gazprom august 2025
Чаро кӯдакон ба иллатҳои чашм гирифтор мешаванд?
07.09.2025
Oila.tj
180

Соли нави таҳсил низ оғоз ёфт ва фарзандони мову шумо боз аз паси омӯхтани илму дониш мешаванд. Албатта хуб аст, ки бачаҳо дар мактаб вақти худро пурсамар гузаронида, қуллаҳои нави донишро фатҳ менамоянд ва барои ояндаи дурахшони худ хиштҳои устувор мегузоранд, вале дар баробари ин, ба салимии атфол низ диққати ҷиддӣ додан лозим аст, зеро муҳимтарин ва қимматтарин ганҷ дар ҷаҳон ин саломатӣ мебошад. Имрӯз мо дар бораи баъзе беморӣ ва иллатҳои чашм ба шумо маълумот медиҳем, ки бештар дар кӯдакон ва наврасон мушоҳида мешаванд.

Дурбинӣ ва наздикбинӣ

Дурбинӣ ва ё баръакс наздикбинии чашм аз мушкилоти асосии чашм мебошад, ки бештар дар кӯдакон ва наврасон дар давраи мактабхонӣ ба мушоҳида мерасад. Тавре олимони амрикоӣ мегӯянд, ҳар чорумин мактаббача ба иллатҳои чашм гирифтор мегардад.Чаро ?

Сабаб?!

Омилҳои асосие, ки боиси хира шудани чашм ва пайдоиши мушкилоти дигар аз қабили дурбинӣ ё наздикбинӣ дар кӯдакон ва наврасон мегарданд, ин фишори зиёд ба чашмон ҳангоми хондану навиштан, набудани равшании хуб дар синфхонаҳо, дар паси парта ва ё мизи мактабӣ нодуруст нишастани хонандагон ва вақти зиёдеро бо телефон ва компютер гузаронидани кӯдакону наврасон мебошад. Вақте ки кӯдак дар паси миз нодуруст нишаста, дар равшании нокифоя муддати тӯлонӣ ба чашмонаш фишор оварда, мехонад ё менависад ва илова бар ин, соатҳои дароз телефонбозӣ мекунад ё дар назди монитори компютер вақташро мегузаронад, чашмонаш хира мешаванд ё ба беморӣ ва иллатҳои дигари чашм гирифтор мегардад.

Нишонаҳои пайдоиши бемориҳои чашм дар кӯдакон

Барои он ки чашмони кӯдак хира нашаванд, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини бемориҳои чашм кӯдакро ҳатман ба назди духтури чашм-окулист бурда, аз ташхис гузаронидан лозим аст.

Нишонаҳои асосӣ:

1. Кӯдак ҳангоми хондан китобро ба чашмонаш хеле наздик нигоҳ медорад.

2. Ҳангоми хондан матнро гум мекунад, агар бо ангушташ онро думболагирӣ накунад.

3. Ҳангоми хондан тез-тез мижа мезанад, лабу даҳонашро инҷ мекунад ё сарашро хам ва ба китоб наздиктар мекунад, то матнро хубтар бубинад.

4. Чашмонашро тез-тез мемолад.

5. Равшании баланд ба чашмонаш фишор меорад

6. Ҳаноми чизеро бодиққат назорат кардан ё хондан як чашмашро мепӯшад.

7. Тез-тез аз дарди сар шикоят мекунад.

Дар ин ҳолатҳо падару модар бояд фарзандашонро ҳатмна ба назди табиби чашм бурда, аз ташхис гузаронанд. Агар кӯдак ба ягон беморӣ ё иллати чашм гирифтор гашта бошад, фавран аз паси табобат шудан лозим аст, зеро чашм узви хеле нозук буда, бепарвоӣ нисбати босира оқибатҳои нохубро ба бор оварда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД