Султон ба хона даромада, хостгорони барои хоҳараш омадаро пеш карданӣ шуд.
Аммо қаҳру ғазаби худро ба сари модараш холӣ карда, ҳангоми дарро сахт ба рӯйи ӯ пӯшидан чаҳор ангушти модар зери дар монда, фарёдаш ҳавлиро пахш кард.Падари Султон ҳамеша як гап мегуфт:
-Агар Худованд фарзандро ба ҳама барои роҳат дода бошад, ту барои ман ҷазо ҳастӣ!
Султон яккаписар буду ду апаву як хоҳар дошт. Апаҳояш хело зуд ба шавҳар баромада, соҳиби оилаи худ буданд. Падари Султон маъюб буда, модараш барои пеш бурдани аробаи зиндагӣ ҳамеша кори хонаи ҳамсояҳоро мекарду дар тӯю маъракаҳои мардум шустани дегу табақро ба уҳда мегирифт. Дар оби сард аз субҳ то шомкосаву табақ мешусту рӯзҳои дигар ба чидани себ ва ё тоза кардани зироат мерафт.
Онҳо дар хонаи бобояш зиндагӣ мекарданд, ки хеле фарсудаву ба як вайрона монандӣ дошт.
Аз бобояш чанд сар чорво боқӣ монда буд, хоҳараш барои онҳо алаф фароҳам меовард ва шири говро фурӯхта, ба модараш медод. Модар каме маблағ пасандоз карда, Султонро як маротиба оиладор карда буд. Лекин наварӯсро муддати се моҳ ба зӯр нигоҳ доштанд, ӯ аз дасти шавҳар ба дод омада, аз баҳри чунин зиндагӣ баромада, ба хонаи падараш рафт.
Султон модарашро маҷбур мекард, ки ӯро боз оиладор кунад ва аз бахилӣ хостгорони хоҳарашро бо дашномҳои қабеҳ аз хона пеш мекард. Модар ба пеши поиписараш афтида, тавалло мекард, ки чунин рафтор накунад, вагарна духтараш бешавҳар мемонад. Лекин Султон дар рӯйи кати ҳавлӣ нишаста, ба хостгорон чунин мегуфт:
-Биёед, биёед, хоҳари ман бокира нест!
Хостгорон аз шунидани ин гап даст ба гиребон гирифта, тавба мекарданду зуд хонаву дари онҳоро тарк менамуданд. Хоҳараш гирякунон худро ба оғӯши падар мепартофт. Падари бечора духтарашро тасаллӣ дода,баробараш ашкрезон мегуфт:
-Худованд худаш ба ту бахт медиҳад, аз рафтори ин золим нороҳат набош, рӯзе хатояшро мефаҳмад!
Кори Султон аз субҳ то шом дар чойхонаи деҳа қартабозӣ, шоҳмотбозӣ ва майнӯшӣ буд. Ӯ намеандешид, ки падараш маъюб асту модараш бо чӣ заҳматҳо шиками онҳоросер мекунад. Чунин рафтори Султон ба ҷони аҳли хонавода зад ватамоми хешу ақрабо маслиҳат карда, маблағе ҷамъ карданду оварда, ба модари Султон доданд, то ӯро дуюмбора оиладор кунад.
Модар хурсанд шуда, ба келинкобӣ баромад. Аммо ба ӯ на аз деҳаи худашон ва на аз ҳамсояқишлоқ касе духтар надод, зеро кӣ будани писарашро ҳама медонистанд. Ҳамин тавр, модари Султон як духтараки аз падару модар ятиммондаро, ки дар тарбияи тағояш буду аз ҷабру зулми янгааш азоби зиёд мекашид, барои писараш келин кард.
Манижа аз рӯзи аввал падару модари Султонро “очаҷону дадаҷон” гӯён, садо мекард. Падари Султон аз ин рафтори келинаш хело шод шуд, вале ҳамсари худро барои ятими азобдидаеро оварда, боз ба ин дӯзах партофтанаш ҷанҷол кард ва худаш то метавонист падарвор нисбатиМанижа меҳрубонӣ зоҳир менамуд.
Дар моҳи сеюми оиладорӣ як маротиба хонаи хоби наварӯсак оташ гирифт ва қисме аз ҷиҳози арӯсияш сӯхт, ки ҳамагон инро як ҳодисаи нохӯш пиндошта,аҳли оиларо дилбардорӣ карданду рафтанд. Пас аз як моҳи дигар дар вақти намози бомдод хонаинаварӯсак дубора оташ гирифт, индафъа Султон дар бистари хоб буд. Хона чунон зуд оташ гирифт, ки Султон дар хоби ноз монда буд. Замоне ба худ омада дид, ки мардуми зиёде болои сараш ҷамъ омада, мунтазири чашм кушодани ӯ буданд.
Аммо кори Султон ҳамагонро ба ҳайрат овард, ӯ бо чашмони пурашкдасти модарро сахт дошта,бо садои ларзон “маро бубахшед, очаҷон” гуфта, илова намуд:
-Дар хобам дидам, ки хона оташ гирифту хостам давида ба берун бароям. Аммо назди дар марди бадҳайбате аз гиребонам дошта гуфт: “Ба куҷо?! Акнун ту бояд ҷавоби қалбҳои ранҷонидаатро диҳӣ!” Ҳарчанд назди он мард зориву тавалло мекардам, вале боз маро маҳкамтар медошт, то ин ки оташ ба баданам наздик мешуд. Аз сӯзиши ҷон дастамро ба сӯиаҳли оилаам, ки аз тиреза ба ман менигаристанду дар иҳотаи баъзе аз мардони дигар буданд, дароз карда, зорӣ мекардам, ки наҷотам диҳед. Баногоҳ падарам аз аробачаи маъюбӣ бархеста, наздам омад ва он мард ба ман гуфт:
-Агар дар пеши пойи падари худ афтида, бахшиш пурсӣ, туро раҳо мекунам, вагарна дар ин оташ месӯзӣ!
Султон баъди ин суханон назди пойи падар афтида, бахшиш пурсиду гиря кард. Баъди он ки комилан ба худ омад, аз модараш суол кард, ки ҳамсараш дар куҷост. Модар гуфт, ки хонаи хоби ӯро бори дуюм будааст, ки завҷааш оташ мезадааст ва ин бор ҳам Манижашабона бензин оварда, ҳатто ба деворҳои хона пошидааст, то ин дафъа ҷиҳози хона хубтар сӯхта,ба хокистар мубаддал гардад. Султон гуфт:
-Модар, занам гуноҳ надорад, ҳамааш айби худам аст.Ҳамсари пешинаамро сахт азоб медодам, ӯ ки падару модар дошт, баромада рафт. Зани дуюмам бошад, роҳи халосиро дар оташ задани ману хонаву дарамон дидааст. Ман шабҳо ӯро метарсонидам, ҳатто кордро дар гулӯяш монда, ҳар фикри аблаҳонае, ки ба сарам меомад,нисбаташ раво медидам. Акнун мехоҳам тамоми ғалату хатоҳои худро ҷуброн намоям. Ваъда медиҳам, ки кор карда, бароятон хонаи нав сохта медиҳам!
Модар аз шунидани ин суханон бештар дар ҳайрат шуд, вале аз он ки фарзандаш дар як шаб тағйир ёфтаву нисбати аҳли оила чунин меҳрубон шудааст, сахт ба риққат омада, хеле ашк рехт. Зани азияткашида аз гуноҳи писару келини ятими худ гузашту барои Манижаро ба хона овардан роҳи хонаи тағои ӯро пеш гирифт...
Хандазеб