Доғи кунҷидак нуқтачаҳои хурди пигментӣ мебошанд, ки бештар дар одамони пӯсти рӯяшон сафед пайдо мешаванд. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани онҳо майли ирсӣ аст, ки ба фаъолияти ҳуҷайраҳои тавлидкунандаи меланин вобаста мебошад. Азбаски нури ултрабунафши офтоб ангезандаи асосии пайдоиши ин доғҳост, чораҳои пешгирӣ пеш аз ҳама ба муҳофизати пӯст аз офтоб равона мешаванд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки доғҳои кунҷидак худ аз худ хатарнок нестанд ва қариб ҳеҷ гоҳ ба омосҳои бадсифат табдил намеёбанд. Бо чунин доғҳо касе таваллуд намешавад, ҳатто дар кӯдакони зардинамӯй баъдтар, аз таъсири нури офтоб пайдо мешаванд. Ин нишонаи он аст, ки пӯст ба нурҳои ултрабунафш ҳассос мебошад.
Аммо агар доғҳо бори аввал дар калонсолӣ пайдо шаванд, аввал бояд мутмаин шуд, ки воқеан доғи кунҷидаканд. Баъзе навъҳои омосҳои бадсифат, аз ҷумла лентигои бадсифат ё меланома, метавонанд ба чунин доғҳо монанд бошанд. Аз ин рӯ, ҳангоми пайдо шудани доғҳои нав машварати дерматолог зарур аст.
Чӣ гуна доғи кунҷидакро пешгирӣ кунем?
1. Истифодаи ҳаррӯзаи креми муҳофизаткунандаи офтоб. Малҳамҳоро бо дараҷаи баланди муҳофизат (SPF 30 ё 50+) аз ҳар ду навъи нурҳои ултрабунафш интихоб намоед. Кремро ҳатто дар рӯзҳои абрнок истифода бурдан лозим аст.
2. Крем бояд 15–30 дақиқа пеш аз баромадан ба кӯча молида шуда, дар давоми рӯз такроран истифода гардад.
3. Пӯшидани айнаки офтобӣ ва кулоҳ. Айнак ва кулоҳҳои васеъ пӯстро аз таъсири мустақими офтоб беҳтар муҳофизат мекунанд.
4. Нигоҳубини дурусти пӯст. Барои пӯсте, ки ба пайдоиши доғ майл дорад, истифодаи воситаҳои сафедкунанда ва тозакунандаи нарм тавсия мешавад. Ин ба зудтар нав шудани пӯст ва камранг шудани доғҳо мусоидат мекунад.
Ирсият ё синну сол?
Бояд дар хотир дошт: агар майли ирсӣ вуҷуд дошта бошад, пурра ва барои ҳамеша аз байн бурдани доғҳои кунҷидак имконнопазир аст. Усулҳои мавҷуда бештар ба камранг кардани онҳо ва пешгирии пайдоиши доғҳои нав равона шудаанд.
Ба гуфтаи духтури рус Сергей Агапкин, бо боло рафтани синну сол заминаи гормонӣ тағйир ёфта, истеҳсоли моддаҳое, ки тавлиди меланинро фаъол мекунанд, коҳиш меёбад. Аз ҳамин сабаб, дар бисёр ҳолатҳо доғҳои кунҷидак бо мурури вақт камтар шуда ё ҳатто нопадид мегарданд.
Агар чунин доғҳо ҳар тобистон пайдо шаванд, беҳтараш мунтазам ба духтури пӯст муроҷиат намоед, то мутмаин шавед, ки ғайр аз онҳо дигар осори осеби пӯст аз офтоб вуҷуд надорад.