arzon replenishment
ЧАРО ҲИКМАТ АЗ ЗАНУ ФАРЗАНДОНАШ ФИРОР КАРД?
12.12.2020
ОИЛА
3374

 

Усто Ҳикмат Сафаров, сокини деҳаи баландкуҳи Кӯндашаҳри ҷамоати деҳоти Чилдухтарон буда, 6 сол боз бедарак аст. Сафари усто Ҳикмат ба Русия соли 2009 буд. Духтари калонияш Шаҳлоро хешу ақрабо ба шавҳар доданд. Усто Ҳикмати бепарвофалак соҳиби набера гашта бошад ҳам, то ҳол наберачаашро надидааст.

Соли гузашта духтари дуюми усто Ҳикмат Наргисро, ки дар хона мададгори ягона ва модараш буд, бо тӯю тамошо ба хонаи бахташ гусел намуданд. Ин мардаки хонабезор ба духтари дуюмаш ҳам дуои нек дода натавонист, зеро дар ин маърака ҳам ҳузур надошт. Ҳоло духтари калонии Усто Ҳикмат Шаҳло фарзанди дуюмашро ба дунё оварда, Наргис ҳам соҳиби писар шудааст, аммо аз бобои ин се набераи дӯстрӯяк то ҳол дарак нест.

Усто Ҳикмат маҳорати хуби аз чӯб сохтани ҳар гуна олотҳои рӯзгор ва юғу сипарро дошт. Ҳамдеҳагонаш ҳазлкунон мегӯянд, дар ин чанд соли набуданаш усто тамоми ҷангалҳои Русияро бо усули тоҷикона, бо ҷуфти барзагову юғу сипор шудгор кардагист. Ҳамсари бечорааш Ороста мегӯяд, ки се сол пеш Ҳикмат омада буд, вале ҳамагӣ 15 рӯз истоду нисфи хонаи вайроншудаамонро ҳамвор кард. Барои зимистонгузаронӣ ҳезум надоштем. Вай чӯбу тахтаҳои хонаро майда карда «аловӣ мешавад» гӯён, тал заду боз саросема тираку тахтаашро бардошта Русия равон шуд. Ҳар қадар зорӣ кардам, ки камтари дигар ист, то ки туро фарзандон ва набераҳоят ба серӣ бубинанд, «не, не бояд фавран равам. Дар он бӯстонсарое, ки ман кор мекардам, як гурбача буд ва ман онро нигоҳубин мекардам, агар дер равам, пишакчаи бечора аз гуруснагӣ мемурад» гӯён розӣ нашуд.

Андешаи ин мардаки хонабезорро бинед, ки як гурбачаи русиро аз зану фарзандонаш боло дониста, парвои хонаи валангоргаштаашро, ки аз падараш ба ӯ мерос мондааст, накарда баромада рафтааст.

Писари калонии Ҳикмат Муҳсин дар набудани падараш ҳама бори гарони зиндагиро мекашид, вале Усто ин дафъа «тайёр шав, ҳамроҳи ман меравӣ» гӯён, ӯро ҳам бо худ ба Русия бурд. Ин бобои номеҳрубон ҳатто ҳавсала накард, ки сари қадам ба хонаи духтараш даромада, наберааш Оминачаи се соларо як бор бубинад. Инак, сеюним сол мешавад, ки аз усто ва писараш дарак нест. Аз рӯйи овозаҳо писари усто чор танга пули меёфтаашро сарфи шаробнӯшиву арӯсбозӣ карда гаштаасту мисли падараш парвои зану фарзанд надорад. Бечора ҳамсараш ҳамроҳи ду писарчаи хурдакак бори зиндагиро гирёну нолон дар ин деҳи баландкуҳ тани танҳо кашида истодааст. Вақти шудгору кишт ин зани бечора пеши сад тракторчӣ рафта, барои шудгори заминаш зорию тавалло мекунад. Дар вақти дарав низ ҳолаш ҳамин аст.

Наберачаи калониаш Омина, ки шашсола шуда, то ҳол ягон маротиба бобояшро надидааст, меҳрубонӣ ва навозишҳои бобои Қодири 80- солаи ҳамсояро нисбати наберааш Наҷиб дида, дав-давон ба назди бибиаш янгаи Ороста омада, бо изтироб мегӯяд: «Бибиҷон, ма бобо дорум? Надошта бошм, биёда брем, аму боби Наҷиба ба хдмона биёрем!» Янгаи Ороста, ки худ аз бори гарони зиндагӣ хаста шудааст, оҳи сард кашида набераашро таскин медиҳад: «Бачаҷон, ӯ бобои Наҷиб пири безебай, ҳоли бобои хдт ай Россия миёя, бобои хдт хшруай». Бадбахтона шумораи усто Ҳикмат барин мардони хонабезор рӯз то рӯз афзуда истодааст. Оқибаташ чӣ мешавад, танҳо Худо медонад!

Ин модари даҳр оқилон кам зояд,

Ҳар лаҳза шумори нокасон афзояд.

Аз ҷумлаи Фирдавсӣ кам ояд ба замин,

Аз ҷумлаи Маҳмуд ҳазорҳо ояд.

 

Рустам Сафаров,

рӯзноманигор,

аз ноҳияи Муъминобод

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД