Formula novemver 2024
Чаро аз дарди кудактаваллудкунӣ модар намемирад?
958


Агар дар ҳолати оддӣ ягон ҷои бадани касро бурида аз дарун гушти зиётӣ ва ё узверо бурида гирем, дардро организм тоқат карда наметавонаду ба ҳалокат мерасад.

Дарде, ки модар дар вақти зоиш мекашад дар дигар ҳолат ба организм ворид гардад қатъиян кас мемирад. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро аз дарди кӯдак, ки панҷ қабати бадани модар кушода мешаваду ҷисми 3,5 кг (дар ҳолати зоиши муқарарӣ) аз батни модар ҷудо мешавад вале модар худро бад ҳис намекунаду аз дард намемирад?

Барои дар вақти зоиш “беҳис” шудани зан ҳормонҳо кумак мекунад. Ба монанди окситосин (ҳормони муҳаббат), адреналин и норадреналин (ҳормони бедоркунанда), пролактин (ҳормони модарӣ) ва эндорфин (ҳормони хушҳолӣ). Ин ҳормонҳо дар вақти зоиш дар мағзи мобайнии мағзи сари модар пайдо мешавад ва барои сиҳату саломат гузаштани протсеси зоиш кумак мекунад. Дар вақти дард пайдо шудан, зан бояд худро комилан ба ҳормонҳо “партояд”. Яъне худро мутмаин созад, ки новобаста аз чӣ миқдор дард доштану то чӣ вақт идома ёфтани дард, ӯ зинда хоҳад монд. Дар ин ҳангом организм ба таври автоматӣ ҳормонҳои лозимаро истеҳсол мекунад.

Замони кӯдак таваллуд шудан саравал ҳормони октасин дар хун пайдо мешавад, ки он бачадони модарро ҷамъ мекунад. Ин ҷамъшавӣ барои баромадани кудак аз бадан, кумак мекунад. Дар ҳамин вақт ҳормони эндорфин истеҳсол мешавад. Он миқдоран аз октасин кам аст. Ин ба он хотир аст, ки бачадон зиёдтар ҷамъ шаваду кудак ба берун барояд аммо эндорфин ҳамонқадар пайдо мешавад, ки модар дардро ҳис кунад вале аз дард намирад ва барои берун сохтани кудак кӯшиш кунад (зӯр занад). Агар ҳормони эндорфин зиёд истеҳсол шавад организм комилан беҳис мешавад.

Ба ҳамин хотир аст, ки бо вуҷуди ҳамаи дард зан нисбати тамоми атрофиёнаш муҳаббат пайдо мекунад ва асосан нисбати тифли дар роҳ будааш. Новобаста ба он ки ҳанӯз кудак ба модар меҳре наварзидааст, аммо модар бечуну чаро ӯро дӯст медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД