Интуитсия ё ҳисоб? Ё ҳарду?
Ҳар рӯз соҳибкор ба қарорҳои зиёд меояд: Оғоз кунам ё интизор шавам? Ба таблиғ сармоягузорӣ кунам ё маҳсулотро дигар кунам?
Ин танҳо интихоб нест - ин стратегия аст. Ва тамоми натиҷаҳо ба ин вобастаанд.
Қарор = рушд. Хатоӣ низ = рушд. Муҳим - интихобро бо шуур қабул кардан аст.
Дар воқеият, роҳи ягона нест. Қарорҳои беҳтарин - омехтаи се манбаанд:
- Таҳлил ва додаҳо
→ Рақамҳо чӣ мегӯянд? Пешгӯӣ чист?
Ин роҳи “ЭРУДИТ” аст - нафаре ки гипотеза месозад, додаҳоро ҷамъ мекунад ва месанҷад.
- Интуитсия ва таҷриба
→ Ман чӣ эҳсос мекунам? Кадом идея маро ҷалб мекунад?
Ин роҳи “ИНТУИТ” аст - шахсе, ки ба ҳисси ботинӣ такя мекунад.
- Муҳит ва фикру мулоҳизаҳо
→ Дастаи ман чӣ фикр дорад? Мизоҷон чӣ тавр вокуниш нишон медиҳанд?
Ин роҳи “РОҲБАРИ ГУРӮҲ” аст - касе, ки гӯш мекунад ва фикри дигаронро ба назар мегирад.
Мисол:
Илон Маск ба лоиҳаҳои бузург сармоягузорӣ мекунад, на танҳо бо ҳисоб, балки бо дарки оянда. Қарорҳои ӯ - омехтаи мантиқ, эътимод ва ҷуръатанд.
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#