Маҳсулоти лозима:
2 банани пухта, 200 г шакар, 130 г равғани маска, 1 қошуқҷча ванилин, 95 г орд, 40 г хокаи какао.
Тарзи таҳия:
Тафдонро ба ҳарорати 180° дараҷа тасфонед. Бананро дар дохили зарф лат зада, ба он шакар, 115 г равғани маска, ванилин илова карда, то яклухт шуданаш лат занед. Ба хамир орду намак ва хокаи какао илова карда, лат занед. 1 қошуқ равғани маскаро ба қолаби тортпазӣ молида, ба даруни қолаб хокаи какао пошед. Хамирро ба қолаби омодашуда рехта, муддати 25-30 дақиқа пазед.