Formula novemver 2024
Чӣ бояд кард, агар шуморо ҳашарот газад?
765

Фасли тобистон аслан айёми истироҳат аст. Кӯдакон ба таътил мераванд, ҷавонон ба оббозӣ, калонсолон ба осоишгоҳҳо, вале ҳашаротҳо ба ташвиш додану газидан...

Чанд сокини пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ба сомона аз паҳншавии омӯшакҳо ва магасҳои бешумор шикоят карданд. Чанд нафари дигар гуфт, онҳоро шабпаракҳо азият медиҳанд ва баробари кушодани дар ё тиреза зада, ба хона медароянд. Сокинони чанд ноҳияи вилояти Хатлон аз паншавии малах шиква намуданд. Дар ин миён, хатарноктаринаш ба инсон кадом аст?

Хомӯшаки оддие, ки ҳам инсон ва ҳам ҳайвонотро азият медиҳад, дар аввал безарар менамоянд, аммо он хатари калон ва ҳатто ҷиддӣ дорад. Олимони соҳаи биология онро яке аз хатарноктарин навъи ҳашарот номидаанд.

Мувофиқи омори тиббӣ ҳамасола дар ҷаҳон аз бемории вараҷа ва табларза зиёда аз 700 ҳазор нафар ҷон медиҳанд. Вараҷа бемории хатарноки ҳаёт аст, ки аз паразитҳои насли “Plasmodium” ё хомӯшакҳо ба вуҷуд меояд.

Аҷибаш дар он аст, ки то ҳол дору ё воситае ихтироъ нашудааст, ки хомӯшакро аз инсон комилан дур нигоҳ дорад. Албатта барои пешгирии паҳншавии онҳо чораҳои биологӣ дида мешавад, аммо қаноаткунанда нест.

Шабпараку магасҳо албатта безараранд, вале танҳо нисбат ба инсон. Зеро онҳо метавонанд хӯрок, ширинӣ ва дигар воситаи хӯроквориро ифлос кунанд.

Ҳамлаи малах бошад, маҳсули кори чандинмоҳаи деҳқононро зери хатар қарор додааст ва онҳо ҳоло бо селаи малах мубориза мебаранд.

Чӣ бояд кард, агар шуморо ин ҳашаротҳо газанд?

Агар шуморо магас, хомӯшак, клаппи ё дигар навъи ҳашарот газад: ҷойи газидашударо хоридан мумкин нест, баръкс ҷояшро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза кардан лозим аст ва барои сурх нашуданаш кремҳои зиддиалергиявӣ истифода намудан зарур аст. Барои хоришашро гирифтан ягон чизи хунук, ба монанди тушбераи дар яхдонбуда ё худи яхро дар рӯи захм гузоред, хоришу сӯзишро камтар мекунад.

Дар ҳолати алергия доштани шахс баъди газидани магасҳои хунхор ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД