Мақомоти милитсияи вилояти Суғд занеро барои озору шиканҷаи як кӯдаки 2-сола боздошт кардаанд.
Ин зан сокини 47-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, тифлеро, ки доягӣ мекардааст, наздики се моҳ мавриди латукӯби шадид қарор додааст. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
“Модари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, тибқи маслиҳат бояд ба доя ҳар моҳ 15 ҳазор рубли русӣ мефиристод”,- омадааст дар гузориш.
Кормандони мақомоти милитсия тифлро бо дастони баста дар хонаи ин зан ёфтаанд. Худи зан дар гузориши РВКД дар вилояти Суғд иқрор мешавад, ки кӯдакро латукӯб мекард.
Айни замон нисбати ин зан барои азобу уқубат нисбати ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 3 то 7 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.