Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи ҷигарсӯз ва ваҳшатнок хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, боз як ҷавонзани тоҷик, ки нав ба баҳори 25-уми умраш қадам гузошта буд, ба дасти шавҳари золим басо бераҳмона кушта шуд...
Ин рӯйдоди хунин рӯзи 9-уми ноябр, тахминан соатҳои 16.00 сар зада, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсарашро ба қатл расонидааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҷавонмарди 27-сола тариқи телефони мобилӣ ҳамсари 25-солаашро ба назди корхонаи хоҷагии коммуналӣ, воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даъват менамояд. Байни зану шавҳари ҷавон дар ин мавзеъ муноқиша сар зада, дар рафти ин моҷарои оилавӣ мард занашро 13-корд задааст.
Ҷавонзани 25-сола бар асари захмҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Пас аз содир намудани ин ҷинояти вазнин марди занкуш бо мақсади худкушӣ 3 маротиба бо корди хоҷагӣ ба аъзои бадани худаш зада, айни замон дар беморхона қарор дорад.
Сабаби сароғоз ҳамсарашро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида, баъдан қасди ҷони худ намудани ин ҷавонмарди 27-сола маълум нест. Тафтишот аз рӯйи ҳодисаи мазкур идома дорад.