Formula september
Бозии “Равшан” муқобили “Ал-Вақра” бо пироҳани сурху сафед
01.10.2024
ОИЛА.ТҶ
338

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои 2-и Осиё миёни дастаҳои "Равшан" ва "Ал-Вақра"-и Қатар баргузор гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Равшан» ва «Ал-Вақра» ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуд.

Мизбонони рақобат - футболбозони «Равшан» бо пироҳанҳои сурху сафед ва дастаи меҳмон - «Ал-Вақра» бо либосҳои зарду сабз ба майдон мебароянд.

Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2024/25 миёни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал-Вақра»-и Қатар пагоҳ, 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00 ба вақти Душанбе аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД