Тобистон буд. Осмони кабуди болои шаҳрро пораи абре доғдор намекард. Дар ҳеҷ гӯшае аз осмон хурдтарин зарраи абре дида намешуд, вале миёни ин чодари кабудранг оташи зардранги доирашакл қарор дошт, ки чун ханда бар лаб алангаҳои худро ба ҳар ҷониб паҳну парешон мекард.
Нурҳои зарҳалии он ба Замин бармехӯрду бо худ гармии зиёд меовард ва касро зери нурҳои худ саргаранг месохт.
Дар шаҳр гармӣ аз ҳад зиёд меафзуд. Хонаҳои «сементӣ»-и бисёрошёна метасфиданд. Дар раҳу рӯ одамон сайругашт намекарданд. Махсусан, дар ин нисфирӯзӣ касеро ҷуръати ба кӯча баромадан набуд. Аҳён-аҳён одамони корафтодаеро дар кӯчаву маҳаллаҳо дидан мумкин буду халос. Мошинҳо ҳам мисли саҳару бегоҳирӯзҳо дар кӯчаҳо намешитофтанд, дар роҳҳо танба намешуданд.
Фазои тобистонаи гарми беғубор бештари мардумро ба ҷойҳои салқинтар мебурд. Одамон даруни хонаҳо назди асбобҳои шамолдиҳанда менишастанд ва ё ба канори рӯду кӯлҳо мерафтанду оббозӣ мекарданд. Ин ҳолат ҳар рӯз то вақти шом, то салқинтар шудани боду ҳаво идома меёфт.
Болопӯши айвони 20-30-метраи бозорчаи «Чаманоро» дар ин фасли гармо гармиро мегузаронд. Он дар зери шуои офтоб ялаққос мезад. Дар зераш савдогарон саргаранг ба кору борашон машғул мешуданд. Арақ аз сару рӯяшон мечакид, роҳи нафасашон танг мешуд. Дар баробари ин шамоле намевазид. Агар боде вазад ҳам, шамоли салқин не, балки шамоли гарм мевазад.
Аз ин рӯ, савдогарон бо латтапораҳо, дафтарҳо, қоғазҳои ғафс ва ё дигар ашёҳои ба инҳо монанд ба сару рӯяшон шамол медоданду пушти рафҳои дар ихтиёр доштаашон менишастанд. Ана, маҳз аз сабаби ҳамин гармӣ дар ин бозорча ба ҷуз савдогарон касе набуд, харидоре ба ин бозор тоб намехӯрд. Харидорон оянд ҳам, дар саҳаргоҳон ва ё шомгоҳон-дар салқинӣ меомаданд. Гирду атрофи бозорча бошад, сокит буд.
Фурӯшандагон паҳлуи ҳам дар рафҳои қатор –қатори бозор менишастанд. Ду- ду, се-се ҳар ҷо ҷамъ шуда, аз ҳар дар сухан мегуфтанд. Баъзеи дигарашон бошанд, кабудиву мевагиҳои худро аз чангу ғубор тозаву озода карда, барои фурӯш омода месохтанд.
Лекин Сайёра ба ҷуз андеша кардан ба коре андармон намешуд. На сабзавоти худро тоза ва ё бандча мекарду на ба касе гап мезад. Дигарҳо ҳам ӯро барои суҳбат даъват намекарданд. Чизеро намепурсиданд. Шояд аз Сайёра ранҷида бошанд, ки чанд сол инҷониб ба ҷуз салом ҳарфе ба ҳам намегӯянд. Гӯё аз Сайёра метарсанд. Кас гумон мекунад, ки ё Сайёра зани ҷанҷолӣ, бадқаҳр, бешарму беҳаё аст, ё онҳоро шояд барвақттар хафа кардааст… Ё шояд зиндагии вазнину тоқатфарсо ӯро чунин камгапу одамгурез карда бошад.
Дар салқиниҳо, ки харидорон дар бозор пайдо мешуданду ҳаёҳу авҷ мегирифт, ҳар кадом фурӯшанда аз чанд метр дуртар харидоронро ба сӯйи худ даъват мекард: «Марҳамат, кабудӣ гиред!... Кабудиҳои тару тоза, нав овардам, болаззатанд…». Лекин ҳангоме ки харидоре ба ҷониби Сайёра меомад ва ё аз назди ӯ мегузашт, ҳама хомӯш мемонданд. Савдогарон дар ин ҳолат харидорро бо сару садоҳои худ ба наздашон даъват намекарданд.
Ҳамин ки харидор аз назди Сайёра ду-се қадам дур мешуд, боз ғалоғула бармехест… Савдогарзанҳо ҳатто шомгоҳон, ҳангоми ба хонаҳояшон баргаштан ба Сайёра хайрухуш намекарданд. Сайёра ҳам ба онҳо чизе нагуфта, хомӯшу бесадо ба роҳ баромада ба хона мерафт. Чунин менамуд, ки Сайёра аз дигар сайёра асту дар ин ҷо бегона. Лекин ин тавр набуд. Савдогарон аз Сайёра наранҷидаанд, балки ба ҳоли Сайёра раҳмашон меояд. -Як сар дорад сад хаёл. Ба ҳоли худаш истад беҳтар аст. Бечора- рӯзгораш вазнин.
Шавҳар надорад, ду духтарашро бо маблағи ҳамин кабудиҳо мехӯронад. Боз иҷорапулӣ, пардохти маблағи қувваи барқ. Охир, дар шаҳр зиндагӣ кардан осон нест. Махсусан, барои зани танҳо. Сайёра хеле зани баномус аст, агар беномус мешуд, аз ин ҷо нишастан ба фоҳишагӣ даст мезаду маблағи калон меёфт. Ҳатто дар тарабхонаҳо, ки барои ӯ аз бозор бартарӣ дорад, ба ҳайси пешхизмат ба кор намедарояд, ки бадном мешавад ,- мегуфтанд.
Сайёра пушти рафи дар ихтиёрдоштааш рост меистод. Бо касе гап намезад. Ӯ чашмони гирд-гирди дар косахонаи сар нишастаашро ба нуқтае дӯхта, то ним соат ва аз ин ҳам зиёдтар аз он чашм канданашро фаромӯш карда мемонд. Мисли дигар занҳо ба сару рӯйи худ ҳам шамол намедод. Гӯё ин гармии аз ҳад зиёди боду ҳаво ба ӯ бетаъсир мемонд. Ташнаи об ҳам намешуд. Чунин менамуд, ки ин зан дар обу оташ обутоб ёфтаасту гармиву сардиро эҳсос намекунад. Ҳатто як маротиба ҳам аз гармии боду ҳаво шикоят намекунад, «уф» намегӯяд.
Дарду алами вуҷуди Сайёра аз офтоб дида сӯзонтар буд. Ғаму гуссааш гӯё Сайёраро фурӯ мебурду то рафт лоғартар мекард. Ҳатто устухонҳои манаҳаш аз масофаи наздик намудор мешуданд. Дар чеҳрааш ожангҳо медамид. Тану пайкараш бошад, ба тану пайкари кӯдак табдил меёфт. Дар панҷаҳояш рагҳои сершумори печдарпеч кабудӣ мекарданд.
Сайёра пир нашуда бошад ҳам, рӯз ба рӯз қуввату қудрати худро гум мекард. Дасту бозуяш мисли пештара боқувват наменамуд. Ҳусну ҷамоли пештарааш нопадид мешуд: ранги рӯйяш чун сафедхок беҷило менамуд. Абрувони борики сиёҳи пайвандиаш ба вай дигар зеб намедод. Дар мӯйҳои сиёҳи зери рӯймоли монанд ба шаби ситоразор, яъне рӯймоли сиёҳ, ки дар худ нигинҳо дошту ин нигинҳо аз худ ҷило берун мекарданд, аҳён-аҳён сафедторҳо ёфт мешуданд. Дар лабонаш табассум намедамид. Баръакс, баръало маълум буд, ки симои Сайёраро пардаи ғаму ғусса мепӯшонад.
Сайёра ҳар рӯз дар бораи рӯзҳои гузаштаи хеш меандешаду бо таассуфи зиёд ба худ мегӯяд: «Кош Худованд маро ба ин дунё намеовард. Маро ин қадар азоб намедод. Хотири ду духтарам, вагарна кайҳо ҷонамро аз ин дунё халос мекардам…».
Паҳлуи Сайёра паси раф духтараки чеҳракушодаи сабзинае менишаст. Ин духтари Сайёра Фирӯза буд.
Вай 17 сол дошта бошад ҳам, лекин ба духтари ҳабдаҳсола ҳеҷ монандӣ надошт, афту андомаш духтари 15-соларо ба хотир меовард: ӯ духтари резапайкар, миёнақади химчамиён буд, чашмони шаҳло, абрувони сиёҳи дароз-дароз, лабони борик, дандонҳои сап-сафеди бенуқс ва рухсораҳои сурхранги дилкаше дошт. Чашмони шаҳло дар зери мижаҳои сиёҳи дарозаш медурахшиданд.
Фирӯза паси раф ба модар кӯмак мекард. Ӯ бо дастони нозукаш кабудиҳоро бандча карда мемонд, то кори модараш сабук шавад. Ин кори ҳаррӯзаи вай буд. Фирӯза ҳар рӯз: чи дар фасли тобистон ва чи дар баҳору замистон, дар вақтҳои холигии худ омада ба модар ёрӣ медод.
Сайёра ба худ омад. Акнун фикрҳояшро ба вақти холигии дигар гузошт ва ба духтараш Фируза муроҷиат карда гуфт:
-Духтарам, акнун ту ба хона баргард. Хоҳаратро нигоҳубин кун. Барои ҳар дуятон хӯроки нисфирӯзӣ омода соз. Боқимонда кабудиҳоро ман худам бандча карда мемонам.
Фирӯза хапу хомӯш монд. Гӯё ба даҳонаш об гирифта бошад, ба модар чизе нагуфт. Ҳатто ишорае оиди рад ё қабули хоҳиши модар накард. Корашро давом дод. Вай аз кабудиҳо ду бандчаи дигар тайёр карда монд.
Сайёра дар болои сари духтараш рост истода, бодиққат ба ӯ нигарист. Ба кору бори ӯ аҳамият дод. Ангуштони борики Фирӯзаро аз чашмаш дур накарда, ба хосакор будани духтараш эътимод карду хурсанд шуд. Вале аз чӣ бошад ки дар таги дилаш тарсу ҳарос ҷой гирифта буд. Ӯ метарсид, ки мабодо тақдири ояндаи духтараш мисли тақдири худаш талху шӯр нагардад. Ана, ҳамин тарс буд, ки вай аз таги дил шабу рӯз дуо мекард, ки илоҳо духтараш Фирӯза дарду ғамро набинад, дар зиндагӣ монанди модараш азобу азият накашаду хушбахт бошад.
-Хез, духтарам. Хез охир,-кафи дасти лоғари худро болои сари Фирӯза бурда, бори дигар бо меҳрубонӣ овоз баровард Сайёра.
Фирӯза аз паси рафи якметраи дар ихтиёрдоштаашон бархест. Дастонашро бо латтапорае пок кард. Сипас, даст ба сар бурд. Вай хост рӯймоли симсимакдори сурхрангашро ба тартиб дарорад. Лекин рӯймоли мисли тани моҳӣ лағжонаки вай кайҳо ба пушти сараш фаромада буд. Фирӯза гиреҳи рӯймолашро кушода, аз нав мӯйҳои сиёҳи дарозашро зери рӯймол панаҳ кард ва рӯяшро ба тарафи модараш гардонд. Вай ба чеҳраи модар чашм дӯхт. Ба ожангҳои пешона ва рухсораҳои модар аҳамият дод. Кифту бозу ва куртаи сиёҳи модарро ҳам аз назар дур нагузошт…
Сипас, Фирӯза сарашро хам гирифта ба пеши пояш нигарист. Каме дар андеша шуд. Вай давраҳои нисбатан ҷавон будани модарашро ба ёд овард. Зиндагии якҷояашонро бо падараш низ. Дар он солҳо модараш ин қадар лоғар набуд. Дар чеҳрааш ҳам ожангҳо набуданд. Модар ҳеҷ гоҳ қошу қавоқашро намеандохт. Доим дар лабонаш табассум ҳувайдо буд. Ҳозир бошад чӣ? Баръакс шудааст. Боре Фирӯза модарашро хурсанд намебинад. Модараш рӯз ба рӯз харобу хазон шуда рафта истодааст, маъюс аст, хурсанд нест, аммо дар назди ӯ аз дарду алам ё аз сахтиҳо шикоят намекунад ва ҳатто «уф» ҳам намегӯяд.
Вале «ранг бину ҳол пурс»- гуфтаанд… Ба болои ҳамаи ин, ана ҳамин куртаи сиёҳи рангпаридае, ки дар тани модар аст, аз рӯзгору зиндагии ӯ дарак медиҳад. Фирӯза медонад, ки ин курта аз кадом давра боқӣ мондааст. Модараш ҳангоми ин матоъро аз дасти падараш гирифтан чӣ тавр механдид. Он рӯз модар чӣ қадар хушҳол менамуд. Ин 12 сол пеш буд. Лекин ҳоло бошад, модар ин матоъро бо дарду алам мепӯшад, боз модари бечора онро хеле эҳтиёт мекунад.
Бисёр эҳтиёт мекунад, ки ҷое бархӯрда надарад. Охир, ӯ барои ба кӯча баромадан ҳамагӣ ду курта дорад. Яке ин куртаи сиёҳ, ки ҳоло дар тан дорад ва дигаре куртаи сурхранги гулҳои кабуддошта, ки ҳангоми чиркин шудани яке дигарашро ба бар менамояд.
Дар чашмони Фирӯза ашк ҳалқа зад. Дилаш ба ҳоли модараш сахт сӯхт. Модари бечора ва бекасу кӯяшро намедонист, ки чӣ гуна дилбардорӣ кунаду аз ин рӯзгори сангин раҳонад.
Ӯ боз дигарбора ба модар нигоҳ карду бо овози борикаш гуфт:
-Очаҷон, ман бо шумо истодан мехоҳам. Шуморо танҳо намегузорам. Аз пешатон дур равам ҳам, аз пеши чашмам дур намешавед. Монед, ман бо шумо истам.
Сайёра даст бар байни шонаҳои Фирӯза бурда, ба чашмони луқи оби вай чашм дӯхт ва ҷавоб дод:
-Фирӯзаҷон, духтарам! Худат дида истодаӣ, ки боду ҳаво чӣ қадар гарм шуд. Харидоре дар бозор тоб намехӯрад. Касе чизе, ки хариданӣ шавад, бегоҳирӯзӣ –дар салқинӣ меояд. Акнун истодани ту дар ин ҷо чӣ маъно дорад? Рав, духтарам, дар ин гармӣ азоб мекашӣ. Офтобро бин, тунукаҳоро тафсонда, гармияшро ба сару рӯйи мо мезанад. Рафта ба хоҳарат хӯрок бидеҳ. Ӯро нағзтар нигоҳубин кун.
-Майлаш, очаҷон! Ман меравам, лекин шумо кай меоед?
-Ман
Мистер Р (26.10.2020 13:33):
ҳоло ҳамин ҷо меистам. Якбора баъди шом бармегардам.
Фирӯза боз сар то пойи модарро аз назар гузаронду ба худ гуфт: «Ин модари бечораи ман чӣ рӯзҳои вазнинро аз сар нагузаронд. Ба хотири фарзандон ба обу оташ тоб овард. Касе пайдо нашуд, ки дар зиндагӣ ба вай кӯмак кунад. Акнун ман ҳам калон шудаму ба ӯ ёрӣ расонда наметавонам… Чӣ қадар тақдири шӯр доштааст. Чӣ қадар тақдири талх доштааст, ки касе мададгораш нашуд. Худованд ягона мададгор, пушту паноҳ, ғамхору ғамгусорашро аз ӯ гирифт. Агар падарам зинда мебуданд, ҳеҷ гоҳ модарам ин қадар азоб намекашиданд, хор намешуданд. Оҳ падар, агар зинда мебудиву ин ранҷу машаққати модарамро бо ду чашми сарат медидӣ, тоб наоварда, об шуда мерафтӣ».
Фирӯза вазнин-вазнин нафас гирифт. Оби чашмонашро бо кафи дасташ пок кард ва ба модараш гуфт:
-Модарҷон, илтимос, барвақттар ба хона баргардед, ман ба шумо кор дорам.
-Чӣ кор дорӣ, духтарам? Ҳамин ҷо гап зан.
-Фардо ман имтиҳон дорам. Бояд имтиҳонро супорида ба донишгоҳ дохил шавам. Аз ин сабаб хоҳиш мекунам, ки фардо ҳамроҳи ман бошед, бо ман ба донишгоҳ равед.
Сайёра сарашро каме хам гирифта дар андеша шуд. Сипас, ба рӯйи Фирӯза нигариста гуфт:
-Духтарам, гуфтам ку, ту худатро ин қадар беҳуда ғам надеҳ. Барои дар донишгоҳ дохил шудан пулу мол даркор. Мо ҳеҷ чиз надорем. Ҳатто шикамҳоямонро сер карда наметавонем. Дар донишгоҳ ягон «таға» ҳам надорӣ, ки ба ту кӯмак кунад. Ту чӣ хел ба донишгоҳ дохил мешавӣ-ҳа? Фарз кардем, ки ту дохил шудӣ, лекин чӣ гуна он ҷо мехонӣ. Барои хондан ҳам маблағ лозим.
-Очаҷон, ман бояд таҳсил кунам. Ба ҷойи ин қашшоқиву қамбағалиамон рӯзгори хуберо ба сар биёрам. Ин орзуро аз рӯзи марги падарам то имрӯз дар дил мепарварам. Агар дохил нашавам, ин қашшоқӣ, ин бозор, ин гуруснагиву ин ғаму андуҳ домани моро ҳеҷ гоҳ сар намедиҳад......
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21:00 ИНТИЗОР БОШЕД!