Дар тасдиқи сухани Шариф аз чанд ҷойи қитъаи замин садои хандаи ҷавонону духтарон ба гӯши Бек расид.
-Э, Шариф, ӯро ба ҳоли худ гузор,-ба суҳбат Иброҳим ҳамроҳ шуд.-Ӯ куҷою ишқу ошиқӣ куҷо. Бек ҳоло кӯдак аст. Ба қавли бобои Гурез ҳоло напухтааст. Шариф, ту бигӯй, ки Бек дасти духтареро қапидааст? - савол дод Иброҳим ва худаш ҷавоб дод: - Не! Ё аққалан аз рухсораи духтаре бӯсае бардоштааст? Не! Рав, рав! Пахтачиниатро давом деҳ! Нақшаи хоҷагӣ ба зиммаи ту барин фидоиёни меҳнат бор аст.
Бек хомӯшона аз онҳо дур шуд. Хандаи истеҳзоомези онҳо ба ӯ сахт расида бошад ҳам, бо тамоми вуҷуд дарк менамуд, ки гапашон ҳақ аст. Дар асл дар синфи даҳум хонад ҳам, то ҳол духтареро таги чашм накардааст. Ба хотир овард, ки ҳар пагоҳӣ Холдона бо баҳонаи иҷро накардани вазифаи хонагӣ китоби алгебраи Раҳимро гирифта, пас аз якчанд бор варақ задан пас мегардонад. Раҳим саросема китобро кушода, мактуби чорқаткардаро чанг зада, шитобон ба берун медавад.
Шарикдарсаш Шералӣ бошад, дар танаффуси калон ӯро ба ҷону ҳолаш намонда, ба лаби ҷӯй кашола карда мебарад. Ӯ мебинад, ки Ҳанифа дар каҷгардии ҷӯй варақеро заврақ намуда, ба об сар медиҳад ва Шералӣ то ба назди онҳо шинокунон омадани заврақи ишқ чӣ қадар бетоқатӣ зоҳир менамояд. Баробари гирифтани пайғом Шералӣ тамоман тағйир ёфта, ба ҷавони хандонрӯйе табдил меёбад.
Ӯ киро дӯст медорад? Не, не, кӣ ба вай маъқул аст? Аниқтараш киро таги чашм кардааст? Ба ин саволҳо ҷавоб дода натавониста, Бек як муддат аз чиниши пахта даст кашид. Қоматашро рост кард ва ба атроф чашм давонд. Дар қитъаи калон ҳар ҷо - ҳар ҷо ҷуфт - ҷуфт ҷавонону духтарон бо ҳам суҳбат доштанд. Пас, Иброҳим рост мегуфтааст. Ӯ кӯдак набошад, чаро доимо танҳо мегардад? Саволҳои худ ба худ пайдо шударо такрор намуда, номҳои духтаронро бо навбат ба хотир овард. Маҳина? Не, ба вай Алӣ часпидагӣ. Нигина? Э, вай маъшуқаи Бурҳон мебошад-ку. Не, аз синфи худашон ӯ касеро хуш намекунад. Чунки онҳо бо ҳам акаву хоҳаранд. Аз синфи нуҳум чӣ? Духтарони синфи нуҳум ба ӯ маъқул нестанд. Ҷинсҳои латифи синфи ҳаштум чӣ? Кадомаш? Мастона! Ана, Мастона гапи дигар. Дугонаи хоҳарам. Ҳавлиашон аз хонаи онҳо саҳл болотар ҷойгир аст. Ҳар пагоҳӣ ҳангоми ба мактаб рафтан бисёр вақтҳо паҳлуи ҳам ба дарс мераванд. Мастона баъзе рӯзҳо ба хонаи онҳо назди Салима меояд ва гоҳ - гоҳе дуздида - дуздида ба ӯ нигоҳи чашмони шӯху шаҳлояшро равона мекунад. Аз тарафи дигар на дар мактабу на дар маъракаи пахтачинӣ Мастонаро бо ягон ҷавонписар ҳамроҳ надидааст. Пас, Мастона озод мебошад ва ӯ метавонад риштаи муҳаббаташро бо ин дилбари хушандому зебочеҳра бандад.
Бек қатъӣ қарор дод, ки бо ҳар воситае набошад, бо Мастона вохӯрда, изҳори ишқу муҳаббат намояд. Ва агар ин амалаш ба ӯ муяссар нагардад, он гоҳ аз хизмати хоҳараш Салима истифода барад…
х х х
Торикӣ оҳиста мефаромад. Ба куҷо равад? Ба хона! Не! Он ҷо мумкин, ки Аслиддин ӯро кофта гаштааст. Эҳ, худое! Аълочӣ, сардори синф, иштирокчии фаъоли чорабиниҳои мактабӣ, мухбири ҷамъиятии рӯзномаи ноҳиявӣ, вале беақлтарин хонандаи синфи даҳум. Пагоҳ дар деҳа овоза паҳн мешавад. Писари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бек Қудусов ба аъмоли носавоб даст задаст. Тамоми хонандагони мактаб бо ангушти ишоратӣ ӯро нишон дода, бо таънаю истеҳзо масхара мекунанд. Бачаҳо вобаста ба ин ҳодиса мумкин, ки ба ӯ лақаб ҳам тайёр карда бошанд. Зеро онҳо дар лақабгузорӣ устухон надоранд.
Мастонаи бечора чӣ? Аз шарму ҳаё сарашро ба куҷо мезанад? Ё хонданро тарк карда, дигар ба мактаб наравад? Акнун мани бефаросат ба рӯи духтар чӣ хел нигоҳ мекунам?
Ёфтам! Ба хонаи холаам, ба деҳаи Зарбдор меравам. Агар холаам Бону пурсад, ки барои чӣ омадӣ? Хабаргирӣ омадам мегӯям. Дар айни долу зарби кор? Ягон баҳона пеш меорам. Кадом баҳона? Сараш ба дард даромад. Ӯ бо ҳар ду дасташ сарашро сахт зер карда, қомат бардошт. Чун маст калавида - калавида ба роҳ даромад.
Давом дорад