Имрӯз, 22-юми апрел Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии “Ҷоми Осиё-2024” дар чаҳоргонаи «С» бо дастаи Тайланд қувваозмоӣ хоҳад кард.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Бозӣ шоми 22-юми апрел, соати 20:30 дақиқа (бо вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и Давҳа баргузор хоҳад гашт.
Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии аввалин дар марҳилаи гурӯҳии “Ҷоми Осиё-2024” аз ғолиби феълии мусобиқоти “Ҷоми Осиё” - тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд. Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ низ футболбозони мо дар бозӣ бо тими мунтахаби Ироқ мағлуб шуданд.
Умедворем, ки ин навбат бахт ба рӯйи футболбозони тоҷик хандида, дар мусобиқа бо дастаи олимпии Тайланд ғолиб меоянд.