Arzon march 2024
Чаро бар падараш лаънат?
1116

Имруз чун аз як кӯчаи маҳаллаи 33 мегузаштам, дар рӯбарӯям як зани ҷавоне бо кӯдакаш мерафт. Вақте ки онҳо ба назди ман расиданд, ногаҳон кӯдак пешпо хӯрда, афтид...

Зан мағал бардошта, ба дашном додани кӯдак сар кард ва беист “эй бар падарат лаънат! Кӯрӣ, намебинӣ?”, гуфта, ӯро сарзаниш мекард. Аммо, падари бечора ин ҷо чӣ гуноҳ дорад?

Ба фикр фурӯ рафтаму аз худ пурсидам, шояд падараш “невидимка” буд, ки афтидани кӯдакашро надид, ё модарашро пешакӣ огоҳ накард? Чаро модар худаш дасти кӯдакро нагирифту кӯмак накард, то аз ҷой барезад?

Шояд падари бечора дар куҷое заҳмат кашида истодааст барои як бурда нон. Аммо, бе пул ва бе ҳеҷ чиз соҳиби лаънат шуд аз сӯи ҳамсари худаш. Инро фикркунон роҳамро сӯи гӯштфурушон идома додам…

Некқадами ШОҲНАЗАР,

ҳунарманди театру кино,

бознашр аз Фейсбук

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД