Ман мухлиси ашаддии сарояндаи номдору боистеъдод Манижа Сангин ҳастам, ки айни замон шаҳрванди Русия асту дар ин кишвар кору фаъолият мекунад. Соле қабл ширкати Манижа дар “Евровидение” -2021” сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.
Он замон баробарои Манижа ғам хӯрда, ғоибона ӯро дастгирӣ мекардам. Чанд рӯз қабл шунидам, ки ба Манижа Сангин барои ширкат варзидан дар кадом як фестивал иҷозат надодаанд. Ин хабар рост бошад?
Сабрина, ш.Душанбе.
Посух
Дар ҳақиқат хабари он ки Манижа дар фестивали “Стереолето” ширкат намеварзад, дуруст аст. Ташкилкунандагони фестивал хабари мазкурро тасдиқ намудаанд, вале сабабҳояшро шарҳ надодаанд. Манижа дар саҳифаи Инстаграмаш гуфтааст: “Ман ба аудиторияи худ этимоди қавӣ дорам. Шумо санъати маро дарк мекунед. Ва медонед чӣ? Моро таронаву корҳои неки зиёде дар пеш аст. Ман инҷоям ва бо шумоям. Дӯстатон медорам!”
Манижабону аз чунин сурат гирифтани ҳол заррае руҳафтода нест ва мухлисонашро низ ба хушбин будан даъват мекунад.