Мо рэпсароёни зиёд дорем, ки машҳуранд, аммо шумораи камашон маҳбуби мардум гаштаанд. Диловар Андалибов, ки бо тахаллуси "Ad aka Dilovar" рэп мехонад, аз ҷумлаи онҳоест, ки тавонист дар чанд соли охир дар радаи аввали рэпсароёни маҳбуб қарор бигирад. Метавон гуфт, ки Диловар ва чанд рэпсарои дигар сабаб шуданд, ки солҳои охир боз консертҳои рэпсароён ташкил карда шавад. Яъне, дар ташкили рэп-консертҳо дар кишвари мо танаффуси калон буд.
Диловар ҳоло ҳам дар Инстаграм ва ҳам дар Ютуб фаъол аст. Дар саҳифаи Инстаграмаш пораҳо ва дар саҳифаи Ютубаш шакли пурраи рэпҳояшро мегузорад. Ӯро ҳоло дар Инстаграм 380 ҳазор ва дар Ютуб 236 ҳазор нафар пайгирӣ карда, рэпҳояшро миллионҳо маротиба гӯш кардаанд.
Ҳамчунин, рэпсарои мазкур аз ҷумлаи онҳоест, ки дар тағйир ёфтани усули рэп дар Тоҷикистон саҳм дорад. Пеш аз машҳуру шунаванда пайдо кардани Диловар, асосан дар мо рэпсароён бисёр кам бо усули нав (мисли суруд) мехонданд, аммо бо пайдо шудани чанд тан, аз ҷумла Диловар ин шакл анъана шуд, ки бархе мегӯянд рэп несту бархеи дигар мухолифанд.
Диловар Андалибов дар миёни ҳаводорони рэп бо рэпҳои "Ёдат ба хайр", "Камнамо", "123", "Эй паранда", "Бераҳм" "Диди Диловар" ва ғайраҳо шинохта шудааст, аммо сабаби аслии маъруфият ва маҳбубияти ӯ аввалин рэпаш бо номи "Давае" мебошад.
Метавон гуфт, ки Диловар Андалибовро маҳз рэпи "Давае" шинохта кард ва пеш аз нашри он як донишҷӯи оддии тоҷик дар шаҳри Маскави Россия буд.
Дар як мусоҳибааш ӯ чунин нақл мекунад:
- Дар Маскав донишҷӯ будам. Рӯзе дар хобгоҳ бо бачаҳо нишаста будем, ки чанд мисраи рэпи "Давае" дар сарам пайдо шуд. Ҳамон замон ба ҳуҷраи дигар гузаштам ва навиштам матнро. Ҳамин тавр, рэпи мазкур нашр шуд ва на танҳо ҳамватанони худамон, балки хориҷиён ҳам маро шинохтанд.
Дар ин росто, махсус бояд қайд кард, ки Диловар Андалибов дар ҷумҳурӣ ва берун аз он консертҳои худро ташкил карда, ба ҷуз обуначиёни сершумор боз мухлисони ҳақиқӣ дорад, ки дар баромадҳояш ӯро дастгирӣ мекунанд.