ДАВОМАШ...
Паст
Комёр оҳиста-оҳиста занро ба ғуломи худ табдил дода, ўро паст мезад ва худро баланд мегирифт:
-Гўш кун, ту бояд аз ман ҳамеша миннатдор бошӣ, ман туро аз инвалидхонаат берун кашидам. Дунёятро дигар кардам, ту бояд ба ман ҳама пулу моли доштаатро бидиҳӣ,- мегуфт бо табассуми хунук дандонҳои зардашро нишон дода.
Моҳлиқои нозанин низ кӯшиш мекард ба «хизмат»-ҳои марди дилаш, ки акнун хеле дўсташ медошт, «ҷавоб» диҳад. Аммо барои Комёри носерам ин ҳама кам буду ҳамеша зиёд талаб мекард:
-Эҳа, ин чӣ? Маро як зани мансабдор дўст медошт ва бароям он қадар тўҳфаҳо мегирифт, ки… Аммо ман писандаш намекардам,- дурўғ мегуфт ў.
Оҳиста –оҳиста аз зан пул мегирифтагӣ шуд ва Моҳлиқо ҳам ҳама тофту ёфташро нисори ў мекард. Китобдорак, ўро паст мезад Комёр… Бечораи Моҳлиқо гумон дошт, ки дар ҳақиқат ба ошиқи ў занони зиёде таваҷҷўҳ доранд, аммо ин хел набуд…
Оҳиста-оҳиста Моҳлиқо дигар ба Комёр пул намедодагӣ шуд, зеро фаҳмид, ки мард ба ў не, ба пулу мол ва хонаву дари шавҳари ў бештар майл дораду ҳангоми сўҳбат ҳам дар бори чӣ доштану надоштан, чӣ қадар пул ёфтани худи ў гап бештар буд. Ин саркашии «ғулом» марди пастро ба қаҳр меовард. Ў ҷойи нозуки Моҳлиқоро медонист ва барои рашки ўро овардан ҳар гуна афсонаҳо мебофту занро ба дараҷаи девонагӣ расонида, баъд ўро мезад ҳақоратҳои болохонадораш мекард.
Баъдҳо Моҳлиқо низ ҷавоби ҳақоратҳояшро медоду акнун онҳо ба сагу пишак табдил ёфта буданд.
Косаи давр
Баъди як ҷанҷоли дигари дар пояи рашк ба вуҷуд омада онҳо ҷанҷоли сахте карданду Комёр барои тарсонидани Моҳлиқо гуфт, ки аз ў меравад. Зан бо гиряву зорӣ аз ў хоҳиш мекард, ки танҳояш нагузорад ва Комёро то метавонист ўро паст мезад…
-Ту кӣ ҳастӣ, чӣ ин қадар ба ман часпидаӣ? Гум шав аз зиндагии ман, ту бояд ба ҳама чиз тоқат намоӣ, зеро бо хушрӯтарин марди дунё муносибат дорӣ! Ту беваи ҷодугар, гумон кардӣ ман шавҳари инвалидат ҳастам ва нозҳоятро мебардорам? Ту ҳоло намедонӣ Комёр кӣ ҳаст, эҳе… чӣ қадар занҳо аз қафоям мегарданду ман ба хотири ту ба ишқи онҳо ҷавоб намедодам. Комёр ҳақоратҳои қабеҳи зиёде карда, баъд шартҳои худро гузошт, ки Моҳлиқо бояд чӣ кор кунад. Ин махлуқи худхоҳ гумон дошт, ки зан акнун вобастаи ў гаштаву дигар ҳеҷ куҷо намеравад, вале Моҳлиқо рафт дар лаб як дуо:
-Ба таҳқири Худои бузург гирифтор шавӣ!!!
Ва ин дуои зани озурдадил Комёри бодичаро гирифт, ў баъди садамаи автомобилӣ маъюб шуд ва ба зану фарзандонаш нодаркор…
Зани сарпасту порсояш рўзҳо бо вай гап намезад, кор мерафту меомад, чӣ кор мекард, Комёр намедонист. Духтараш аз шавҳарш ҷудо шуда, ба хона багашту ҳамроҳи модараш ба кор даромада, падарашро умуман писанд намекард, писараш ба Русия рафта, дигар барнагашт.
Комёр медонист, ки ин ҳамон косаи пурзаҳри давр аст, ки Худо ба ба дасташ дода, Худо дуои зани гумроҳи ба таҳқири як пасти бенасаб гирифторро шунид ва Комёрро ба таҳқираш гирифтор намуд…
АНҶОМ!