Arzon march 2024
Чаро марди Панҷакентӣ занашро бӯғӣ карда кушт?
1440


Боз як зани тоҷик ба дасти шавҳар ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Фоҷиа шаби 6-феврал дар шаҳри Панҷакент сар зада, як марди 53-сола ҳамсарашро ба қатл расонидааст.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, тахминан соатҳои сеюними шаби 6-уми феврал дар рафти муноқишаи оилавӣ як марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар манзили истиқоматиаш ҳамсари 53-солаашро ба ҳалокат расонидааст.

"Ба иттилоъи манбаъ, байни зану шавҳар аз рӯйи рашк ҷангу ҷанҷол сар зада, дар рафти ин муноқишаи тақдирсӯз мард ҳамсарашро бӯғӣ карда куштааст. Тафсилоти дигари ҳодиса маълум нест".

Ёдрас мешавем, ки солҳои охир хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон ва ҳодисаҳои нангини занкушӣ дар кишвари мо рӯ ба афзоиш ниҳода, баъзан бо сабабҳои ночиз мардон даст ба куштори ваҳшиёнаи ҳамсар, хоҳар, дӯстдӯхтар ва ҳатто модари худ мезананд.

Танҳо дар моҳи феврал ин аллакай дуввумин мавриди ҳамлаи мард ба зан буда, рӯзи 2-юми феврал як сокини шаҳри Данғара бо мақсади куштор бо корд мусаллаҳ гашта, ба хонаи падарарӯсаш рафт ва дар манзили волидонаш ҳамсари 30-солаашро 11 корд зад. Зан бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона қарор дошта, тафтишоти ин ҳодисаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД