Чандин падару модар барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷарима шудаанд
10.01.2026
Oila.tj
82

Дар заминаи баргузории судҳои сайёр таҳлилу баррасӣ намудани амалу кирдорҳои номатлуби ноболиғон ва бемасъулиятии волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон яке аз василаҳои таъсиррасон дар таъмини волоияти қонуну тартибот ба шумор меравад.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъкид намуда, иттилоъ медиҳад, ки 43 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзандон нисбати волидайни ноболиғон тартиб дода шуда буданд, тариқи суди сайёр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати волидайни ноболиғон ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шудааст.

- Баргузории чунин судҳои сайёр минбаъд низ идома меёбад. Бо таҳлили кирдорҳои зиддиҳуқуқии ноболиғон, аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват карда мешавад, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД