Arzon march 2024
Чаро мард ба маъшуқааш туҳфаҳои қиматбаҳо тақдим мекунаду ба занаш не?
1268

Чаро мард ба маъшуқааш туҳфаҳои
қиматбаҳо тақдим мекунаду ба занаш не?
Аксари мардҳое, ки маъшуқабозӣ мекунанд ё зани дуюм доранд, бештар барои маъшуқа ва занҳои дуюму сеюмашон зару зевар, тиллову бриллиант ва дигар туҳфаҳои қиматбаҳо мехаранд, вале ба ҳамсари қонуниашон не. Албатта маъшуқа бо гирифтани туҳфаҳои қиматбаҳо аз ошиқаш курта-курта гӯшт гирифта, фикр мекунад, ки мард ӯро аз ҳамсари қонуниаш боло мегузорад, вале дар асл ин тавр нест.
Бо тақдими туҳфаҳои қиматбаҳо мард мехоҳад маъшуқа ё зани дуюмашро ба худ вобаста созад, зеро хуб медонад, ки ин зан моли ӯ нест. Мақсади мард аз тақдими зару зевар ба маъшуқааш худро дар чашми ин зан шоҳзода ва марди саховатманд нишон додан асту халос. Дар асл мард пойбанди оилаи худаш аст, ҳамсарашро дӯст медорад ва ҳаргиз зани қонуниашро аз маъшуқааш боло намегузорад. Вай танҳо мехоҳад худро шоҳзода ҳис карда, вақташро бо маъшуқааш хуш гузаронад, баъд боз ба хонаи худаш ба назди зану фарзандонаш бармегардад. Мард барои он ба зани қонуниаш чунин туҳфаҳоро тақдим намекунад, ки мӯътақид аст, худи ӯ бо тамоми дороияш моли ҳамсар ва фарзандонаш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД