arzon replenishment
ЧАНД ДАЛЕЛИ АҶИБ ДАР БОРАИ ҲОҶӢ-МИРЗО: РӮҲОНИИ МАШҲУР 54-СОЛА ШУД!
5800


Мирзомурод Имронов, ки бо номи Домулло Ҳоҷӣ Мирзо машҳур мебошад, имрӯз ба синни мубораки 54-сол раисд. Ин ҷавонмарди заковатманд аз зумраи руҳониёни хеле машҳури тоҷик ба шумор рафта, бо амри маъруф ва маъвизаҳои пурмуҳтавояш дар дили ҳазорон-ҳазор одамон маъво гирифтааст.
Ҳоҷи Мирзо 22- сентябри соли 1967 дар маҳаллаи Кӯҳдоман, кӯчаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.

IMG_2446

Дар хонаводаи онҳо 6 духтару 3 писар бошад ҳам, танҳо Мирзомурод роҳи исломро пеш гирифтааст.


Вай пас аз хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи муҳосибии зодгоҳаш таҳсил намуда, солҳои 1985-1986 дар шаҳри Киеви Украина дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Шуравӣ хизмат кардааст. 26-апрели соли 1987 вақте дар нерӯгоҳи атомии Чернобл садама сар зад, дар қатори зиёда аз 600 000 нафар ихтиёриён Мирзомурод Имронов низ барои рафъи хисорот ба он ҷо фиристода шуд.

Ҳоҷи Мирзо

Пас аз адои хизмат соли 1987 ба зодгоҳаш баргаштаӯ дар корхонаи хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси ҳисобчӣ ба кор медарояд.
Ҳоҷӣ Мирзо таҳсилоти диниро аз соли 1980 то 1985 бо роҳнамоии модараш дар назди рӯҳонии шинохта Сомеъ Одинаи Хатлонӣ, ки бо лақаби Домулло Шарифи Кӯлобӣ маъруф мебошад, гирифтааст.

IMG_2561

Солҳои 1990-1995 бо тавсияи устодаш Домулло Шарифи Кӯлобӣ Ҳоҷӣ Мирзо дар назди Домулло Маҳмадуллои кӯлобӣ ҳадис омӯхта, баъдан барои тақвият додани дониши худ ба Покистон сафар мекунад ва то соли 2000 дар Донишгоҳи байналмиллаии исломии Исломобод таҳсил менамояд.
Ҳамин тавр зина ба зина дониши динии худро такмил дода, ин марди фозилу хирадманд дар байни уламои ислом соҳибэҳтиром гардид.

IMG_2566

Аз соли 2000 то 2010 Ҳоҷӣ Мирзо имомхатиби масҷиди ҷомеъи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб буд ва тавонист бо амри маъруф ва мавъвизаҳои таъсирбахш ва пурмазмунаш натанҳо дар дили мардуми Кӯлоб, балки дар қалби тамоми скинони кишвар ҷой гирифта, азизи дили мардум ва соҳибэҳтиром гардад.
Сабаби дар муддати кӯтоҳ машҳур шуданаш хоксорию фурӯтанӣ ва лафзи ширину муносибати боэҳтиромонаи Ҳоҷӣ Мирзо ба мардум мебошад. Вай мисли баъзе “домуллоҳои машҳур” худпарасту дағал нест ва кӯшиш мекунад танҳо дар такя ба Қуръон ва ҳадисҳои паёмбар ба саволҳои муслимин посух гуфта, бо нармию хушгуфторӣ то кадом андоза савоб ё гуноҳ будани ин ё он амалро фаҳмонад.

Ҳар як сухани Ҳоҷӣ Мирзо бори маънӣ мекашад ва маъвизаҳояш аз дониши васеъ ва мустаҳками ин рӯҳонии машҳур дарак медиҳанд.
Ҳочӣ Мирзо оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД