sebiston july new
ЧАРО ФАРИДУНИ ХУРШЕДРО АЗ РОБИЯИ ХОЛМИРЗО УЗР НАПУРСИД?
3402

 

Фаридуни Хуршед, овозхони 30-солаи тоҷик як шеъри шоира Робия Холмирзоро бе иҷозат сароида, дар намоҳанг (клип) онро ба каси дигар нисбат додааст. Ин клиптарона “Аиша” ном гирифта, то кунун онро дар шабакаи YouTube наздики 300 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар намоҳанг ба ҷои номи Робия Холмирзо исми Раҷ Аҳмад навишта шудааст. Робия Холмирзо аз Фаридуни Хуршед барои поймол кардани ҳуқуқи муаллифиаш 200 доллар (2300 сомонӣ) талаб карда, аз овозхон хостааст, ки аз ӯ узрхоҳӣ кунад, вагарна ба суд муроҷиат хоҳад кард. “Хатоӣ аз тарафи ман шудааст. Дар ин ҷо Фаридуни Хуршед ва Раҷ Аҳмад гуноҳ надоранд.

Вақте ман ба қаҳвахона рафтам, Раҷ Аҳмад шеърро таҳрир мекард ва ман ҳам дар поёни он шеъри Раҷ Аҳмад навиштам”,-гуфтааст Диловари Мизроб, продюсери Фаридуни Хуршед ба “Азия-Плюс”. Диловари Мизроб афзудааст, ки аз муаллифи шеър узрхоҳӣ мекунанд, зеро сари хамро шамшер набуридааст. Вале Робия Холмирзо мегӯяд, то ҳол касе ба ӯ занг зада, узрхоҳӣ накардааст. Шоир аз навиштани ариза худдорӣ карда, то ҳол интизор аст, ки Фаридуни Хуршед ба ӯ занг зада, узр мепурсад ва 200 доллар ҳаққи ӯро пардохт мекунад.

Қазия бо чӣ меанҷомад, рӯзҳои наздик шуморо огоҳ хоҳем кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД