Як хонандаи сомонаи Oila.tj аз он шикоят кардааст, ки вақтҳои охир нозирони барқ ба хонааш, ки дар он чанд моҳ боз аслан касе зиндагӣ намекунад, ҳисобварақа меоранд.
Ин хонандаи мо навиштааст, ки ду-се маротиба пули барқеро, ки истифода набурдааст, барзиёд супурд, то аз қарз халос шавад, вале нозирони барқ ҳар дафъа ҳисобварақаи нав меоранду ба ҷойи халос шудан, қарзаш баръакс торафт бештар шуда истодааст. Асрори ин муаммо дар чист ва дар хонае, ки касе он ҷо зиндагӣ намекунад, қарзи барқ аз куҷо пайдо мешавад?
Дар посух ба ин саволи хонандаи мо масъулини ширкати “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои тақсимоти барқ ва Шабакаҳои интиқоли барқ гуфтанд: “Шахс, агар муддати мадид дар хонааш зиндагӣ накунад, бояд масъулини шабакаи барқи маҳали зисташро огоҳ намояд, то хати барқро хомӯш созанд. Пас аз он ки соҳибхона баргашт, дубора хати барқ ба манзили ӯ васл карда мешавад. Дар сурати огоҳ накардан нозири барқ метавонад аз ҳисоби қарзҳои пешина ба хонае, ки он ҷо касе зиндагӣ намекунад, ҳисобварақа орад“.
Шахсоне, ки бо чунин муаммо рӯ ба рӯ гаштаанд, метавонанд ба шабакаи барқи маҳали зисти худ муроҷиат намоянд. Аз рӯйи нишондоди ҳисобкунак миқдори неруи барқи сарфшударо ҳисоб мекунанд, агар соҳибхона қарздор набошад, ҳисобварақа ботил карда мешавад, вале қарздор бошад, бояд қарзашро пардохт намояд.