arzon replenishment
Чанд бор ҳаҷ рафтан иҷозат аст?
22.05.2025
Oila.tj
247

Оё ҳар сол ҳаҷ намудан барои касе, ки ин корро кардан мехоҳад ва ин амал барои ӯ душвор нест, хуб аст ва ё беҳтар он аст, ки дар ҳар се сол ё ду сол як маротиба анҷом бидиҳад?

САРВАР, ш. Душанбе

Посух:

- Аллоҳ таъоло ҳаҷро бар ҳар шахси мукаллафу тавоно як маротиба дар умр фарз гардонидааст. Агар беш аз як маротиба анҷом бидиҳад, пас он нофила ҳисоб мешавад. Яъне он фарз нест. Барои анҷом додани ҳаҷи нофила шумораи муайяне собит нашудааст, балки ба такрор анҷом додани он ба вазъияти молии шахс, саломатӣ ва аҳволи атрофиёнаш, аз қабили хешовандону камбағалон ва ба дигар манфиатҳои уммат, кумаки ӯ бар уммат бо ҷону мол ва ба мавкеияти ӯ дар уммат вобастагӣ дорад.

Пас ҳар кас бояд ба шароити худ ва он чӣ барои ӯ ва уммат беҳтар аст, назар кунад ва онро аз дигар чизҳо муқаддам бидонад.

Вале тавсия ин аст, ки назар ба ҳаҷи такрорӣ ва ҳар сол ба ҳаҷ рафтан ба камбағалон кумак кунед ё дар маҳали зистатон ободӣ кунед, яъне иншооте созед, ки ба мардум хизмат кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД