Кам нестанд шахсоне, ки аз ҳарорати баланд лаззат баранд, вале бештари одамон дар ҳавои гарм беҳолу бемадор мешаванд. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ сабаби ин ҳолатро дар номуътадил будани кори ин ё он узви инсон маънидод мекунанд. Кадом узвҳо гармиро манфӣ қабул карда, аксуламали номуносиб нишон медиҳанд?
Бемориҳои асаб ва дилу рагҳо
Ҳарорати баланд ба одамоне, ки аз норасогии кори майна ва сутунмӯҳра азият мекашанд, таъсири манфӣ мерасонад. Бояд қайд кард, ки гармӣ танҳо мушкили тобистон нест, ҳаммоми гарм ё сауна низ ба ин тоифаи одамон таъсири ногувор мерасонад.
Бар асари гармӣ нахҳои асаб, ки барои паёмрасонии мағси сар масъуланд, наметавонад вазифаи худро иҷро намоянд ва ин боиси хастагӣ, заифӣ ё мушкилоти мувозинат ё биниш мегардад. Бар замми ин гипоталамус ба қадри кофӣ фаъолият карда наметавонад ва бо ин сабаб бадан наметавонад ҳарорати лозимии хунукиро таъмин созад. Барои худро хуб эҳсос намудан давоҳои тавсиякардаи табибонро сари вақт хӯрдан лозим аст.
Биёед якчанд сабабҳоро дида бароем, ки чаро таҳаммулпазирии гармӣ пайдо мешавад ва дар ин ҳолат чӣ бояд кард:
Бемориҳои ғадуди сипаршакл
Ғадуди сипаршакл марказии системаи эндокринии баданро идора мекунад. Ғадуди сипаршакл барои танзими мубодилаи моддаҳо дар бадан масъул буда, истифодабарии энергияи баданро назорат мекунад.
Диабети қанд
Ҳам диабети навъи 1 ва ҳам навъи 2 қобилияти ба таври кофӣ мубориза бурдан бо гармӣ ва ҳарорати баландро халалдор созанд. Ҳолати мазкур махсусан дар беморони гирифтори мушкилиҳои диабетикӣ ба монанди микроангиопатия (зарар ба рагҳои хунгузар) ва невропатия (зарари асаб) мушоҳида мешавад. Онҳо метавонанд ба ҳавои гарм ҳассосияти шадид дошта бошанд, зеро ин мушкилиҳо метавонанд ба ғадудҳои арақ осеб расонанд ва дар ҳавои гарм сардшавии баданро душвор созанд. Беморони гирифтори диабет одатан ба гармӣ ҳассос мешаванд. Аз ин рӯ, бояд қанди хуни худро мунтазам назорат гиранд ва моеъи бештар нӯшанд, то аз беобшавии бадан пешгирӣ намоянд.
Ҳомиладорӣ
Дар давраи ҳомиладорӣ дар сатҳи гормоналии зан тағироти зиёд шуда, гармии зиёд оромӣ ва саломатии онҳоро поин мефарорад. Занҳоро зарур аст, ки дар ин ҳолат либоси сабук пӯшида, бештар бинӯшанд ва саломатии худро эҳтиёт кунанд.
Фибромиалгия
Одамони гирифтори ин ҳолат одатан ба шароити шадиди обу ҳаво - гармӣ ва хунукӣ хеле ҳассосанд. Беморон дар моҳҳои гарм ва сард худро бад эҳсос мекунанд. Нафароне, ки аз фибромиалгия азият мекашанд, дар ҳавои гарм аз ҳад зиёд гарм мешаванд ва махсусан ба зарбаи гармӣ ё доғҳо дучор шуда, ҷараёни хун дар пӯсташон кам шуда, арақ намекунанд.
Синну сол
Одамони солхӯрда дар муқоиса бо ҳамтоёни ҷавони худ мушкилоти бештари мубодилаи моддаҳо доранд. Онҳо гармиро камтар таҳаммул мекунанд
Чанд маслиҳат барои мубориза бо гармӣ
1. Пешгирии беобшавии бадан
Дар давоми рӯз мунтазам об нӯшед ва ҳангоми берун рафтан обро ҳамеша бо худ гиред. Истеъмоли хӯриш ва меваҳоро, ки миқдори зиёди об доранд ва намиии бадани шуморо нигоҳ медорад, тавися медиҳем.
2. Дар гармтарин вақти рӯз –аз соати 11:00 то 17:00 аз ба офтоб баромадан худдорӣ намоед.
3. Шумо метавонед аз шамолдиҳаки барқӣ истифода баред, то хонаи худро хунук нигоҳ доред.
4. Барои аз офтоб муҳофизат кардан либоси сабук, пойафзоли мувофиқ ва кулоҳ пӯшед. Ба бар кардани либосҳои тангро дар гармӣ тавсия намедиҳем.
5. Пӯсти худро аз нурҳои офтоб эмин нигаҳ доред. Онро тоза ва намнок нигоҳ дошта, арақҳои ҷамъшударо пок намоед, то ки таъсири манфӣ нарасонад.