Sebiston new 2024 october
Чакомаҳои наврӯзӣ
589


                                           Лоиқ Шералӣ

 

НАВРӮЗ МУБОРАК БОД
Эй ғунчаи хандида,
Наврӯз муборак бод,
Эй чашмаи ҷӯшида,
Наврӯз муборак бод.

Эй камдили тарсида,
аз ишқ фурӯ бигзор,
Эй ошиқи шӯрида,
Наврӯз муборак бод.

Эй шохаи хушкида,
имсол ту нашкуфтӣ,
Эй пунбаи болида,
Наврӯз муборак бод.

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?
Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод.

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод,
Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод.


                                               Ҷаъфар Муҳаммад

 

НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!
Эй ёри баҳоройин, Наврӯз муборак бод!
Парвардаи Фарвардин, Наврӯз муборак бод!
Эй дасти баҳоролуд, эй чашми хуморолуд,
Эй кокули атрогин, Наврӯз муборак бод!
Эй ғаркаи хоҳишҳо, сармасти навозишхо,
Эй ошиқи фаррухдин, Наврӯз муборак бод!
Эй синаи бекина, эй қалби чу ойина,
Эй хонаи меҳрозин, Наврӯз муборак бод!
Эй рози тари борон, бар гӯши дили ёрон,
Табрик бигу ширин: Наврӯз муборак бод!
Эй ҳафт нишон аз «шин», дар суфраи ҷон биншин,
Эй ҳафт салом аз «син», Наврӯз муборак бод!


                          НАВРӮЗӢ
Оташкада озин шуд, Наврӯз гулафшон бод!
Исфанд Фавардин шуд, Наврӯз гулафшон бод!

Дасте, ки ба гулдӯзӣ мебурд диле дуздӣ,
Гулпарвару гулчин шуд, Наврӯз гулафшон бод!

Гул кард дарахти ҷуд, ҳар ҳарф ба лутф олуд,
Ҳар хор гулойин шуд, Наврӯз гулафшон бод!

Ҳафт омаду «син» омад, асб омаду зин омад,
Ҳар муҳрае фарзин шуд, Наврӯз гулафшон бод!

Як шуъла умед омад, бо сабзу сафед омад,
Ҳастӣ ҳама рангин шуд, Наврӯз гулафшон бод!

Чашм озари гӯё шуд, дил масти таманно шуд,
Лаб чокари таҳсин шуд, Наврӯз гулафшон бод!

Эҳсос музаффар шуд, дунё дили Ҷаъфар шуд,
Ҳар даст ба «Омин!» шуд: Наврӯз гулафшон бод!

Нормурод Каримзода

                      НАВРӮЗ МУБОРАК БОД

Айёми баҳор омад, Наврӯз муборак бод,
Илҳоми ҳазор омад, Наврӯз муборак бод.
Кардем видоъ бо дай, нӯшед зи ҷоми май,
Шодӣ ба канор омад, Наврӯз муборак бод.
Гаҳ абр гуҳар корид, гаҳ абр ба сар борид,
Давлат ба диёр омад, Наврӯз муборак бод.
Рафт аз дили мо ғамҳо, сарсабз шуд ин дунё,
Пайғоми нигор омад, Наврӯз муборак бод.
Бо фасли нав омад, бин, ин васли баҳоройин,
Ҳам ишқ ба кор омад, Наврӯз муборак бод.
Бингар ту ба “син”у “шин” чун неъмати Фарвардин,
Инъом зи ёр омад, Наврӯз муборак бод.
Парвози сухан ин ҷост, гулҳои Ватан ин ҷост,
Шеърам ба шарор омад, Наврӯз муборак бод.
Аз тафти замин шодам, в-аз шамс чӣ ободам,
Сармо ба фирор омад, Наврӯз муборак бод.
Аз моҳи Ҳамал дарёб, мекӯш ту дар ҳар боб,
Нерӯву мадор омад, Наврӯз муборак бод.
Деҳқон, ки саҳархез аст, дар кор арақрез аст,
Меҳнат ба барор омад, Наврӯз муборак бод.
Андӯҳшикан моем, ошиқ ба чаман моем,
Ҳамдард қатор омад, Наврӯз муборак бод.
Дил пок шуд аз кина, шуд сина чу оина,
Ҳам дафъи хумор омад, Наврӯз муборак бод.
Сад шӯру шарар дар дил, обод шуд ин маҳфил,
Абёти қатор омад, Наврӯз муборак бод.


Паймон

                        НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД

 

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ,
то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама олам,
Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Оне, ки фаромӯш буд, дар хонаи худ хуш буд,
Маншуру забонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Аз дӯст ба номи дӯст, овард паёми дуст,
Пайке зи амонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Авранги баландаш бин, Аржанги писандаш бин,
Доро шуду Монӣ шуд, то бод чунин бодо!
Бар рӯҳу равон яксар, пайдову ниҳон яксар,
Пайғоми ҷавонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Соҳибсухано, имрӯз, андар сифати Наврӯз,
Паймон натавонӣ шуд, то бод чунин бодо!


Таҳияи: Р.Қурбониён, У.Қурбонова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД