Идомааш...
Андаке гузашту муаллим ба худ омад. Аз Фирӯза чашм канда, сарашро сӯи Замин хам намуд ва сари зонуҳои худ намиро эҳсос кард. Сипас, бо рӯймолчааш ашки чашми ба ду бари рӯй шоридаашро пок карда монд ва ба худ гуфт: «Эй Худо, ин чӣ гап шуд. Чаро ин духтар тамоми вуҷудамро ба сӯи худ мекашад? Ӯро бори аввал мебинаму мехоҳам падарвор ба оғӯшаш гирам. Мехоҳам бо вай ҳамсуҳбат шаваму ба ӯ дарди диламро гӯям. Гӯё ман бо ӯ вохӯрам, ҳама дарду аламам ба итмом мерасида бошад».
Муаллим дар ҳамин андешаҳо буд, ки Фирӯза назди вай, дар масофи даҳ метр дуртар якбора дар ҷояш нишаст. Даст бар дил бурд ва аҳволашро хеле бад ҳис кард ва аз дил гузаронд: «Ё Худоё, қувватам бидеҳ, то аз ҷой бархезам». Фирӯза аз ин аҳволаш сахт тарсид. Фикр мекард, ки ҳамин лаҳза ва ё лаҳзаи дигар аз ҳуш меравад. Ӯ акнун ба кӯмаки кас эҳтиёҷ пайдо намуд, интизори он шуд, ки касе дасташро гирифта, ба вай кӯмак расонад. Ақаллан ба дохили бино барад ва ё ба ӯ як қулт об диҳад. Аммо касе ба вай аҳамият намедод. Дасташро намегирифт…Муаллим ҳам ёрои ба кӯмакаш расиданро надошт.
Фирӯза бо як аҳволи бад аз ҷой хест. Ба пеш қадам гузошт. Дохили бино даромад, вале як лаҳза ҳам аз чашми муаллим канор намемонд. Муаллим ӯро то нопадид шуданаш назора мекард...
Фирӯза аз чашми муаллим нопадид шуду муаллимро дар фикру хаёлҳо гузошт. Вақте Фирӯза аз чашми муаллим дур шуд, муаллим бо ангуштонаш ким чӣ ишора мекард, гӯё ӯ солҳои гузаштаро мешумурд. Ҳамин тавр, андаке гузашту муаллим тоқати дар ҷояш нишастан накард. Аз қафои Фирӯза рафт ва ба бино дохил шуд. Дар дохили бино, ки толореро мемонд, муаллим Фирӯзаро назди овезаи девор дид. Паҳлуяш духтараки дигаре ҳам меистод.
Муаллим ором намешуд. Кӣ будан, аз куҷо будани Фирӯза ӯро водор мекард, ки бо вай ҳамсуҳбат шавад. Аз ҳамин сабаб ба назди Фирӯза рафту дақиқае паси пушти вай рост истод. Ин вақт ҳиссиёти Фирӯза боло рафт, мисли кабки дар қафасбуда бетоқат шуд, роҳи нафасаш танг гашт ва ба гумонаш бӯйи падарашро эҳсос кард. Ӯ дар дили худ гуфт: «Худоё, бӯйи падарамро эҳсос мекунам. Бӯйи падарам! Ин бӯй танҳо ба падарам хос аст!»,-лекин як маротиба ба пасаш нигоҳ накард.
Муаллим ҷуръати бо Фирӯза ҳамсуҳбат шуданро накард. Ба симои Фирӯза нигоҳ карда натавониста гузашт. Чанд қадам аз Фирӯза дур шуда буд, ки овози Фирӯза ба гӯшаш расид. Муаллим дар ҷой истод. Ба тарафи муқобил нигоҳ накарда ба худ гуфт: «Шеваи ховалингӣ. Ин духтарак аз Ховалинг аст. Бо шеваи мардуми онҷо гап мезанад». Муаллим ин биандешиду оби чашмашро дошта натавонист. Ашкаш бари рӯяш мешорид, чашмонаш сурх мешуд. Рӯймолча ҳам дигар ашкашро намехушконид. Вай каме дар фикр фурӯ рафт: «Наход ин духтар духтари ман бошад? Боз аз Ховалинг аст. Охир, агар ин духтарак Фирӯза набошад, вай чӣ тавр метавонад ҳама ақлу ҳуши маро аз думболи худ барад. Агар ин духтар Фирӯзаҷон набошад, чаро то имрӯз боре ба ин ҳолат гирифтор нашудаму бо дидани вай меҳру муҳаббати беандоза дар вуҷудам ба шӯр омад. Не! Ин Фирӯза нест! Наход ман духтари худамро нашиносам. Ман Фирӯзаро аз сад метр дуртар бинам, мешиносам…»
Муаллим беҷуръатона, бо чашмони аз гиряи хомӯшона сурхшудааш ба қафо, ба Фирӯза нигоҳ кард, ки чашмаш бар чашми Фирӯза бархӯрд. Ба чашмони Фирӯза нигоҳ карду чун ҳайратзада худро гум карда монд. Гӯё чашмони ин духтар узвҳои дарунияшро сӯрох мекарданд. Мӯйҳои баданаш рост шуданд. Ларза дар андомаш афтод. Аммо кӣ будани Фирӯза барояш ҳоло ҳам номаълум буд. Фақат чеҳраи Фирӯза дар назараш, ба қавле, гарм ва хурдсолии духтарашро назди чашмаш падидор менамуд.
Фирӯзаро ҳам ин нигоҳи муаллим қариб, ки аз ақл бегона кард. Вай бо дидани симои муаллим аз беқувват шудани дасту пояш огаҳӣ ёфт. Дилаш суст шуда монд. Ҳарчанд ӯро авзояш аз нигоҳи муаллим бад шуд, лекин аз он чашм кандан намехост, балки мижа таҳ кардан барояш халал мерасонд. Чунки Фирӯза дар рӯ ба рӯяш падарашро медид. Вале боз ба ин бовар намекард. Охир, чанд сол пеш падараш гузашта буд- ку. Аз ин рӯ, Фирӯза дудила шуд. Ба дили худ гуфт: «Ин -падарам. Ё Худо, ман хоб дида истодам ё арвоҳи падарамро мебинам?».
Окибат, Фирӯза худро ба даст дошта натавонист. Гиря роҳи гулӯяшро баст. «Падарам ҳам набошад, майлаш, ҳеҷ не ақаллан дилам тар шавад!»,- гуфта, бо садои баланди ғиҷовагирифта «атаҷон» гуфта, ба сӯйи муаллим давид. Худро ба оғӯши ӯ партофт. Муаллимро «атаҷон» гуфта бӯсиду дастонашро давр то даври гардани муаллим ҳалқа кард ва дар оғӯши муаллим аз ҳуш рафт.
Дар ҳақиқат, ин муаллим Диловар, падари Фирӯза буд, ки меҳри фарзанд ӯро нотоб карда мемонд. Ӯ духтари худашро то ба оғӯш гирифтанаш нашинохта монд. Аммо Фирӯза ба як дидани рӯйи падар ӯро шинохту бовар намекард. Бовар намекард, ки ин мард падараш аст. Ин қадар сол гузашта бошад ҳам, лекин симои падарашро фаромӯш накарда буд. Ҳатто хурдтарин доғи рӯйи падар ба ёдаш буд. Аммо «ҷанозаи падар» боз дар дилаш шубҳа меандохт. Боварии ӯро оид ба падараш будани ин муаллим коста мегардонд.
Диловар акнун боварӣ ҳосил кард, ки ин духтарак Фирӯза аст, ки аз дуриҳо ҳама гӯшу ҳушашро ба сӯйи худ ҷалб мекард…
Мардум атрофи падару духтарро гирдогирд иҳота карданд. Дар зарфе об оварда ба Диловар доданд. Диловар об ба рӯйи Фирӯза пошид. Фирӯза ба ҳуш омаду худро дар бағали падар дид. Ӯ даст ба рӯйи падар бурда, аз назди гардани падар чуқур-чуқур нафас гирифт ва аз бӯйи он мутмаин шуд, ки ин муаллим, дар ҳақиқат, падараш ҳаст. Чунки ӯ то ҳол бӯйи падарашро фаромӯш ва онро аз тани каси дигар эҳсос накарда буд. Фирӯза дар ҳамин ҳолат гуфт:
-Атаҷон, ман намедонам шуморо дар хоб дида истодаам ё дар бедорӣ?,- ва сару рӯйи худ қафаси синаи падар гузошт.
-Фирӯзаҷони ман, ту маро дар бедорият мебинӣ, дар бедорият! Ин хоб нест, ин ҳақиқат аст, духтарам, -гуфта мегирист Диловар...
Диловар духтарашро дар бағал гирифта аз ҷой хест. Аз сару рӯяш бӯса ва аз ин хушбахтӣ дарду аламашро сабук мекард. Фирӯза ҳам аз оғӯши падар худро раҳо намекард. Вазнин-вазнин нафас гирифта, гӯё ғаму дардашро аз дил мебаровард. Ҳамин тавр, баъди чанд дақиқаи суҳбату меҳрубониҳо Диловар Фирӯзаро то дари синфхона бардошта бурд ва то интиҳои имтиҳон пушти дар истод.
Вақте Фирӯза имтиҳонро ба охир расонд, давон-давон аз синфхона баромада боз падаршро оғӯш гирифт. Сипас ҳар ду ба истгоҳи мошинҳо омаданд. Диловар дари мошинашро кушода, дар мошин нишастанд.
-Атаҷон!,- бо табассум гуфт Фирӯза
-Ҷони ата.
-Ба куҷо меравем?
-Ба назди модарат, духтарам. Туро, ки ёфтам, албатта, модаратро ҳам меёбам. Наход ту маро ба назди модарат набарӣ-а?
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!