Ин ситора дар самои ҳунари тоҷик соли 1986 тулуъ намуд. Аз он рӯзи нахуст, 24-уми июн то кунун, вай дар саҳнаи касбии санъати тоҷик муттасил ва устуворона қадам зада, 36 сол боз дар саҳнаи ҳунар майдондорӣ кард. Қадамҳои устувори ӯ дар роҳи ҳунари касбӣ бо таъсиси дастаи ҳунарии «Ганҷина», аз рӯзҳои нахустин шуруъ гаштааст.
Физике, ки ҳунарманди мардумитарин гардид
То ҳол муаммост, ки чаро Чилахони физик ба ангезаи таронасароӣ маҷрои зиндагиашро дигар кард. Чи зарурат дошт, ки қабл аз ба филармония ҳозир шудан факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намояд? Хандаи гуворое зада гуфт:
– Нимаи дувуми моҳи июни соли 1986 дар маҳаллаи Қаротегини пойтахт иҷоранишин будем. 1 ҳавлӣ поёнтар аз ҳавлии Мустафошон (директори вақти фабрикаи «Ширин») бо ӯ ва Лутфулло Давлат (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон) баҳскунон алаф медаравидем. Насими тозаву руҳи болида, суҳбати хуш бо бародарони ҳамватан маро то хиттаи Кангурт бурд. Фалак задам. Дӯстон дар ҳайрат монда қомат рост карданд.
Лутфулло:
– Қанд зан! – гуфт...
Мустафо:
– Дар шаҳр эълонеро хондам. Рӯзҳои наздик дар филармония дастаи фолклорие ташкил мешавад. Барои ҷалби истеъдодҳо озмун эълон шудааст. Зеби ҳамон ансамблӣ...
Лутфулло:
– Акам рост мегӯяд...
Гардан нафуровардам.
– Охир ман физикам, ҳофиз набошам...
– Истеъдод модарзодист, биё бахтатро бисанҷ, – хулоса кард Мустафо...
Аз дасти дӯстон ҷои гурез набуд. Лутфуллову Мустафо роҳбалад шуданд. Роҳ сӯи бинои филармония (ҳоло бинои ТВ «Сафина») ҳамагӣ ним соат кашид.
24.06.1986. Чилахон ба самъи доварон «Фалаки даштӣ» ва таронаи «Қаде дорӣ»– ро пешниҳод намуд. Ӯ суруди фалакро аз толор хонда – хонда ба саҳна баромад. Ҳар ду таронаро бе мусиқӣ адо кард.
Доварон – устодони ҳунару санъат ва илми тоҷик – Зафар Нозим, Алиризо Раҳмонқулов, Раҷаб Амонов, Ҷӯрабек Муродов, Гавҳар Мирҷумъаева, Низом Нурҷонов ва дигарон ӯро бо як овоз ҷонибдор шуданд. Садои баланд, лаҳни ширину самимиаш мақбули ҳакамон уфтод, ва ӯ аз ҳамон рӯз узви комилҳуқуқи «Ганҷина» гардид.
Маҳз бо кӯшишу заҳмати Чилахон Холов дар бадали сӣ соли охир таронаҳои халқии «Қошуқтарош», «Магаме», «Қаде дорӣ», «Дилу дил», «Хамида мӯи сиёҳ», «Каҷкулоҳ», «Бозубанд», «Баҳор омад ширинҷон», «Кадудона» аз нав эҳё шуданд...
Нобиғаҳо дар бораи нобиға
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар НОЗИМ:
«Чилахон садои баланди марғуб дорад. Хеле самимӣ, аз таҳти дил мехонад. Доимо дар ҷустуҷӯ, кофтукови хазинаи пурғановати халқ аст. Басо қобилиятнок аст. Орзу дорем, ки тамоми ҳаёташ ба хушбахтиву амонӣ гузараду ҳунарманди маъруфе гардад»
***
Артисти халқии СССР Ҷӯрабек МУРОД:
«Дар дунё назари Худо ва халқ бузург аст. Агар ҳунарманд назари ин дуро соҳиб шавад, боқӣ чизе лозим нест. Бигузор ба Чилахон ин назар афтад...».
***
Нависанда ва драматург Ато ҲАМДАМ:
«Дар самои ҳунари тоҷик ситорае дурахшид, ки он ситораи Чилахон аст...».
***
Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина ҲОШИМ:
«Ҳар гоҳе ки «Ганҷина» бо иштироки Зафар Нозиму Муродбек Насриддин ҳунар менамоянд, гӯшу ҳуш мешавам, аммо ҳунарнамоии Чилахон рангу бӯ, таровати дигар дорад. Чилахон, аз ту бӯи Одина Ҳошим меояд. Умри дарози бобаракат насибат бод!».
***
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло РАҶАБ:
«Чилахон аз зумраи ҳунарварони хоссаест, ки дарк мекунад, мешунавад ва мебинад. Роҳат сафед бод Чилахон!».
***
Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Раҳмондӯст ҚУРБОНИЁН:
«Чилахон овози хеле табиӣ дорад ва ба гумонам асоси комёбиҳош дар ҳамин аст. Дигар ин ки ҷӯянда аст ва дар интихоби таронаҳои мардумӣ завқи хосса дорад...».
«МАН АЗ ХАЛҚАМ НАМОНАМ»
Рӯзе оҳангсози маъруфе бо зардаву истеҳзо гуфт: «Чилахон, ту бояд ягон оҳанги маро саҳнавӣ гардонӣ». Боз чанд сухани дигар сарборӣ монд... Чилахон ғазабашро фурӯ нишонда, оромона посух дод:
«Ман аз халқам намонам, оҳангсози ман пирони кӯҳистони тоҷиканд, то онҳо ҳастанд, ман ҳеҷ гоҳ бекор нахоҳам монд...».
Бале, ӯ ҳақ аст. Халқ худ офарандаи беназир аст. Истифодаи ганҷи шойгонаш ба ҳеҷ ваҷҳ тиҳӣ нахоҳад шуд. Барои ба умқи он ғӯтавар гаштан ғаввосӣ, кӯшишу ғайрат ва суботкорӣ мебояд.
Аз идора: Имрӯз нобиғаи санъат ва сухансанҷи нозукадо, устоди санъати фолклорӣ ва миллӣ - Чилахон Холов аз олам даргузашт. Даст бар дуо мебардорем, ки Худо ҷояшонро Ҷаннат ва равонашонро шод гардонад. Омин!