arzon replenishment
Бунафша Муқимова: Оила барои ман муқаддас аст!
05.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1546

Бунафша Муқимова 21-уми апрели соли 1977 дар шаҳри Кӯлоб, дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Ҳанӯз замони дар синфи чаҳорум таҳсил кардан ба сурудхонӣ шуруъ мекунад.

Пас аз хатми мактаби миёнаи №5-и шаҳри Кӯлоб ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 1 дохил гардид.

Баъд аз хатми мактаби мусиқӣ, Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматуллоҳ Қурбонов ва баъдан бахши ғоибонаи факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлобро хатм намуд. Аз соли 2003 дар ансамбли "Дарё" ҳамчун овозхон ба фаъолият сар кард.

Журналисте боре дар борааш навишт: "Ӯ ҳаргиз пайи мӯд надавида, пироҳани зебои тоҷикиро ба либосҳои замонавии хориҷӣ иваз накардааст. Натанҳо фарҳанги ҳунару санъатро риоя мекунад, балки ба фарҳанги либоспӯшию суханварӣ низ эҳтиром мегузорад".

Соли 2010, вақте оиладор шуд, саҳнаро тарк намуд. Дертар баргашт. Журналистон сабаби як муддат тарк кардани саҳнаро аз ӯ пурсиданд. Посух дод: "Оилаи ман ин хоҳишро надошт. Сабаби дубора ба саҳна баргаштанам итоаткорию муқаддас донистани оила буд. Чун шавҳарам фаҳмиданд, ки оила бароям арзиш дорад, боварӣ карданд ва дубора иҷозати кор доданд. Бо даъвати устодон хушбахтона имрўз дар дастаи "Фалак"-и ба номи устод Одина Ҳошими Филармонияи давлатии Тоҷикистон кору фаъолият дорам. Ҳамзамон дар мактаби мусиқии бачагонаи санъати махсуси ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоеви шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор кор мекунам".

Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД