Бунёди эстакадаи дусатҳа дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон , воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ дар назар дошта шудааст.
Аз рӯи нақшаи шаҳрдорӣ давоми чанд соли оянда сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ таҳрезӣ шуда, онҳо дар буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул, дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.
Муҳаммадюсуф Раҳимзода, сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» дар суҳбат гуфтааст, ки бунёди роҳҳои дусатҳа барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Инчунин дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.
«Ҳадафи асосии «Азнавсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯпруки болои дарёи Душанбе» – кам намудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад», -иброз дошт Муҳаммадюсуф Раҳимзода.
Мавсуф иброз дошт, ки дар оянда ба самти дарёи Душанбе навсозии хиёбони С. Шерозӣ (васеъкунии бистари роҳ, ивази рӯйпӯш, сохти новаҳо, хати сабзазор ва ғайра) бо дароз намудани гузаргоҳи зеризаминӣ ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои раҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд.
Ҳамзамон «Азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи А. Қаҳҳоров то кӯчаи С. Айнӣ» низ ба кам шудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони С.Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайвастшаванда мусоидат менамояд.
«Бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон навсозии пули роҳи оҳани болои роҳ (железнодорожный путепровод), аз ҷумла баланду васеъ намудани фазои зери пул, сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ ва нақб дар мавзеи Майдони Ғалаба ба инобат гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои раҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд», -гуфт сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе».
Дар оянда пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кучаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км, масоҳати умумии 733 ҳазору 22 м2 дар назар аст, хабар додааст Ховар.