ИДОМААШ.....
…Сафарбег Сайёраву Фирӯзаро ба хонааш овард ва ҳолашонро ба занаш ҳавола кард. Худаш бошад, ба ҳуҷраи дигар даромада, назди тиреза боз чанд вақти дигар чашм ба роҳ баст.
Сафарбег чанде ба роҳ нигарист. Охиран ӯ монда шуда, хобаш гирифт. Сипас, хост ба ҷойгаҳаш дарояд. Дар ҳамин ҳолат садои мошин ба гӯшаш расид. Хобаш аз ин садо тамоман парид. Ба роҳ боз чашм духта, ҳамон мошинро дид, ки омада Диловарро бурда буд. Ду тан аз мошин фаромада ба хонаи Диловар даромаданд.
Сафарбег чун ин ҳол бидид ба худ гуфт: "Оҳ, падарнаълатҳо, ҳозир Сайёраву Фирӯзаро дар хонаашон наёфта, ба хонаи ман меоянд" ва милтиқи шикориашро аз сандуқ гирифта ду яккатир ба он ҷой кард ва баромадани ниқобпӯшҳоро аз хонаи Диловар интизор шуд. Лекин он бадахлоқон ҳангоми баргаштан ба тарафи хонаи Сафарбег ҳатто нигоҳ накарда, ба мошин нишаста ба роҳашон баргаштанд…
Субҳ наздик мешуд. Борон аллакай аз боридан монда буд. Шамоли серҳаракати шабона намевазид; дигар садои шикасти шиферпораҳо ва шохаҳои дарахтонро намебаровард. Ба ҷойи ин садоҳои хурӯсон ва аф-афи сагҳо боиси халалпазирии муҳити сокит мешуд.
Акнун овози ба намоз даъват кардани муаззин аз масҷид деҳаро пахш мекард. Аз ин даъвати муаззин дар кӯчаҳо тап-тапи пой ҳис карда шуд. Қисме аз мардуми деҳаи Ҳафтчашма ба сӯйи масҷид қадам мегузоштанд. Дар қатори онҳо Сафарбег ҳам таҳорат карда, ба масҷид рафт…
…Мардум намозро хонда ба итимом расонданд. Сипас, муллои масҷид Ҳикматулло рӯ ҷониби мардум гардонд ва ҳар як намозгузорро бодиққат аз чашм гузаронд. Авзое ҳеҷ касро нотоб надид, симои касе аз ҳеҷ кадом ҳодисаи нохуш гувоҳӣ намедод. Вале худи муллоро ким кадом ҳодисаи нохуше нороҳат мекард. Шояд ҳамон тири таппончаи шаб садодода бошад?
Дар ҳақиқат, мулло Ҳикматулло хеле шахси мушоҳидакор буд, ба хурдтарин ҳодисоту воқеот аҳамият медод. Ӯ шаб садои тири таппончаро шунида, нороҳат шуда буд. Ҳамон вақт аз дил гузаронида буд, ки ба сари ягон ҳамсоя ҳодисаи нохуш омадааст. Аммо ҳоло ҳамаро тинҷу ором мебинад ва касе аз мусибате қисса намекунад. Мулло каме дар андеша шуд: "Охир наход шаб беҳуда дар кӯча садои тир баланд шавад? Ҳеҷ кас беҳуда тирпаронӣ намекунад. Аниқ ягон ҳодиса рух додааст, лекин чаро мардум хомӯшанд? Ё мардум аз ин садои тири таппонча бехабаранд? Охир, ин ҷо танҳо Диловар нест...»
Мулло бори дигар дар байни мардуми намозхон Диловарро ҷӯст, вале ӯро дарёфт накард. Ба худ хулоса баровард, ки ҳар ҳодисае рух дода бошад, дар ҳавлии Диловар рух додааст. Чунки Диловар ҳеҷ гоҳ бесабаб намозро қазо намекунад.
Дар асл ҳамин тавр буд. Диловар ҳеҷ гоҳ намозро, махсусан намози бомдодро қазо намекард. Дар вақти намози бомдод ӯ бо ҳамроҳии мулло пеш аз ҳама ба масҷид меомаданд ва то оғози намоз паҳлуи ҳам нишаста, ҳар ду суҳбат мекарданд.
Хулоса, мулло ба забон омад ва гуфт:
-Шумо шаб садои тири таппончаро аз ин кӯча шунидед?
Чанд тан аз ҳузурдоштагон бепарвоёна ҷавоб доданд.
-Ҳа шунидем. Ким кадом одами бекор беҳуда аз таппонча тир холӣ кард.
Дигарон хапу хомӯш монданд. Ҳатто Сафарбег ҳам чизе нагуфт. Мулло бори дигар ба мардум савол дод:
- Аз Диловар ягон нафаратон хабар доред? Ба ӯ чӣ мушкилӣ пеш омада бошад, ки имрӯз ба масҷид наомад? Охир ӯ ҳар рӯз пеш аз ҳама ба масҷид меомад ку.
Ҳама хомӯш монданд. Бо ишора аз ӯ хабаре надоштанро иброз доштанду аз суханони мулло дар ҳайрат афтоданд. Дар ҳамин ҳолат Сафарбег гуфт:
-Бобои мулло, ман аз аҳволи ӯ хабар дорам…
Сафарбег ҳодисаи шаб ба сари Диловар ва аҳли оилаи ӯ омадаро байни мардум ба муллоимом фаҳмонда дод. Мулло каме сарашро хам карда дар андеша шуд ва бо панҷаҳояш риши сиёҳашро, ки дар он ягон тори сафед дида намешуд, қабза карда монд ва ба худ гуфт: «Ин Диловар чӣ кори хато карда бошад? Шояд ӯ қиморбозӣ мекардаасту бой додаст? Ё бо шахсони бад ҳамнишин будааст? Э не, ӯ ин хел мард набуд. Ҳозира замона нотинҷ аст. Баъзе шахсон ҳар кор, ки хоҳанд, кардан мегиранд. На аз Худо метарсанду на аз қонун». Мулло рӯ тарафи қибла гардонда, даст ба дуо бардошт: «Худовандо, Диловарро дар паноҳи худ нигаҳ дор!».
Мулло марди поквиҷдону ростқавл буд. Ӯ дар вақтҳои холигӣ бо мардум бобати ростгӯиву ростқавлӣ панду андарзҳо ба забон меовард. Махсусан, ҳангоми суҳбат бо Диловар аз нозукиҳои дини Ислом сухан меронд, аз поку беолоиш будан ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят кардани дини Ислом қисса мекард. Ӯ дини мубини Исломро саросар одобу ахлоқ, покиву покизагӣ, фориғ аз амалҳои зишт ва ибодат ба Худованд медонист. Ғайр аз ин, мулло дар баробари илми Ислом илмҳои дунявиро низ хеле хуб аз бар карда буд ва ҷаҳонбинии васеъ дошт.
Муллоимом аз ҷой хесту ба мардум рӯ оварда гуфт:
-Ин кору борро бинед. Наход ҳамсояи барбадеворамонро аз хонааш ба зӯрӣ гирифта баранду мо дарак наёбем? Хайрият, ҳамин Сафарбег аз ҳоли Диловар хабар доштааст… Дар бораи рабудани Диловар, худи ҳозир ба милисаҳо хабар додан лозим.
Марде, ки чорзону зада, ба девор такя мекарду чашмони кабудашро аз мулло намеканд, ба забон омад:
-Эҳе, олӣ Диловарро вақт куштанд. Худатонро ин қадар гаранг накунед. Ӯро зинда ёфтан дигар имкон надорад.
Мулло бо қираи чашм ба ӯ нигоҳ кард, аз нав дар ҷояш нишаст. Ду дасташро сари зонуҳои худ монду гуфт:
-Диловарро намекушанд. Агар куштанӣ мешуданд, худашонро азоб надода, вайро бо худашон намебурданд, дар хонааш мепарронданд. Лекин шумо бояд ҳар ҳодисаеро, ки мебинед ё мешунавед, ба дигарон хабар диҳед, дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳамсояҳо кӯмак кунед,- мулло ба Сафарбег рӯ оварда, боз суханашро давом дод,- ту, Сафарбег, агар имконият дошта бошӣ, зану фарзанди Диловарро то пайдо шудани Диловар дар хонаат нигаҳ дор. Онҳоро ба хонаашон рафтан намон. Чунки онҳоро хатар таҳдид мекунад. Мо ҳозир аз пайи ҷустуҷӯйи Диловар мешавем…
Мардум якҷоя бо роҳбарии Ҳикматулло ба милисахона рафтанд. Милисаҳоро аз ҳодисаи шаби гузашта огоҳ карданд. Сипас, бо милисаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба ҷустуҷӯи Диловар баромаданд…
Офтоб ҳам аз паси кӯҳи Чилдухтарон баромад. Гоҳо аз зери пардаи тунуки абрҳои дудмонанд ва гоҳе бе ягон парда шуълапошӣ мекард; замини дар асорати боду борони шабмондаро гӯё бо дили хеле ҳассосу меҳру муҳаббати ошиқона менигарист; баргҳои дарахтонро, ки дирӯз дар шохаҳо гӯё мерақсиданд, зери ҳам дар замин мурда медид. Акнун барояш маълум мешуд, ки шабона лашкари сиёҳи боду борон ба ин замини бемарзбон чӣ гуна ҳуҷум овардааст.
Боди даҳшатангези шабона, ки гӯё аз баромадани Офтоб худро ба боди сабуксайр табдил дода буд, дар роҳу кӯчаҳои деҳаи Ҳафтчашма хеле хунук сайругашт мекард. Махсусан, дар ин субҳи барвақтӣ.
Дар ҳамин субҳ аллакай атрофи хонаи Диловарро мардуми зиёд иҳота кард буданд. Зану мард дар ҳавлӣ ва канори роҳ-назди дарвозаи хонаи Диловар ҷамъ шудаву рост меистоданд. Аниқтараш дар ин саҳар дар деҳа овозаҳои гуногун паҳн шуда буд: баъзеҳо хабари рабудани Диловар, базеи дигар хабари рабудани аҳли оилаи ӯ ва иддае хабари марги аъзоёни оилаи Диловарро шунида буданд. Барои ҳамин омадани одамон ҳам ба ин сӯ анҷом намеёфт, мардуми бисёри ҳарҷойӣ ҳам пайи ҳам ба ин тараф қадам мемонданд. Гӯё бод ин хабарро ба деҳаҳои дигар бурда бошад, ки аз ҳамсоядеҳаҳо ҳам одамон дар назди хонаи Диловар ҷамъ шудан мегирифтанд...
…Рӯз ба поён мерасиду мардум пароканда намешуд. Хабари милисаҳоро интизор шуда меистоданд. Ғайр аз милисаҳо боз як гурӯҳи ҷавонони деҳа низ ба ҷустуҷӯ баромада буданд.
Қарибиҳои шом милисаҳо аз доманаи пуштаи болои деҳа ҷасадеро дарёфт карданду ба хонаи Диловар оварданд. Лекин ин маитро сар набуд. Милисаҳо аз гардан болои онро наёфтанд. Тани маит бошад, бо корд рах-рах чок карда шуда буд, ки аз нишонаҳои танаш кӣ будани онро тасдиқ карда намешуд, вале аксаран инро ба Диловар нисбат медоданд. Ҷасадро ба зану фарзанди Диловар нишон намедоданд. Мӯйсафедону калонсолони деҳа фикр мекарданд, ки агар зану кӯдаки Диловар ин ҷасадро дар ин шакл бинанд, девона мешаванд ё аз тарсу ҳарос ба ягон беморӣ гирифтор мегарданд.
Рӯзи дигар шуду ҷасадро Диловар гуфта ҷаноза карда гӯрониданд. Вале ҳафтаҳо дар бораи Диловар будан ё набудан маит байни ҳамсояҳо баҳсҳо мехест. Фақат муллоимом ва чанд нафари дигар ҷасади Диловар будани онро рад мекарданд. Дигарҳо бошанд, баръакс. Мегуфтанд, ки агар он ҷасади Диловар намешуд, то ин дам Диловар пайдо мегашт ва ё аз ӯ хабаре мерасид…
Сайёраву Фирӯза аз шабе, ки Диловарро бурда буданд, як лаҳза хомӯш наменишастанд, пайваста гиря мекарданд. Аз замоне, ки майитро оварда, Диловар гуфта ҷаноза карданд, қариб то як ҳафта Сайёра дам ба дам аз ҳуш мерафт. Фирӯзаро ҳам ҳолаш аз ҳоли модар бадтар мешуд. Ӯ мисли моҳии дар хушкиафтида худро ба ҳар тараф мезад, гоҳ аз ҳуш мерафту гоҳ ба ҳуш меомад…
Як ҳафта сипарӣ шуд. Фирӯза ҷойи бозияшро- пушти дарвозаро тарк карда буд, ӯ дигар дар ин канори роҳ падарашро интизор намешуд, вале дили нозуки ӯ ба марги падараш бовар намекард; чашмонашро бошад, роҳи сангфарши деҳа чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид, яъне Фирӯза аз бетоқатӣ мехост ба кӯча барояду роҳи падарашро интизор шавад ва падараш баргардаду дастонашро бар гардани падарҷонаш ҳалқа карда, ба сару рӯйи вай бӯса занад; чуқур-чуқур аз назди гардани падар нафас гирад. Ҳамин тавр, дар қалбаш умеде оид ба бозгашти падарҷонаш мехуфт. Аммо баъди ҳафтаҳо маҷбур шуд сафари бебозгашти падаршро қабул кунад.
Рӯз аз рӯз ҳоли Сайёраву Фирӯза бадтар мегашт. Охир, чӣ тавр ҳолашон бадтар нашавад, ки ягона пушту паноҳ, такягоҳ ва нозбардору ғамхорашонро аз даст доданд. Дигар ба онҳо ҳеҷ кас дар зиндагӣ кӯмак намекунад, ҳеҷ кас пушту паноҳашон шуда наметавонад, ҳеҷ кас мисли Диловар ба онҳо хӯроку либос намеорад.
Рӯзу ҳафтаву моҳҳо пушти ҳам мисли донаҳои тасбеҳ мегузаштанд. Фирӯзаи панҷсола ҳеҷ ба худ намеомад. Ӯ рӯз аз рӯз аз ғами падар харобу хазон шуда мемонд. Аз рӯзи марги падараш майли хӯрокхӯрӣ намекард, иштиҳояш банд буд. Луқмае аз гулӯяш ба ҳазур намегузашт. Ҳар ҳафта то ду –се маротиба ҳарораташ баланд мешуд. Боз шабҳо дар хобаш «атаҷон» гуфта, гиря мекард ва аз ҷой якбора меҷаст…
Сайёра чун мурғи паршикаста дар биёбони тафсон танҳо монд. Ӯ ба кадом самт ҳаракат карданашро намедонист. Ғаму алам дар дилаш лона мекард. Аз як тараф, ғаму дарди шавҳар, аз тарафи дигар, Фирӯзаҷони хурдсол ва аз тарафи сеюм таҳдидҳои бародари шавҳараш ҷони ӯро ба лаб меоварданд. Дастрас кардани хӯрду хӯрок ҳам барои ӯ мушкил буд. Барои шиками худу духтараш маҷбур мешуд ба ҷустуҷӯи ҷойи кор барояд. Дар ягон совхоз ва ё идораву ташкилот барои худ кори мувофиқе ёбад.
Як сол нагузашта буд, ки ба сари Сайёра мушкилии дигаре омад. Ба қавле, болои сӯхта намакоб рехт. Бародари ҳамсараш, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекард, Сайёраро аз хонаву дар маҳрум кардан хост. Ӯро маҷбур мекард, ки лоқу парашро гирифта аз хона баромада равад. Аммо Сайёраи бечора ба куҷо рафта метавонист? Ӯ дигар ҳеҷ ҷойи рафт надошт. Хонаи падараш ҳам Сайёраву Фирӯзаро ғунҷонида наметавонист, чунки падараш кайҳо аз ӯ рӯ гардонда буд. Сабабаш дар он буд, ки мулло Акбар-падари Сайёра рӯзи тӯйи домодиву арӯсии Диловару Сайёра дӯстдории ин ду дилдодаро (онҳо аз даври мактабхонияшон ҳамдигарро дӯст медоштанд) фаҳмида, гӯё хилофи қонунҳои шариати Ислом бошад, шӯру ғавғоро бардошт. «Духтарам маро шараманда кард, бо ин ҷавон пештар мегаштааст, обу рӯйи маро дар назди мардум резонд»,- гуфта, дигар дидани рӯйи духтарашро нахост ва дар ҳамин рӯз Сайёраро, ба қавле «оқ» кард.
Мулло Акбар марди ақлкӯтоҳи якрав буд. Азбаски саводу ақли кофӣ надошт, беандеша амал мекард; ҳар кори ҳаққу ноҳақро ба таври худ дуруст шуморида, иҷрояшро ҳатмӣ медонист. Мабодо дар маъракаҳои деҳа масъалаи баҳсталабе ба миён меомад, ӯ сару садояшро баланд карда, гапашро мегузаронд. Илова бар ин, ӯ гаправ буд. Касе ба ӯ дар иҷрои ягон кор маслиҳат медоду ба вай маъқул мешуд, «сарашро дар санг зада» он корро иҷро мекард. Масалан, аз баҳри Сайёра бо маслиҳати як муллои чалласаводи дигар, ки ӯро устоди худ мешумурд, гузашта буд. Яъне, он мулло рӯзи тӯйи Сайёра ошиқии ин ду дилдодаро шунида, ба Акбар хабар дод ва боз таъкид кард: «Духтари мусулмон бояд ба ҳеҷ кас дил набандад. Бо ҷавони бегона гап задани духтар дар ислом ҳаром аст ва инро дини мубини Ислом иҷозат намедиҳад. Падару модари чунин духтар бояд аз баҳри духтарашон гузаранд.
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!