Arzon march 2024
Чӣ хел ба ҳамсарам меҳр варзам?
1177

Новобаста аз синну сол зан ҳама вақт ба меҳрубонӣ ниёз дорад. Меҳрубонии шавҳар барояш туҳфаи азризшманд дар зиндагӣ ҳисоб мешавад.

Ба назар менамояд, ки ишқ афсона аст, аммо зану мард онро ба таври худ ҳис мекунанду иброз медоранд. Аз ин хотир, нофаҳмиҳо байни зану мард дида мешавад. Ҳарчанд як ҷуфт ҳамдигарро дӯст медоранд, аммо ин дустдориро баён намекунанд ва баҳсу мунозира миёни ду нафар пайдо мешавад.

Равоншиносон ҳама вақт маслиҳат медиҳанд, ки нофаҳмиҳоро бо воситаи суҳбат намудану баёни ақидаи худ метавон бартараф намуд. Аммо суҳбат кардан барои мардон кӯҳи тайнопазир маҳсуб мешавад.

Агар дар зиндагӣ ҳамсаратон шуморо пурсу ков намекунаду аз ину он намегӯяд, пас, бояд донед, ки ҳаёти шумо барои ӯ тамоман ҷолиб нест ва барояш фарқ надорад, ки шумо ба чӣ кор машғулед. Шумо бояд донед, ки ҳарчанд ӯ дар баратон аст, аммо аз шумо комилан дур асту дӯстатон намедорад.

Занон ҳама вақт мехоҳанд, ки ӯро дӯст доранду навозиш кунанд. Барои занҳо муҳим аст, ки шавҳар фақат аз ӯ бошад, аммо дар муқобил мардон бо вуҷуди дӯстдорияшон мехоҳанд ҳалқаи худро дошта бошанд ва дар бештари маврид намехоҳанд, ки ҳамсар ба ин ҳалқа ворид гардад.

Табиат ҳамин хел офарида шудааст, ки занҳо мехоҳанд бо як мард тамоми умр бошанд. Ҷанбаи дигари ҳолати равонии байни ду нафар ин аст, ки зан дар мард қудрат меҷӯяд. Яъне, марде бошад, ки мисли кӯҳ ба ӯ такя кунад ва бовар намояд, ки дар рӯзи сахтию тангӣ ӯро ҳимоя мекунад. Яъне, қудратеро, ки худ надорад, дар ҳамсафари ҳаёташ меҷӯяд. Дар муқобил мард низ аломатҳоеро, ки худ доро нест, мехоҳад ҳамсараш дошта бошад, ба монанди меҳрубонию нозукӣ, дастони бомазза ва хонаи зебову орододашуда.

Як чиз миёни ду нафари ошиқ боқӣ мемонад - ишқ. Онро ду нафар ду хел мефаҳмад. Бинобар ин, набояд ҳамсафари зиндагиро тарбия намуда, ба чаҳорчӯбаи худ даровард. Бо ин хел одам зиндагӣ кардан дилгиркунанда аст. Баръакс ӯро чӣ гунае, ки аст, қабул намоед ва донед, ки ӯ шуморо ҳам ҳамон гунае, ки ҳастед, дӯст медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД