35 years of independency
Бразилия бори 16-ум қаҳрамони волейболи Амрикои Ҷанубӣ шуд
16.09.2026
Oila.tj
60

Мунтахаби занонаи волейболи Бразилия дар чемпионати Амрикои Ҷанубӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дар бозии ниҳоӣ бразилиягиҳо мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби 3:0 (26:24, 25:19, 25:16) мағлуб карданд.

Ин 16-умин унвони пайиҳам барои Бразилия дар чемпионати Амрикои Ҷанубӣ мебошад. Ғайр аз ин, пирӯзӣ ба мунтахаби Бразилия роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелесро дарёфт кард. Бразилия шашумин мунтахабест, ки то имрӯз иштироки худро дар Олимпиадаи соли 2028 таъмин кардааст. ИМА ҳамчун кишвари мизбон ва Канада, Тайланд, Миср ва Туркия низ роҳхат гирифтаанд. Шаш роҳхати боқимонда баъдан муайян мешаванд: се роҳхат аз рӯйи натиҷаҳои Чемпионати ҷаҳон-2027 ва се роҳхати дигар бар асоси рейтинги ҷаҳонӣ тақсим хоҳанд шуд.

Бозиҳои тобистонаи олимпии Лос-Анҷелес-2028 аз 14 то 30-юми июл баргузор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД