arzon replenishment
БУЛҲАВАСРО ХУДО ЗАД
14.05.2021
Оила
3961

Булҳавасро Худо зад

...Комёр ҳар бегоҳ дер аз кор мебаромад ва бисёр вақт чашмаш ба ҷавонзани қоматбаланди зебое меафтод, ки марди маъюберо назди гулгашти пеши корхонаи онҳо дар аробача сайру гашт медиҳад. Ҷавонзан ниҳоят зебо буд, қомати баланду мӯйҳои марғула, табассуми ҳузномези даври лабонаш ӯро ба ким кадом актрисаи машҳур монанд мекарданд. Дили булҳавасу носерами Комёр аз дидани ин зебоӣ гум мезад ва чашмаш ба дидани ин манзара одат карда буд. Агар рӯзе занро бо марди маъюб набинад, чизе гум кардагӣ барин зиқу саргаранг мегашт...

Нозияи Кароматулло орзуи деринаи падарашро амалӣ кард

...Аз ҳамин ҷост, ки дар эҷодиёти Нозия сурудҳои ҳиндӣ кам нестанд ва ҳаводоронаш низ дар Ҳиндустон зиёданд. Нозия соли 2014 ба шавҳар баромада, чанд муддат аз саҳна дур ва ба тарбияи фарзандонаш машғул буд. Феълан ӯ се фарзанд, ду духтару як писар дорад. Дар зимн, санаи 5-уми майи соли равон дар саҳни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб аз рӯйи нимпайкараи овозхони зиндаёд Кароматуллои Қурбон (1961-1992) бардошта шуд...

Ба занам бовар дорам, вале...

...Ин дам овози мо ё садои пӯшида шудани дарвозаро шунида, ҳамсарам ба берун баромад. Табъи ӯ хеле болида буд. Мешукуфт. Чизе нагуфта, ба хона даромадам. Дастурхон густурдаву усто наҳорӣ мекард. Ҳамсарам пеш аз оғози кор барои усто ношто тайёр кардааст. Вале чаро дар хона? Охир, аллакай ҳаво гарм шудааст. Дар болои кат ҷой ҳаст-ку! Чизе нагуфтам. Аммо кирми рашк диламро мехӯрд. Ба усто баъзе фармоишҳо додаму ба кор рафтам. Дилам орому қарор гум карда буд. Дастам ба коре намерафт. Нисфирӯзӣ ба хона омадам...

Зебосанамҳои Тоҷикистон: Нигина зебост ё Нодира?

...Расонаҳои хориҷӣ одате доранд, ки ҳамасола рӯйхати зеботарин, ҷаззобтарин, гаронарзиштарин ва доротарин ситораҳоро нашр мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад, ин одат ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромадааст ва ба ҳамин хотир, то кунун мо намедонем, ки кадоме аз ситораҳои санъати тоҷик зеботарину доротарин ва ҷаззобтарину гаронарзиштаринанд. Ҳафтаномаи “Оила” рӯйхати зеботарин ситораҳои тоҷикро, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марз низ маҳбубу машҳуранд, омода намуд...

Туро намебахшам, Ансор!

...Оилаи шавҳараш одамони обрӯманде буданд. Ҳама соҳиби маълумотӣ олӣ, дар миёнашон танҳо Алия нохонда буду халос. Шавҳараш фарзанди аз ҳама хурдии оила ва ба қавле эркачаи ҳамагон буд. Азбаски Алия эҳтироми Ансорро нисбати занҳо зиёд дида буд, шавҳараш дар чашмаш занмиҷозу беақл менамуд. Ӯ субҳ аз хона бо дӯстонаш мебаромаду шабона ӯро дар ҳолате ба хона меоварданд, ки ба пояш рост истода наметавонист. Алия ба либоси қимматбаҳои шавҳараш, ки аз шавқи занҳои кӯчагӣ ба сару рӯяш нигариста намешуд, нигоҳ карда, ба ёди Ансор меафтод, ки либоси танаш қимматбаҳо набуд...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 18-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 12-уми майи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед?

Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед.Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД