Arzon march 2024
Чанд сирри нигоҳубини дастон дар фасли сарди зимистон
259

Синну соли занро аз рӯйи дастонаш фаҳмидан мумкин аст. Чеҳраи шумо ҷавону ботароват, вале дастонатон шахшӯл бошанд, албатта ин ба ҳуснатон бетаъсир намемонад. Барои солим ва ботароват мондани дастон, бонувон бояд даст ва нохунҳояшонро хуб нигоҳубин намоянд.

Чаро дастҳо дар зимистон шахшӯл мешаванд?

Бо гузашти сол пӯсти инсон тағйир меёбад. Чанд омил сабаб шуда метавонанд, ки дар пӯст ожангҳо пайдо шаванд, аз ҷумла зуд-зуд дастонро ба оби хунук задан, истеъмоли ғизои нодуруст, нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани тамоку, асабоният, сармо, шамолхӯрӣ ва ғайра ба ҳолати пӯст таъсири бад мерасонанд.

Хунукӣ - душмани пӯст

Дар фасли сармо дастони мо бештар зери хатар қарор мегиранд, зеро шамол ва ҳавои сард дар муқоиса бо офтоб пӯстро зудтару бештар хушк мекунад. Вақте аз кӯчаи хунук ба хонаи гарм медароем ё баръакс, ин ҳолат ба пӯсти дастон бетаъсир намемонад. Барои он ки дастонатон шахшӯл шуда, таровату зебоияшонро аз даст надиҳанд, бояд онҳоро хуб муҳофизат намоед. Барои ин ҳатман аз малҳам истифода бурдан лозим аст. Малҳамҳои муҳофизаткунанда қабати ноаёнеро ба вуҷуд меоваранд, ки пӯст тавассути он нафас мегирад ва инчунин ҳолати таббии худро нигоҳ медорад.

Аз кадом малҳам бояд истифода бурд?

Малҳамҳои махсус барои даст, ки дар таркибашон глитсерин, муми занбӯр, равғани зайтун ва дигар гиёҳҳои шифобахшро доранд, дар дастҳо пардаи тунукеро ба вуҷуд меоранд, ки дастони шуморо аз таъсири бади шамол, сармо ва оби хунук эмин нигоҳ медорад. Ҳар саҳар дастонатонро бо оби ширгарм шуста, баъдан малҳам молед. Ин амалро рӯзе чанд маротиба такрор кардан лозим аст.

Ҳавои хушк зиён дорад

Ҳавои даруни хона, ки аз гармӣ хушк мешавад, инчунин боиси хушкии пӯст ва кафидани дасту рӯй мегардад, аз ҳамин хотир дар фасли зимистон дастонатонро хуб нигоҳубин намоед, то ки ҷавон ва зебо бимонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД