шоми имрӯз ин ду ситораи тобноки Шарқ ҳамроҳи ҳунармандони тоҷик як барномаи рангини консертӣ барпо хоҳанд кард.

Шоми мусиқӣ таҳти унвони “Навои истиқлол” шоми имрӯз, 25-уми ноябр, соати 18:00 дар “Кохи Суруш” доир мегардад.

Дар радифи Фарҳоди Дарё ва Ориёно Саид дар ин барномаи рангини консертӣ ҳамчунин сарояндаҳои машҳури тоҷик ва хориҷӣ, ба мисли Шабнами Сурайё, Қайс Улфат, Далер Назар, Дуран Этмадӣ ва Нилуфари Сарбоз иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай навори истиқболи Фарҳоди Дарё ва Ориёно Саид дар фурдугоҳи Душанбе паҳн гашта, мардуми тоҷик онро бо дилгарӣ тамошо мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД