formula feb 2025
Чаро дар фасли баҳор дар рӯйи занон доғҳои кунҷидак пайдо мешаванд?
15.03.2025
Oila.tj
45

Бо фарорасии фасли баҳор мисли оне, ки баъди раъду барқ замину замон пур аз замбурӯғ мешавад, дар пӯсти рӯйи баъзе духтарону бонувон доғҳои кунҷидак мебароянд.

Офтоби баҳорӣ ферментитирозинро бедор намуда, ҳуҷайраҳоеро, ки пигменти рангкунандаи меланин дорад, фаъол месозад. Меланин дар пӯст ҳамвор паҳн шавад, пӯст мисли офтобзада мегардад, дар акси ҳол, доғҳои пигментӣ дар шакли доғҳои кунҷидак зуҳур менамоянд.

Доғи кунҷидак ирсӣ аст?

Аксаран, доғҳои кунҷидак модарзодӣ буда, бештар дар пӯсти бинӣ, рухсора, гардану дастон пайдо мешаванд. Доғҳои аввалини кунҷидак ҳанӯз дар синни 3-5-солагӣ пайдо шуда, вақти бабалоғатрасӣ зиёдтар мешаванд. Пас аз 25-солагӣ доғҳо оҳиста-оҳиста нест шудан мегиранд, вале аҳён-аҳён дар рӯйи баъзе занҳо баъди 40-солагӣ низ кунҷидакро дидан мумкин аст. Чунин доғҳои кунҷидакро синнусолӣ, ё доғи ҷигар мегӯянд. Бо мурури вақт шумораи доғҳо дар рӯйи чунин занҳо зиёд мешавад.

Сабаб дар чист?

Агар диққат дода бошед, доғҳои кунҷидак бештар дар рӯйи бонувони чашмкабуд ва зардина пайдо мешаванд. Мӯю чашмонатон сиёҳанд, вале дар рӯятон доғи кунҷидак доред? Дар авлодатон, агар касе доғи кунҷидак надошта бошад, сабабҳои дигари пайдоиши доғҳои кунҷидакро дар рӯятон ҷӯед. Ин метавонад халалёбии ҳормонҳо (дар давраи ҳомилагӣ), халалёбии мубодилаи моддаҳо дар пӯст, азнавшавии эпидермис, аз офтоб сӯхтан, таъсироти кимиёвӣ, ташаннуҷу (стресс) бемориҳои ҷигар ва роҳҳои талхадон бошад. Сабаби пайдоиши доғҳо агар ноҷурии саломатӣ бошад, онҳоро доғҳои пигментӣ номидан бамаврид аст.

Аз офтоб гурезед

Нафароне, ки дар пӯсти рӯяшон доғи кунҷидак доранд, агар дар офтоб зиёд истанд, доғҳои рӯяшон зиёд мешавад. Баҳор ҳар сол бо худ ба пӯсти шумо доғи кунҷидак меоварда бошад, қаблан ин доғҳоро пешгирӣ бояд кард. Аллакай аз моҳҳои феврал-март пӯсти худро аз офтоб муҳофизат намоед. Воситаҳои гуногуни косметикие бо SP-фактор вуҷуд доранд, ки ба пӯст молиданашон шарт аст. Хеле хуб мебуд, агар малҳами аз офтоб ҳифзкунандаи дар таркибаш диокиси титан надоштаро истифода баред. Зеро таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки диоксиди титан ба бемориҳои вазнин, аз қабили саратон сабаб шуда метавонад. Ҳоло дар бозори косметикӣ СПФ-ҳои безарар ва дар асоси синк дастрас кардан имкон дорад ва ин гуна ҳифзкунандаҳо аз нури офтоб дубора пайдо шудани доғҳоро пешгирӣ мекунанд. Ним соат қабл аз молидани чунин малҳам рӯятонро бо чойи талх шӯед, самараи бештар медиҳад.

Витамин хӯред!

Барои пешгирӣ кардани доғи кунҷидак витаминҳои С, ниасиномид ва РР нақши муҳим мебозанд. Бештар марҷумак (гречневая крупа), гӯшти гов, мурғ, ҷигар, карам, ҷаъфарӣ, пиёзи сабз, лӯбиё, помидор, боимҷон, буттамева ва мева истеъмол намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД