Sebiston new 2024 october
Чанд рӯз истироҳатӣ мешавад?
948

Дигаргуниҳои сиёсии ҷаҳон хотираи неки шаҳидони Ҷангу Бузурги Ватаниро, ки барои наҷоти башарият аз фашизм ҷони худро нисор намудаанд, ҳаргиз аз дилу хотири мардум зудуда наметавонад.

Мардуми кишварҳои собиқ Шӯравӣ то кунун ҳар рӯзи 9 май “Иди Ғалаба”-ро бо эҳтироми бузург ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Имсол ба ифтихори “Рӯзи ғалаба” дар Тоҷикистон 3 рӯзи истироҳат дар назар дошта шудааст. Аниқтараш Иди Ғалаба чун ҳамешагӣ рӯзи 9 май ҷашн гирифта мешавад, вале рӯзи шанбе, 6 май рӯзи корӣ эълон шуда, баъдан санаҳои 7, 8 ва 9 май рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд гашт.

Имсол 78-умин солгардӣ ғалаба бар фашизм таҷлил карда мешавад. Муттассифона, шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сол то сол камтар шуда истодааст, вале аминем, ки қаҳрамониҳои падарони шуҷоъ ҳаргиз аз ёди фарзандону наберагону аберагонашон фаромӯш нахоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД