Sebiston new 2024 october
ЧАРО ҶАВОНИ 20-СОЛА МАРДИ 36-СОЛАРО КОРД ЗАД?
1400


Дини мубини ислом нӯшидани шаробро ҳаром ҳукм намудааст, зеро он ақли инсонро тира гардонида, шаробхорро ба даррандаи ваҳшие табдил медиҳад, ки аз ягон кори нораво ҳазар намекунад.

Маъмулан, баъди ҳушёр шудан майпарайстон аз кирдорҳои дар сари мастӣ содир кардаи худ сахт пушаймон мешаванд, аммо тавре ки дар урфият мегӯянд: “Мушти баъди ҷанг ба ёд расидаро ба сари худ бояд зад!” Мурод аз ин гуфтаҳо кирдори як ҷавони 20-солаи тоҷик мебошад, ки дар сари мастӣ даст ба амали ҷиноӣ зада, ҳаёташро бо дасти худ сӯхт.

Вазорати умури дохила аз боздошти як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров хабар додааст, ки дар авбошию кордзанӣ муттаҳам дониста мешавад. Ба қавли манбаъ, боздоштшуда дар ҳолати мастӣ бо як ҷавонмарди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти моҷаро рақибашро ду корд задааст.

Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад ва имкон дорад, ки дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони беандеша чанд соли умрашро дар пушти панҷараи маҳбас сипарӣ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД