Пӯст танҳо қабати берунаи ҷисм нест, балки нишондиҳандаи ҳолати умумии организми мост. Сатҳи илтиҳоб дар бадан бевосита ба он вобаста аст, ки мо чӣ мехӯрем. Агар ғизо нодуруст ва номутаносиб бошад, он метавонад илтиҳобро зиёд кунад ва мушкилоти мавҷударо, мисли сурхшавӣ, хориш ё хушкшавии пӯст шиддат бахшад.
Табиби дерматолог Дмитрий Эллинский қайд менамояд, ки ғизо на танҳо ба саломатӣ, балки ба намуди зоҳирии мо, махсусан ба пӯст, таъсири мустақим дорад. Ӯ чанд гурӯҳи маҳсулотро ном бурд, ки ба беҳтар шудани ҳолати пӯст кумак мекунанд.
1. Моҳиҳои равғанин (лосос, скумбрия, сардина)
Ин навъҳои моҳӣ сарчашмаи хуби кислотаҳои равғании Омега-3 мебошанд, ки таъсири зиддиилтиҳобӣ доранд. Онҳо истеҳсоли моддаҳоеро, ки илтиҳобро зиёд мекунанд, кам мекунанд. Моҳиро 2–3 бор дар як ҳафта хӯрдан тавсия дода мешавад. Агар чунин имкон надошта бошед, беҳтараш бо маслиҳати духтур иловаи Омега-3 гиред.
2. Чормағз ва донагиҳо
Чормағз ва тухми зағир аз ҷавҳарҳои Омега-3, витамини Е ва руҳ иборатанд, ки барои пӯст ниҳоят муфиданд. Як мушт чормағз дар як рӯз на танҳо саломатиро беҳтар месозад, балки таъсири зиддиилтиҳобӣ ба пӯст дорад.
3. Буттамеваҳо (малина, кабудак, клюква)
Дар таркиби малина, черника ва клюква антиоксидантҳо ва полифенолҳое ҳастанд, ки раванди пиршавии пӯстро суст мекунанд. Доктор Эллинский маслиҳат медиҳад, ки буттамеваро ба йогурти беқанд илова карда, истеъмол намоед.
4. Сабзавоти баргдор
Испаноқ ва карам аз витамини К ва фолатҳо бой буда, ба таҷдиди пӯст ва паст кардани сурхшавӣ мусоидат мекунад. Салат аз баргҳои сабз на танҳо барои пӯст, балки барои тамоми организм муфид аст.
5. Зардчӯба
Моддаи асосии зардчӯба яке аз пурқувваттарин моддаҳои зиддиилтиҳобии табиӣ ба шумор меравад. Метавон онро ба ғизо илова кард ё “ширини тиллоӣ” омода намуд: ним қошуқча зардчӯба, чоряк қошуқча занҷабил ва ҳамон қадар дорчинро ба як пиёла шир илова кунед. Аммо иловагиҳои дорои зардчӯбаро бе маслиҳати духтур истифода набаред, миқдори зиёди он метавонад ба организм зарар расонад.
6. Меваҳои ситрусӣ
Афлесун, лимӯ ва грейпфрут сарчашмаи бойи витамини С ҳастанд, антиоксиданти пурқуввате, ки ба истеҳсоли коллаген кумак мекунад. Ин меваҳо иммунитетро мустаҳкам намуда, пӯстро ҷавон ва тобнок мегардонанд.
7. Чойи кабуд
Катехинҳои дар таркиби чойи кабуд мавҷудбуда илтиҳобро паст карда, оксидшавии ҳуҷайраҳоро бозмедоранд, ки яке аз сабабҳои пиршавии бармаҳал мебошад. Табиб тавсия медиҳад, ки ҳамарӯза 2–3 пиёла чойи кабуд бинӯшед.