Sebiston new 2024 october
ЧАРО АЗ ХОМУШИИ МАРД ЗАН ДИЛГИР МЕШАВАД?
2025

Хомӯшии мард нишонаи марги ишқ аст?

Мардон зиёд гап намезананд. Аксаран зан хомӯшии мардро ҳамчун бепарвоӣ, дамдуздӣ ва аз муошират дурӣ ҷустан қабул менамояд ва барои ба гап даровардани шавҳараш ҳилаҳои занонаро аз қабили ашкрезӣ, муноқишаву ҷанҷл, шайтонӣ, фиреб, хушомад ба кор мебарад. Чаро хомӯшии мард занро дилгир месозад?

-Гумон мекунад, ки мард дар дил қасд дорад

-Чизеро пинҳон месозад

-Ӯро дӯст намедорад

-Дарди дил кардан намехоҳад

-Нисбаташ бепарво аст

-Аз ӯ хафа аст

-Аз чизе дар ташвиш аст

Азбаски зан дар лаҳзаҳои хомӯшӣ маҳз чунин фикрҳоро дар сар дорад, барои ҳамин чунин андеша меронад. Бонувон замони ранҷидан, хафагӣ ва хавотирӣ хомӯш мегарданд. Алами дили зан, ки сабук шуд, роҳи ҳалли мушкилиро пайдо менамояд. Табиати мардон дигар аст, мушкиле пайдо шуда бошад, аввалан онро бодиққат омӯхта, баъдан нуқтаи назарашро иброз менамояд. Албатта на ҳамаи мардон камгапанд, баъзеашон дар серҷоғӣ аз занҳо камӣ надоранд. Мардони серҷоғ телбаву бемаъниянд ва ба ҷойи занро хушбахт намудан танҳо гап мезананду гап мезананд.

Марди асил камгап мешавад

Занҳои доно дар орзуи марди ҷиддӣ ва камгапе ҳастанд, ки бе вақвақи зиёдатӣ масъулиятро бар души худ мегирад. Чунин мардон барои ҳар гапу кори худ ҷавоб гуфта метавонанд. «Гапро кам куну корро бисёр» ва «Хомӯшӣ тилло аст» аз зумраи машҳуртарин зарбулмасалҳои халқӣ буда, як ҷаҳон маънӣ доранд. Вақте ки ҳодисаи асабхаробкунандае рух медиҳад, шумораи хеле ками одамон хомӯшона масъаларо ҳал карда мтавонанд. Дар чунин ҳолатҳо эҳсосоти худро идора кардани мард нишонаи мустаҳкамии иродаи ӯст. Ваъдахилофӣ накардан ва барои ҳар гапи худ ҷавоб гуфтан низ хислатҳои шоистаи мардони асиланд. Хомӯшона, бо рафтору кирдораш муҳаббати худро исбот намудани мард аз ҳазор гапи ширин беҳтару таъсирбахштар аст.

Хаппак ё ашрофзода?

Аксари мардон ба осонӣ изҳори муҳаббат намуда, ваъдаҳои болохонадор медиҳанду рӯзи дигар гуфтаҳои худро фаромӯш мекунанд. Сухани ин тоифаи мардон қадру қимат надорад. Мард ҳамонест, ки кам гӯяду муҳаббаташро дар амал исбот намояд. Хомӯшӣ тарафи дигар низ дорад, аз ин хотир бояд аниқ кард, ки камгапии мард нишонаи ҷиддияташ аст ё мард табиатан хаппак аст. Одатан мардҳои хаппак дарундор мешаванд. Аввал дар зери ниқоби хомӯшии ҷаззобаш мард ба назаратон шоҳзодаи орзуҳо менамояд, вале баъди аз наздик шинос шудан эҳсос мекунед, ки хато кардаеду ин мард дунёи дигар дорад. Беҳуда намегӯянд, ки агар боақлу бо тафаккур намудан хоҳӣ, хомӯшӣ ихтиёр намо. Барои фаҳмидани мақсаду мароми инсон ҳатман бо ӯ сӯҳбат кардан лозим аст.

Марди хомӯшро чӣ тавр ба гап даровардан мумкин аст?

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, марди хаппак занашро хомӯш бубинад, ҳатман ба гап медарояд. Аз хомӯшии ногаҳонии бону (хусусан, агар занаш серҷоғ бошаду яку якбора хомӯшӣ ихтиёр намояд) марди хаппак ба ташвиш афтода, сабаби ба лаб мӯҳр задани занро донистан мехоҳад. Шавҳаратонро ба гап дароварданӣ бошед, беҳтараш ба ҷойи ҷангу ҷанҷол кардан хомӯшӣ ихтиёр намоед. Он гоҳ хислатҳои нави мардатонро кашф мекунед.

Хомӯшӣ бар зидди хомӯшӣ!

Муносибатҳои марду зан баъзан то андозае бе рангу бе мазмун мешаванд, ки барои гапзанӣ баҳона намеёбанд. Мард бо сабаби он гап намезанад, ки ҳар дафъаи гапзанияш бо зан муноқиша мекунанд.

Аксаран ҳангоми баҳсу мунозира зан ба мард имкон намедиҳад, ки ба мазмуни суханҳояш сарфаҳм равад. Хурдагирӣ карда, бо кадом роҳе набошад, гуноҳи мардро исбот кардан мехоҳад. Бо серҷоғиаш корро то ба ҷое мерасонад, ки мард дигар на занро дидан мехоҳаду на шунидан. «Зудтар дамашро гирад!»- фикр мекунад мард ва хомӯш мемонад. Аксаран дар чунин ҳолатҳо кӯшиши ба гап даровардани мард бе натиҷа меанҷомад.

Замона гунаҳкор?

Дар ин ҷаҳони пур аз стресс баъзан мард чунон хаста мешавад, ки дигар барои гапзанӣ қуввату мадораш намемонад. Шумо бояд мардро дарк намоед ва бо муҳаббату ғамхорӣ фаро гиред. Бигзор шавҳаратон истироҳат кунад. Баъди рӯзи вазнини корӣ қувваву мадорашро барқарор намуда, мард ҳатман дар бораи воқеаҳои рухдода ба шумо нақл мекунад ва орзуву умедашро мегӯяд..

Аз хомӯшии мардатон натарсед ва фаромӯш насозед, ки хомӯшӣ низ қалбҳоро ба ҳам қарин месозад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД