Formula novemver 2024
Чаро имсол моҳи Рамазон 29 рӯз шуд?
774

Ҳамагон интизорӣ доштанд, ки иди саиди фитр рӯзи шанбе, яъне санаи 22- апрел ҷашн гирифта мешавад, зеро тибқи тақвиме, ки қаблан нашр ва паҳн карда шуда буд, рӯзи ид ба ҳамин рӯз рост меомад, аммо дирӯз Шӯрои уламои кишвар рӯзи ҷумъа-21 апрелро рӯзи иди рамазон эълон намуд. Чаро чунин шуд?

Қарори Шӯрои уламои кишвар мардумро дар ҳайрат гузошт, ки чаро чаро имсол моҳи шарифи Рамазон ба ҷойи 30 рӯз 29 рӯз шудааст. Шӯрои уламо дар ҷавоб ба ин савол посухи муфассал додааст ва мо онро манзури хонандагони азизи худмегардонем.

Тибқи қарори Шӯрои уламо имсол моҳи шарифи Рамазон дар қаламрави кишвар 29 рӯзро дар бар мегирад, ки ба феъли Расули акрам (с) ва саҳобагони гиромии ӯ мувофиқ мебошад, зеро он Ҳазрат (с) дар умри азизи худ моҳи Рамазонро бештар 29-рӯзӣ рӯза доштаанд. Чунонки худи Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) фармудааст, чанд соле ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза доштем, рӯзаи 29-рӯзаамон аз рӯзаи 30 рӯзаамон бештар буд.

Агарчи имсол моҳи Рамазон 29 рӯз ҳам бошад, ҳеҷ ҷои нигаронӣ надорад ва ҳамагон бояд донанд, ки аҷру савоби он комил аст ва аз ибодати рӯзадорон чизе кам нахоҳад шуд. Вақте ки худи он Ҳазрат (с) 29 рӯз рӯза дошта бошанд, пас 29 рӯз шудани моҳи муборак мувофиқ ба суннати Расули акрам (с) аст.

Моҳи қамарӣ 29 рӯз ё 30 рӯз мешавад, зеро дар ҳадис омадааст: “Мо уммати уммӣ ҳастем, навиштану ҳисоб карданро намедонем, моҳ гоҳе ин қадар ва гоҳе ин қадар мешавад, яъне гоҳе 29 рӯз ва гоҳе 30 рӯз мешавад” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: “Чанд боре, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рӯза дошта будам, аксараш 29-рӯзӣ буд”. Дар ин боб аз Умар (р), Абуҳурайра (р), Оиша (р), Саъд иби Абуваққос (р), Ибни Аббос (р), Ибни Умар (р), Анас (р), Умми Салама (р) ва Абубакра (р) низ ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Моҳ гоҳе 29 рӯз мешавад” (Ривояти Тирмизӣ).

Вақте ки руъяти моҳ аз назари ниҳоди муътамад собит гардад, огоҳ кардани мардум барои шуруъ намудани рӯзаи Рамазон ё рӯзи ид ва баргузор кардани намози иди Фитр ва ё намози иди Қурбон ва забҳи қурбонӣ воҷиб мешавад (“Мавсуъаи фиқҳӣ”). Аз Абдурраҳмон ибни Абубакра аз падараш ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Ду моҳи ид, яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа кам намешаванд”.

Хаттобӣ мегӯяд: Уламо дар таъвили ин ҳадис назарҳои мухталиф баён кардаанд. Баъзе гуфтаанд, ки агарчи ин ду моҳ аз рӯи ҳисоб кам ҳам шаванд, аз рӯи ҳукм кам намешаванд. Баъзе гуфтаанд: Маънои ҳадис ин аст, ки ин ду моҳ дар аҷру савоб кам намешаванд ва агар Рамазон 29 рӯз ҳам шавад, дар аҷру подош комил аст. Таҳовӣ мегӯяд: “Ман воқеъан мушоҳида кардам, ки моҳи Рамазон ва ҳамчунин моҳи Зулҳиҷҷа 29 рӯз шудааст”. Исҳоқ ва Бухорӣ мегӯянд: “Дар ҳақиқат ду моҳи ид дар аҷру подош кам намешаванд, агарчи яке ё ҳар ду 29 рӯз ҳам шаванд” (“Ал-арфуш-шазӣ”, шарҳи “Сунан”-и Тирмизӣ).

Аз Абубакра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ду моҳи ид (яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа) кам намешаванд (яъне ғолибан аз 30 рӯз кам намешаванд ё ин ки аз рӯи савоб кам намешаванд, агарчи аз рӯи шумор кам шаванд ва ё ин ки дар як сол якҷоя кам намешаванд, мурод ин нест, ки ин ду моҳ ҳиссан кам намешаванд, зеро дар ҳадиси саҳеҳ аз гурӯҳе аз саҳобагон ривоят шудааст, ки гуфтаанд: “Он чи бо Пайғамбар (с) 29 рӯз рӯза доштем, бештар аз он аст, ки бо ӯ 30 рӯз рӯза доштаем”.

Аз ҳамин сабаб аст, ки бархе ҳофизони ҳадис фармудаанд: “Расули Худо (с) нуҳ Рамазон рӯза дошта буданд ва аз ин миқдор фақат ду Рамазонро 30 рӯзӣ рӯза гирифтаанд, чунонки дар шарҳи Ибни Ҳаҷар зикр шудааст” (“Мирқотул-мафотеҳ”, шарҳи “Мишкотул-масобеҳ”).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД